Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро пахши садои Юлдуз дар Узбакистон манъ шудааст


Ситораи мусиқии рӯзи Узбакистон, Юлдуз Усмонова.

Ситораи мусиқии рӯзи Узбакистон, Юлдуз Усмонова.

Тарона дар ситоиши раҳбар барои овозхон “толеъ” меорад, аммо тарона дар мадҳи дигарон – шикасту инзиво.

Овозхони маъруфи узбак Абдулазиз Карим тасмим гирифтааст, ки ба нишони эътироз алайҳи манъи пахши таронаҳояш Узбакистонро тарк намояд.

Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт,
Мехоҳанд, ки ин раванди иншои таронаҳои ситоишӣ дар бораи афроди алоҳидаро аз беху бун канда ва овозхонҳоро маҷбур созанд, ки дар мавзӯъи барои худи онҳо маъқул тарона хонанд...

муддатест таронаҳояш аз тариқи телевизион ва радиоҳои кишвараш пахш намешаванд, баргузории консерт барояш тақрибан ғайримумкин шудааст ва мақомот ӯро ба маҳфилу ҷашнҳо низ даъват намекунанд.

Абдулазиз Карим мутмаин аст, ки таронааш дар ситоиши сармоядори узбак Салим Абдувалиев, маъруф ба Салим-бойбача, боис ба хашми мақомоти Узбакистон шудааст.

Алишер Сиддиқов, раиси бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, "ҳоло дар
Алишер СИДДИҚОВ
Тошканд дастовез бурдани тарона ба ҳукми анъана даромадааст. Ҷавонон ба студияҳо рафта, таронаҳоро сабт мекунанд ва барои дӯстонашон тӯҳфа мебаранд. Ба назар мерасад, ки аз ин гуна дастовезҳо афроди сарватмандро ҳам хушашон меояд. Аммо ҳоло давраеаст, ки нашри иттилоот осон шудааст ва ҳар сабтро метавон ба осонӣ аз тариқи Youtube ё аз тариқи телефонҳои ҳамроҳ пахш кард. Ин барои мақомоти Тошканд хушоянд нест, аз ин рӯ мехоҳанд, ки ин раванди иншои таронаҳои ситоишӣ дар бораи афроди алоҳидаро аз беху бун канда ва овозхонҳоро маҷбур созанд, ки дар мавзӯи барои худи онҳо мақбул тарона сароянд."

Мансабдорони узбак овозхонҳоро барои васфи Юртбошӣ, яъне раисиҷумҳур Ислом Каримов, талқин мекунанд. Вале дар таронаҳо дар ситоиши сарвари кишвар аз ӯ ном намебаранд, фақат ишора мешавад, ки зери раҳбарии Юртбошӣ Узбакистон ба қуллаҳои бузург расида, ба "ҷаннати рӯи замин" табдил шудааст.

Ислом КАРИМОВ, раисиҷумҳури Узбакистон ва Ал БАНО, овозхони итолиёӣ
Ба гуфтаи Алишер Сиддиқов, ҳунармандон ба хотири дарёфти маблағ ҳатто дар бораи ширкату созмонҳо ҳам таронаҳои ситоишӣ эҷод мекунанд. Аз ин пеш овозхони шинохта Оралмирзо Сафаров барои як тарона дар бораи ширкати Zeromax, ширкате, ки чанд сол қабл бахшҳои гуногуни иқтисоди Узбакистонро таҳти назорат дошт, ва дар васфи раиси ин ширкат Миродил Ҷалолов аз марҳамати ҳукуматдорон бениёз монд.

Пахши таронаҳои дигар овозхони маъруфи узбак Юлдуз Усмонова аз тариқи радио ва телевизионҳои Узбакистон чанд сол боз қатъ шудааст. Ӯро ба консертҳои ҳукуматӣ ва ҷашну маҳфилҳои расмӣ ҳам даъват намекунанд.



Сабаби яку якбора дасти марҳамат аз сари овозхони машҳур бардоштани Ислом Каримов ин аст, ки чанд сол пеш Юлдуз Усмонова бидуни иҷозаи мақомоти кишвар дар консерте дар Ашқобод раҳбари вақти Туркманистон Сафармурод Ниёзовро васф кард. Айни ҳол Юлдуз Усмонова фақат дар сурҳои арӯсӣ ва маҳфилҳои хусусӣ ҳунарнамоӣ мекунад ва консертҳояш фақат дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Алишер Сиддиқов мегӯяд, дар Узбакистон дар консертҳои ҳукуматӣ
Абдулазиз КАРИМОВ, овозхони узбак

ва маҳфилҳои расмӣ бо ширкати раисиҷумҳур фақат овозхонҳои “наздик ба дарбор” ҳунарнамоӣ мекунанд. Таври маъмул, дар поёни ин гуна консертҳо Ислом Каримов вориди саҳна шуда, яке аз овозхонҳоро оғӯш мекунад ва аз ин ҳамагон рамуз мегиранд, ки имсол овозхони дӯстдоштаи сарвари кишвар кист.

Дар зимн, дар бархе аз ин консертҳо Ислом Каримов чанд лаҳза зери мусиқӣ мерақсад ва намоиш медиҳад, ки ҳанӯз нерӯву тавони кофӣ дорад. Феълан дар Узбакистон пахши ҳама гуна таронаҳои эътирозӣ, мусиқии рок, ки онро “мусиқии шаётин” унвон кардаанд ва қисман рэп мамнӯъ эълон шудааст. Акнун фақат рэпсароҳое ҳаққи вориди саҳна шудан доранд, ки таронаҳои ватандӯстона мехонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG