Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи CASA-1000 дар нишасти чаҳоргона баррасӣ мешавад


Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон ва Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод

Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон ва Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод

Раисиҷумҳури Покистон гуфтааст, Исломободу Душанбе ба таҳкими ҳамкориҳо сахт ниёз доранд.

Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон, дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Исломобод -- Зубайдулло Зубайдов ширкаташ дар нишасти чаҳорҷонибаи сарони Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону
Татбиқи тарҳи САSA-1000, ки интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистонро пешбинӣ кардааст ва бунёди роҳ аз тариқи “долони Вахон” ва дигар тарҳҳои муштарак низ баррасӣ хоҳанд шуд...

Русияро таъйид кард.

Мақомоти расмии Русия ҳам ахиран гуфтанд, ки раисиҷумҳур Дмитрий Медведев ҳамин ҳафта бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон хоҳад шуд.

Қарор аст, ки рӯзи ҷумъа, дуввуми сентябр Дмитрий Медведев бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дидору мулоқот кунад ва рӯзи дигар дар нишасти сарони кишварҳои узви Ҷомеаи муштаракулманофеъ ширкат намояд.

Ҳамон рӯзҳо дар шаҳри Душанбе нишасти чаҳорҷонибаи сарони Тоҷикистон, Русия, Афғонистон ва Покистон ҳам доир хоҳад шуд.

Зубайдулло Зубайдов дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон, дар нишасти Душанбе дар баробари баррасии масоили марбут ба вазъи амниятӣ дар минтақа, ҳамчунин хостори пайдо кардани роҳҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Покистону Тоҷикистон хоҳад шуд.





Ба гуфтаи ӯ, дар сеюмин мулоқоти чаҳоргона асосан масоили амнияти минтақа, авзоъ аз Покистону Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ матраҳ мешавад. Аммо ҳамон тавре ки Осиф Алӣ Зардорӣ ба дипломати тоҷик гуфтааст, дигар масоили муҳим, аз ҷумла, татбиқи тарҳи САSA-1000, ки интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистонро пешбинӣ кардааст, бунёди роҳ аз тариқи “долони Вахон” ва дигар тарҳҳои муштарак низ баррасӣ хоҳанд шуд.

Зубайдулло Зубайдов афзуд, “сарвари Покистон Тоҷикистонро як кишвари муҳими минтақа хонда, хостори рушди ҳамкориҳо дар сатҳи хело боло шудааст”.

Осиф Алӣ Зардорӣ, аз ҷумла ба он нукта ишора кардааст, ки тайи солҳои 1993 то 1998 хатти парвози мустақими Душанбе-Карочӣ-Душанбе мавҷуд буд ва маҳз он солҳо, бо вуҷуди нооромиҳо дар Тоҷикистон, тиҷорат миёни ду кишвар рушд карда буд. Дипломати тоҷик гуфт, ки мо ҳоло талош дорем, ки парвози мустақими ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар аз сар гирифта шавад.

Сарвари Покистон ба он нукта ҳам ишора кардааст, ки пас аз сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон чандин ширкатҳои хусусӣ ва ширкатҳои мушатарак таъсис шудаанд, ки ба хариду фурӯш миёни Тоҷикистону Покистон шурӯъ кардаанд. Вай гуфтааст, Тоҷикистон, аз ҷумла, ба сементи Покистон ниёз дорад ва аммо интиқоли сементи арзони покистонӣ ба кишвар дар ҳоле мумкин хоҳад шуд, ки созишномаи сеҷонибаи тиҷоратӣ миёни Афғонистону Тоҷикистон ва Покистон оқибат имзо шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG