Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замоне шоҳу замоне фирорӣ. Interpol Қаззофиро меҷӯяд


Муаммар ҚАЗЗОФӢ
Муаммар ҚАЗЗОФӢ

Пулиси байнулмилалӣ қарори боздошту таслими Қаззофӣ ва писараш Сайфулисломро содир кард.

Ҳамчунин раҳбари Хадамоти кашфи ҳукумати Қаззофӣ -- Абдуллоҳ Сенуссӣ низ мавриди пайгарди байнулмилалӣ қарор дорад. Пулиси байналмилалӣ ё Интерпол мегӯяд, аз 188 давлати узваш дархост кардааст, то дар боздошт ва таслими ин се нафар ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ мусоидат кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамоно ҳеҷ иттилои дақиқ дар бораи махфигоҳи Муаммар Қаззофӣ дар даст нест. Дар як муроҷиати садоӣ (аудиоӣ), ки тавассути як телевизиони воқеъ дар Сурия пахш шуд, Қаззофӣ гумонҳоро дар мавриди панаҳ бурдани ӯ дар кишвари Нигер рад кард.

Интерпол ҚАЗЗОФӢ ва писараш САЙФУЛИСЛОМро меҷӯяд...
Гузашта аз ин, рӯёрӯии миёни тарафдорон ва мухолифони раҳбари сарнагуншудаи Либия идома дорад. Шоми ҷумъа (сентябр) пеш аз он ки мӯҳлати таслим шудан барои нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ба поён бирасад, нерӯҳои Шӯрои миллии гузори Либия вориди шаҳри Бани Валид шуда даргирӣ оғоз ёфтааст. Онҳо ҳамзамон ба шаҳри Сирт, зодгоҳи Қаззофӣ низ ҳамла кардаанд.

Пештар Шӯрои милии гузори Либия ба нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, ки дар шаҳрҳои Сирт ва Бани Валид ҳузур доранд, фурсат дода буд, то худро таслим карда ва мавриди афв қарор бигиранд.

Яке аз сухангӯёи Шӯрои милли гузори Либия дар Бани Валид ба шабакаи “Алҷазира” гуфтааст, “фикр мекунам, хеле наздик шудаем ва умедворем шарҳрро бидуни ҷанг пештар тасарруф кунем. Мо аз се нуқта -- шарқу шимолу ҷануб ворид шудаем. Мӯҳлат барои таслим шудан ба поён расидааст. Нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ худашон ба ин фурсат хотима доданд.”

Муаммар Қаззофии 68-сола дар синни 28-солагӣ бо гурӯҳе аз афсарон дар як табадуллоти давлатӣ шоҳи Либия Идриси аввалро барканор кард ва қудратро ба даст гирифт. Вай наздики 42 сол раҳбарии Либияро ба ӯҳда дошт, вале ахиран ба эътирози мухолифонаш рӯ ба рӯ омад.

Аммо ӯ бар хилофи раҳбарони пешини Тунис ва Миср, ки ахирӣ ҳоло дар додгоҳ посух мегӯяд, ба мухолифонаш ва ҳамин тавр ба нерӯҳои НАТО "тан надод" ва гуфт, ки то лаҳзаи охир хоҳад ҷангид.

XS
SM
MD
LG