Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарз. Давлат чӣ гуна моҳонаи коргаронро хоҳад пардохт?


Дар нимсолаи гузашта давлат аз ҳисоби пардохти моҳонаи коргарон ҳудуди 13 миллион сомонӣ қарздор мондааст.

Ба иттилои Оҷонси омори назди раисиҷумҳури Тоҷикистон бештар давлат дар пардохти моҳонаи коргарони бахши сохтмон қарздор будааст. Ин дар ҳолест ки аз якуми сентябри соли ҷорӣ тибқи
30 дарсад боло бурдани ҳадди моҳона
дар буҷаи соли ҷорӣ инъикос нашудааст ва давлатро зарур аст ин маблағро аз ҳисоби дигар бахшҳо пайдо кунад...

фармони раисиҷумҳур моҳонаи коргарони бахши буҷавӣ 30 дарсад боло бурда хоҳад шуд.

Як сокини ноҳияи Қубодиён, ки дар сохтмонҳои нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" кор мекард, танҳо аз тариқи муроҷиат ба додситонӣ ва додгоҳ тавонист моҳонаи яксолаи худро дарёфт кунад.

Элчибек Маҳмадбеков дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, соли гузашта барои ба додгоҳу додситонӣ рафтан аз ҳамсояҳояш қарз гирифтааст. Ба гуфтаи вай, беш аз ними маоши яксолаааш дар пардохти қарзҳояш масраф шуд ва ниҳоят чанде пеш тавонист бо дахолати додгоҳ моҳонаи яксолаашро дарёфт кунад.

"Моҳонаи пардохтнашудаи ман дар як сол ҳудуди 21 ҳазор сомонӣ ҷамъ буд. Пас аз муроҷиат ба додгоҳ корхонаи сохтмонӣ чаҳор дафъа дар ҳудуди 5-6 ҳазорӣ моҳонаи маро пардохт кард ва дар ниҳоят бо тақозои додгоҳ фаъолияти ин корхонаи сохтмонӣ низ қатъ шуд",-илова кард ӯ.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
Линки мустақим



Бино ба иттилои Оҷонси омори назди раисиҷумҳури Тоҷикистон корхонаҳои сохтмонии давлатӣ дар ним соли сипаришуда ба маблағи беш аз 6 миллион сомонӣ моҳонаи коргаронро пардохт накардаанд. Ва ҳоло ҳаҷми умумии қарзи давлат аз ҳисоби маош ҳудуди 13 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи фармони нави раисиҷумҳур аз моҳи сентябри соли ҷорӣ моҳонаи коргарони буҷавӣ 30 дарсад ва бархе аз идораҳо то ду баробар зиёд карда хоҳад шуд. Дар ҳоле ки давлат тавони пардохти моҳонаи коргарони буҷавиро надораду касри буҷа ба 300 миллион сомонӣ мерасад, оё имкон дорад, ки моҳонаи коргарон 30 дарсад боло бурда шавад ва оё ин вазъ Тоҷикистонро ба мушакили молие мушобеҳи Белорус рӯбарӯ нахоҳад кард?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, дар посух ба ин суол гуфт, дар ин ҳолат Тоҷикистонро бо Белорус наметавон муқоиса кард. Зеро иқтисоди Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳаҷми маҷмаи маҳсулоти нохолиси дохилӣ танҳо 9 дарсад таъмин аст. Ҷаноби Умаров афзуд: "Масалан, дар муомилоти имрӯза миқдори пули нақд 30 дарсад зиёд шавад, ин ба таваррум оварда намерасонад. Хатаре ба назари ман вуҷуд надорад."

Афзун бар ин овозаҳое вуҷуд дорад, ки гӯиё давлат тасмим дорад дар моҳи сентябр 50 дарсади моҳонаи коргарони буҷавиро барои таҷлили 20-умин солгарди истиқлоли кишвар масраф кунад. Мушобеҳи он ки ба гуфтаи коршиносон давлат дар таҷлили бузургдошти Соли Имоми Аъзам аз корхонаҳо пул ҷамъ карда буд.

Вале Анвар Латифов, як масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, гуфт, ки чунин дастурро аз ҳукумат дарёфт накардаанд: "Баръакс, дар доираи имкониятҳои маҳдуди вазорат мо тасмим дорем, ба онҳое, ки моҳонаи кам мегиранд, кӯмаки молӣ кунем."

Ба гуфтаи мақомоти давлатӣ масрафи таҷлили ҷашни истиқлол дар буҷаи давлат дар соли ҷорӣ инъикос шудааст ва ҳоҷат ба маҳдуд кардани моҳонаи коргарон боқӣ намемонад. Ин дар ҳолест, ки 30 дарсад боло бурдани ҳадди моҳона дар буҷаи соли ҷорӣ инъикос нашудааст ва давлатро зарур аст ин маблағро аз ҳисоби дигар бахшҳо пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG