Пайвандҳои дастрасӣ

Ёди пири орифон -- Махдуми Санги Кулӯла


Мазори Махдуми Санги Кулӯла
Мазори Махдуми Санги Кулӯла

Номи аҷиби ин рӯҳонии Тоҷикистони аҳди Шӯравӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он машҳур ва маъруф буд.

Дар баҳсҳои фиқҳӣ одат буду то ҳанӯз ҳаст, ки ба назари ӯ такия кунанд ва бигӯянд, “ба қавли Махдуми Санги Кулӯла, масъала ин ё он ранг аст...”

Номи аслии ин пири ирфон – Домулло Пирмуҳаммад буд, аммо чун дар деҳаи Санги Кулӯлаи наздикии Сари Хосор ба дунё омадааст, исми деҳа низ ба номаш пайваст ва онҳо бо ҳам шӯҳрат ёфтанд. Пири тариқати нақшбандия аз онҳое буд, ки баъд аз устувор шудани режими коммунистӣ ба гӯшаи инзиво рафт, то рӯҳан озод бошад, исломро ҳифз кунад ва ба муридонаш омӯзонад.

Расми дафни ӯ дар соли 1968 ба тазоҳуроти пуриздиҳоми мардум табдил ёфт ва мақомоти Шӯравиро такон дод. Талошҳои камаҳамият ҷилва додани ин маросим ва ҳам нуфузи Махдуми Санги Кулӯла натиҷа надод. Ҳазорон нафар аз гӯшаву канори Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ омада буданд, то ангуште ба тобути пири тариқат расонанд. Барои ширкат дар расми видоъ дертар қариб 5 000 нафар аз узвият дар Ҳизби коммунист ва мансабҳои давлатӣ ихроҷ шуданд. Моҳҳои зиёд таъқиби муридони марди порсо идома кард.

Пири орифон -- Махдуми Санги Кулӯла
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:04 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG