Пайвандҳои дастрасӣ

Э.Раҳмон: "Ҳадафи дин ба саодат расонидани инсонҳост"


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон сокинони мусулмони кишварро ба иди сайиди Рамазон ё Фитр табрик гуфт.

Вай дар як суханронии телевизионӣ аз мардуми доро давъат кард, то дар ин рӯзи муқаддас дасти кӯмакашонро ба афроди нодор ва ятиму маълул дароз бикунанд.

Ҷаноби Раҳмон дар ин суханронии худ аз қабули қонуни масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон ҳам ёдоварӣ кард ва онро аз ҷумлаи “қонунҳои ҳаётан муҳим” донист. Ӯ афзуд, ин қонун бар асоси талаботи ҷомеаи озод ва пас аз муҳокимаи тӯлонӣ қабул шудааст, ки дар таҳия ва қабули он уламои ислом ҳам саҳм гирифтаанд.

“Моро зарур аст, ки дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем”,-афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки қонуни масъулияти волидайн ба мавҷи интиқодҳо дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон рӯбарӯ шудааст ва аз ҷумла ба далели маҳдудиятҳое, ки барои афроди ноболиғ дар роҳи иҷрои фаризаҳои мазҳабӣ, бо шумули ширкат дар намозҳои ҷамоат дар масоҷид эҷод мекунад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи суханронии худ ба фазилати моҳи шарифи Рамазон низ пардохт ва гуфт, “дар моҳи Рамазон нозил гаштани китоби муқаддаси Қуръон ҳамчун фарқ байни ҳаққу ботил, ҳалолу ҳаром ва илму ҷаҳолат аст. Модоме, ки ҳадафи дину шариат ба саодат расонидани инсонҳо бошад, оятҳои Қуръони карим ба мо башорат медиҳанд, ки бо илму дониш ва огоҳиву маърифат метавон ба он расид.”

Дар лаҳзаҳои охири суханронии телевизионии худ Эмомалӣ Раҳмон кӯмак ба афроди нодор ва ятимону маълулонро ҳам таъкид кард Вай гуфт: “Дар Қуръони карим хайру садақа кардан дар тамоми ҳолатҳо – дар шабу дар рӯз, пинҳону ошкоро ва ҳангоми тавонгариву аснои тангдастӣ таъкид шудааст. Аз ин рӯ, ҳар кас ба қадри тавону дороии худ бояд дар садақа кардан кўшиш ва ҷидду ҷаҳдро ба кор барад.”

Бино ба иттилои Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон иди сайиди Фитр рӯзи чаҳоршанбеи 31-уми август таҷлил хоҳад шуд. Эшони Абдулбасир Саидов, муовини муфтии мусулмонҳои Тоҷикистон, гуфт, соати ҳафтуними субҳи рӯзи чаҳоршанбе муслумонони кишвар дар масоҷиди ҷомеъ намози идро хоҳанд гузошт.

Шӯрои уламои маркази исломӣ, ки танҳо ниҳоди содиркуннадаи фатво дар кишвар аст, фитри рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро низ муқаррар кардааст, ки он баробар ба чаҳор сомонӣ (нархи 1 килову 622 грамм гандум) ба сари ҳар як нафар будааст.

Уламои ислом мегӯянд, фитри рӯза то гузоштани намози ид бояд ба афроди нодору бесарпараст ва пирону барҷомондагон дода шавад. Вагарна пас аз гузоштани намоз он садақа хоҳад, аммо на фитри рӯза.

Рӯзи иди сайиди Фитр дар тақвимҳои Тоҷикистон агарчӣ бо хатти сурх ишора нашудааст, вале рӯзи истироҳат аст. Дар ин рӯз ҳамаи коргоҳҳо дари худро мебанданд ва аз ин иди муқаддаси мусулмонҳо таҷлил мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG