Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Равшан” - пешсафи сабқати Лигаи олӣ


Се бозии даври 28-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шоми 1-уми сентябр ба анҷом расид.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар меҳмонӣ тими “Шодмон”-и Ҳисорро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Ҳамлагар Фозил Сатторов дар дақиқаи 24-уми бозӣ тӯбро аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд. Воқеъан, ин голи 15-уми Фозил дар мусобиқоти имсола ба шумор меравад ва ӯ дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷойи аввал мебошад.

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ тими “Гвардия”-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дод. Ҳамлагар Пирмурод Бурҳонов чаҳор гол зад. Ду голи дигари мизбононро Парвиз Турсунов ва Беҳрӯзи Сӯҳбатулло ба самар расонданд. Як голи меҳмонон ба Абдурасул Раҳмонов мансуб аст.

Дастаи“Энергетик”-и Душанбе бар тими меҳмон - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Голҳои мизбононро Шодибек Ғаффоров, Габриэл Донто ва як голи меҳмононро Хайрулло Ғайбуллоев заданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

“Равшан”

25

19

2

4

47-20

59

2.

"Регар-ТадАЗ"

23

17

3

3

60-18

54

3.

“Истиқлол”

20

17

1

2

50-11

52

4.

"Хайр"

26

14

3

9

46-27

45

5.

“Энергетик”

24

12

2

10

43-39

38

6.

ССКА “Помир”

24

11

1

12

44-45

34

7.

"Хуҷанд"

23

8

4

11

31-40

28

8.

"Вахш"

23

8

1

14

24-30

25

9.

“Парвоз”

25

7

3

15

27-50

24

10.

“Шодмон”

25

4

2

19

25-62

14

11.

"Гвардия"

24

2

2

20

19-74

8


Федератсияи футболи Тоҷикистон ба иллати ширкати бозигарони тимҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ бо тимҳои миллии Узбакистон (2-юми сентябр дар шаҳри Турсунзода) ва Куриёи Шимолӣ (6-уми сентябр дар шаҳри Пхенян) панҷ бозии мусобиқоти лигаи олиро ба мӯҳлати дертар гузаронд:

“Истиқлол” - “Вахш” (бозии даври 28-ум, 1-уми сентябр), “Истиқлол” - “Равшан” (бозии даври 29-ум, 4-уми сентябр), “Истиқлол” - “Хуҷанд” (бозии даври 18-ум, 7-уми сентябр), “Регар-ТадАЗ”- “Хуҷанд” (даври 28-ум, 1-уми сентябр) ва “Регар-ТадАЗ” - “Парвоз” (4-уми сентябр).

Даври 29-ум

4-уми сентябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – 16.30

ССКА «Помир» - «Гвардия»
«Шодмон» - «Вахш»
«Энергетик» - «Хуҷанд»

XS
SM
MD
LG