Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ сол баъд аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябр


Рӯзи 11 сентябр аз ҳамлаҳои террористӣ алайҳи шаҳрҳои ИМА, ки беш аз 3000 кушта ба ҷо гузошт, 10 сол пур шуд.

БАРАК ОБАМА, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, дар паёми ҳафтаинаи родиёии худ изҳор намуд, ки кишвараш бо гузашти даҳ сол аз ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 нерӯмандтар шудааст ва бо вуҷуди таҳдидҳои амниятӣ ба пеш ҳаракат мекунад.

Ӯ афзуд, тавассути талошҳои низомиён, хадамоти кашф ва мақомоти ҳифзи тартиботи Амрико созмони "Ал-Қоида" торафт заифтар мешавад ва онро шикасти ногузир интизор аст.

"Имрӯз Амрико нерӯмандтар шуда, аммо "Ал-Қоида" дар остонаи шикаст қарор дорад. Мо ба "Ал-Қоида" аз пештара дида шадидтар муқовимат мекунем. Теъдоди фармондеҳони бонуфузи "Ал-Қоида", ки дар дувуним соли ахир кушта шудаанд, назар ба ҳама давраи баъд аз ҳамлаҳои 11 сентябр бештар аст. Ва тавассути ҷасорату амалҳои бонизоми нерӯҳоямон мо, дар ниҳояти кор, ба муҷозоти одилонаи Усома бин Лодин муваффақ шудем",-афзуд ӯ.

Барак ОБАМА, раисиҷумҳури Амрико
Изҳороти Обама дар ҳоле нашр шуд, ки дар шаҳрҳои Вашингтон ва Ню-Йорк баъд аз хабари имкони ҳамлаи террористии нави шабакаи "Ал-Қоида" дар рӯзи даҳумин солгарди ҳамла ба ин ду шаҳри бузурги Амрико чораҳои амниятӣ ташдид бахшида шуданд.

Даҳ сол пеш, 11 сентябри соли 2001, бар асари ба биноҳои Созмони ҷаҳони тиҷорат дар Ню-Йорк ва бинои Пентагон дар Вашингтон равона кардани ҳавопаймоҳои рабудашуда ва ҳамчунин инфиҷори ҳавопаймои сеюм дар аёлати Пенсилвания тақрибан 3 ҳазор нафар ба ҳалокат расида буданд. Мақомоти ИМА дар ин ҳамлаҳо шабакаи "Ал-Қоида"-ро муттаҳам мехонанд.

Ҳамлаҳои 11 сентябр дар Амрико
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00


Ҳамлаҳои 11 сентябр ва амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор, ки ба дунболаш дар Афғонистон оғоз ёфт ва инак 10 сол боз идома дорад, харитаи геополитикии Осиёи Марказиро дигар кард ва дар канори Русия, ки тақрибан ду аср дар ин қаламрав яккатоз буд, ба ҳузури Амрикову Ғарб ва баъдан Чин роҳ кушод.

Душанбе, ки дар даҳаи 90 аз хатти кашидаи Маскав тақрибан берун намешуд, бо касби имтиёзҳои бештари ҳамкорӣ дар баҳои кӯмакаш ба эътилофи зиддитеррор тавонист ба мустақилияти хеле бештаре аз Маскав, бахусус дар таъйини хатти машши сиёсати хориҷиаш ноил шавад.

Рашид Ғанӣ АБДУЛЛО, таҳлилгари умури сиёсӣ дар Тоҷикистон
Аммо аз сӯи дигар, дар маҳофил мегӯянд, Ғарб дар баҳои кӯмаку мусоидати кишварҳои Осиёи Марказӣ ба амалиёташ дар Афғонистон аз масоили доғе, чун мурооти ҳуқуқи башар ва арзишҳои демократӣ аз сӯи ҳокимони ин минтақа асосан чашм пӯшид ва ба сурати ғайримустақим ба тамдиди замони раёсати ин ҳокимони худкома мусоидат кард.

Режимҳои маҳаллӣ низ, ба бовари аксар, бо фаҳми афзоиши аҳамияти ёриҳои худ ба Ғарб дар амалиёти Афғонистон дар паси пардаи мубориза бо террору тундгароии мазҳабӣ мухолифини сиёсии худро саркӯб карданд.

Сабақҳои 11 сентябр барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа барои Тоҷикистонро дар як гуфтугӯ бо таҳлилгари тоҷик РАШИД ҒАНӢ АБДУЛЛО дар миён гузоштем.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
Линки мустақим


XS
SM
MD
LG