Пайвандҳои дастрасӣ

Матбуоти Русия: "Маскав ба Душанбе пул доданӣ нест"


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия дар шаҳри Душанбе, 2 сентябри соли 2011

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия дар шаҳри Душанбе, 2 сентябри соли 2011

Таваҷҷӯҳи матбуоти рус ба тавофуқи Маскаву Душанбе ҷиҳати тамдиди замони ҳузури пойгоҳи низомии Русия.

Аз тамоми нишастҳое, ки тайи 2 рӯзи охир дар пойтахти Тоҷикистон гузашт, матбуоти рус асосан ба тавофуқи руъасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ҷиҳати тамдиди замони ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то 49 соли дигар таваҷҷӯҳ кардаанд.

Нашрияи "Взгляд" матлабашро дар ин бора "Зершикамро қуфл заданд" ном дода, навиштааст, ки "Раҳмон аз Толибон дар пушти найзаҳои русӣ паноҳ
Манобеи "Интерфакс" дар вазорати дифои Русия гуфтаанд, Маскав ба ҳар ҳол, дар баҳои пойгоҳҳояш ҳаққе ба Душанбе пардохт хоҳад кард, вале на бо пул, балки бо техникаи муосири низомӣ...
хоҳад бурд". Ин нашрия мегӯяд, Душанбе исрор дошт, то барои ин пойгоҳ аз Русия 308 миллион доллар дар сол пули иҷора бигирад.

Вакили Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия - Семён Багдасаров дар сӯҳбат бо торнамои "Газета.ру" пардохти чунин маблағи ҳангуфт барои иҷораи пойгоҳро "музахраф" хонда, гуфтааст, "агар аз Русия ҳақ талаб кунанд, ба суди сулҳ дар минтақа нест".

Аммо таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи мутолеоти стротежии Русия, Аждар Куртов, ба "Взгляд" гуфтааст, ҳарчанд ин тавофуқ ҳанӯз ниҳоӣ нашуда ва қарор аст, тарҳи созишнома то баҳори соли оянда таҳия шавад, вале худи ин тавофуқ ҳокист, ки Душанбе аз талаби қаблии худ ақиб нишастааст.

"Интерфакс" аз қавли манобеъаш дар вазорати дифоъи Русия навишт, ки Маскаву Душанбе дар мавриди иҷораи пойгоҳи ҳавоии Айнӣ низ қарордод имзо хоҳанд кард. Хабарнигори "Коммерсант" аз Душанбе дар матлабе таҳти унвони "Тоҷикистон мисли низомӣ итоаткор будааст" навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон акнун барои пойгоҳи Айнӣ вориди тиҷорат шуда, барои он ҳам 300 миллион доллар пули иҷора мехоҳад. Аммо як узви ҳайъати музокиротии Русия бидуни бурдани ном ба "Коммерсант" гуфтааст, ки Маскав ягон пул доданӣ нест, балки худи таъмини амнияти Тоҷикистонро ҳаққи кофӣ меҳисобад.

Манобеи "Интерфакс" дар вазорати дифои Русия гуфтаанд, Маскав ба ҳар ҳол, дар баҳои пойгоҳҳояш ҳаққе ба Душанбе пардохт хоҳад кард, вале на бо пул, балки бо техникаи муосири низомӣ. Игор Коротченко, сардабири маҷаллаи "Национальная оборона" дар шарҳи ин ба "Газета.ру" гуфт, ба Тоҷикистон "як миқдори бузурги техникаи кӯҳнаи низомиеро хоҳанд дод, ки дар амборҳои артиши Русия хобида буд ва бе ин ҳам бояд аз байн бурда мешуд."

Ин сомона бо такя ба манобеи худ менависад, аз пойгоҳи Айнӣ дар қатори Русия ба сурати муштарак шояд кишварҳои дигар низ истифода баранд, аз ҷумла Ҳинд, ки барои бозсозии ин фурудгоҳи воқеъ дар 10-километрии ғарби Душанбе даҳҳо миллион доллар масраф кард.

Расонаҳои русӣ ба сурати умум аз ҷузъиёти созишномаи дигари Тоҷикистону Русия - дар масъалаи марз - изҳори бехабарӣ мекунанд. Онҳо бо ишора ба таърихчаи баҳси мавзӯъ менависанд, ки Маскав ба бозгашти нерӯҳои марзбонии Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон моил буд, вале Душанбе баръакс мехост, салоҳиятҳои гурӯҳи ҳамагӣ 300-нафарии мушовирони марзбони Русияро боз ҳам коҳиш диҳад.

Даниил Кислов, сардабири сомонаи "Фарғона.ру" гуфтааст, "ҳукумати Раҳмон намехоҳад назорати ин марзро аз даст диҳад, чунки марзи Омӯ як манбаи даромади доимист." Ба эътиқоди ҷаноби Кислов, Душанбе ба ин далел ҳеҷ гоҳ ба бозгашти марзбонони рус тан нахоҳад дод. Вакили Думаи давлатӣ Семён Багдасаров низ ба ҳамин бовар аст ва мегӯяд, ғолибан танҳо мавзӯе, ки Душанбе дар музокирот ба гузашт розӣ хоҳад шуд, мақоми ҳамон 300 мушовир аст.

Аммо Станислав Кучер, шореҳи низомии рӯзномаи "Коммерсант" ҳузури нерӯҳои Русия дар Тоҷикистонро ба нафъи ҳарду кишвар ва масъалае геополитикӣ номида гуфтааст, Душанбе мулзам аст ба поёни соли 2014 - таърихи ниҳоии хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон - ва пайомадҳои дубора ба дасти Толибон уфтодани зимоми қудрат дар он сӯи Омӯ биандешад. Маскав, ки дар роҳи ҳифозати марзи Омӯ ва пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ба марзбонони тоҷик эътимод надорад, ба ақидаи ин шореҳ, "манфиатдор аст, то ин маҷрои асосии қочоқи ҳероин аз Афғонистонро бубандад."

Бо ин ҳол, таҳлилгари тоҷик Умед Бобохонов ба Би-би-сӣ гуфтааст, ба соли дигар мондани таҳия ва тасвиби қарордоди тамдиди замони ҳузури пойгоҳи Русия ҳокист, ки ҷонибҳо дар ин масъала ва ҳам дар мавзӯи боҷу хироҷи бензин ба як тавофуқи ниҳоӣ даст наёфтаанд ва фурсати бештаре мехоҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG