Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шабакаи Euronews ба пахши таблиғоти Тоҷикистон, ки аз сӯи ширкати "Рокит Медиа" таҳия шудааст, оғоз кард.

Ин навори таблиғотӣ, ки 16 рӯз намоиш дода хоҳад шуд, 30 сония тӯл дорад ва бо сармояи ширкати алюминиюми тоҷик - Талко омода шудааст.

Чанде пеш ҳукумати Тоҷикистон барои муаррифии ҳарчӣ бештари Тоҷикистон ба сокинони кишварҳои олам, ширкати Талкоро муваззаф карда буд, то бо шабакаи маъруфи Еuronews қарордод бубандад ва аз тариқи ин шабака наворҳои таблиғотӣ роҷеъ ба Тоҷикистонро пахш кунад.

Навори таблиғотии Тоҷикистон, ки ҳамакнун дар Еuronews пахш мешавад, обҳои мусаффо, нон, кӯҳҳо, духтарони тоҷик, ангурзор, ҳавопаймои "Сомон-Эйр", корхонаи алюминиюм ва ҳамчунин навиштаеро бо ҳуруфи форсӣ намоиш медиҳад. Ҳоло Тоҷикистон барои 16 рӯзи муаррифии худ дар ин шабакаи ҷаҳонӣ 120 ҳазор евро пардохтааст.

Қаблан Игор Сатторов сухангӯи ширкати Талко гуфта буд, ки ҳадаф аз пахши ин таблиғот на танҳо муаррифии Тоҷикистон, балки ҷалби ҳарчӣ бештари сармояҳои хориҷӣ ба ин кишвар аст: "Мо мехоҳем ба аврупоиҳо нишон диҳем, ки чеҳраи Тоҷикистон чӣ гуна аст. Мо мехоҳем шароити ҷаҳонгардӣ ва табиати зебо ва захоири обию энергетикии ин кишварро нишон диҳем. Нишон додан мехоҳем, ки дар ин ҷо саноати бузург асту корхонаҳои саноатӣ фаъоланд. Албатта, шароити зиндагии ҳунармандҳо, ҳосили ҳунари косибонро намоиш хоҳем дод. Яъне ин ба сурати умум як корти муаррифӣ, яъне чеҳранамои Тоҷикистон буда, мехоҳем бигӯем, ки ин кишвар чӣ қадар зебост."



Чунин маводи таблиғотӣ дар бораи дигар ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ низ доимо дар барномаҳои шабакаи телевизионии Euronews пахш мешавад.

Шабакаи телевизионии Euronews бо ташаббуси Иттиҳодияи аврупоии пахши барномаҳои радиову телевизион таъсис ёфта, барномаҳои он сар аз соли 1993 бо забонҳои мухталиф пахш мешаванд. Феълан наздик ба 300 миллион сокини 150 кишвари олам имкони тамошои барномаҳои Euronews-ро доранд. Дар зимн, барномаҳои телевизиони Euronews ҳамзамон ба даҳ забон, аз ҷумла форсиву русӣ пахш мешаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG