Пайвандҳои дастрасӣ

Ихроҷи хабарнигори тоҷик аз қаламрави Узбакистон


Ҳомид Отахонов дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе, 5 сентябр

Ҳомид Отахонов дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе, 5 сентябр

Ҳомид Отахонов, хабарнигори тоҷик бо ҳукми додситони вилояти Бухоро аз Узбакистон ихроҷ шудааст.

Созмонҳои хабарнигорӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи инсон мегӯянд, ин нақзи ошкори ҳуқуқи инсон ва журналист дар Узбакистон аст.

Мӯҳри додстонии Бухоро аз таърихи 20 август дар шиносономаи тоҷикии Ҳомид Отахонов, журналист ва шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз соли 2003 ба ин сӯ дар қаламрави Узбакистон ба сар мебурд, далели ихроҷи ӯ аз қаламрави он кишвар аст. Ӯ мегӯяд, ки баъди судури қарори додситонӣ, бидуни он ки фурсати худоҳофизӣ бо пайвандонашро дошта бошад, тавассути нерӯҳои амниятии Узбакистон радди марз шудааст.

Дар ҳоле ки барои ин кор бар асоси қонун панҷ рӯз фурсат дошт. Ба гуфтаи ҷаноби Отахонов далели радди марз шуданаш, иттиҳоми барангехтани адовати миллӣ ва фаъолият дар ҳаракати зистмуҳитӣ будааст. Ҳомид Отахонов мегӯяд: "Бо ҳузури ду корманди Вазорати умури дохилии Узбакистон маро ба назди додситон бурданд. Дар он ҷо додситон ба ман гуфт, ки шумо масъалаҳои муқобилгузории тоҷику узбакҳоро бардошта истодаед. Далелаш ду нома мегӯянд, яъне ду сокини Бухоро аз болои ман ба Хадамоти амнияти миллии Узбакистон нома навиштаанд, ки Отахонов ҳамин корҳоро мекунад, тоҷикҳову узбакҳоро муқобил мегузорад."

Отахонов мегӯяд, ки дар Узбакистон ба фаъолияти сиёсӣ даст назадааст ва роҷеъ ба масоили баҳсноки миёни ду кишвар низ ягон маводе мунташир накардааст, ки боиси норизоятии мақомоти Узбакистон бошад ва ё ҳам дар муддати дар Узбакистон фаъолият доштанаш ба ягон рӯзномаи Тоҷикистон низ ҳамкорӣ надоштааст ва хабаре ҳам аз он ҷо ба матбуоти Тоҷикистон мухобира накардааст. Ба ақидаи ӯ, гуноҳаш танҳо тоҷик буданаш аст, ки мақомоти тоҷикбадбини Узбакистон онро барои ихроҷ кофӣ медонанд.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон чунин иқдоми мақомоти Узбакистонро муғоир ба меъёрҳои байналмилалӣ медонад ва мегӯяд, ҳуқуқи ҷаноби Отахонов нақз шудааст, хоса, ки ба ӯ иҷозаи худоҳофизӣ бо хонаводааш дода нашудааст. Ба гуфтаи оқои Қаршибоев ин нахустин мавриди чунин бархӯрд бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Узбакистон нест. Ва коре, ки созмонҳои журналистии Тоҷикистон метавонанд анҷом диҳанд, ҳимоят аз ҳамкасби худ аст, ки дар шаҳри Душанбе манзили зист ҳам надорад. Ва бо кӯмаки ҳамкорони худ соҳиби ҷои муваққати иҷомат шудааст. Оқои Қаршабиев мегӯяд: "Ҳомид Отахонов ҳамкасби мост ва мо ҳамаи талошро барои ба кор таъмин кардани ӯ мекунем. Вале як чизи дигар бояд таъкид шавад, мақомоти кишвари ҳамсоя на танҳо бояд нисбат ба як журналист дар масъалаи рафту омад ва буду бош, балки бояд нисбати ҳамаи шаҳрвандон аз эҳтироми қонун кор бигиранд ва бархӯрди қонунӣ дошта бошанд."

Созмонҳои журналистӣ дар ҳоле аз ҳуқуқи ин ҳампешаи худ ба дифоъ бархостаанд, ки мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин маврид ва қабл аз он ҳам дар мавридҳои мушобеҳ назари худро роҷеъ ба ин гуна иттифоқот иброз накардаанд.

Ҳомид Отахонов, хабарнигори тоҷик, шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки аз соли 2003 ба ин сӯ дар Узбакистон кор ва зиндагӣ мекард ва то он замон дар Маскав ба сар мебурд, вале ба далели маризии ҳамсараш ба Бухоро омад. Ва дар Ҷамъияти тоҷику форси Бухоро мушовир буд. Оқои Отахонов то соли 1993 мудири қабулгоҳи ҷамъиятии рӯзномаи «Известия» дар Тоҷикистон буд. Ва ҳоло аз созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ мехоҳад, то ба ӯ кумак кунанд, ки тасмими додситонии Бухоро дар бораи радди марз шудани ӯ бознигарӣ шавад ва ӯ битавонад дубора ба нигоҳубини ҳамсари маризу бистарияш бирасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG