Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии гуштии озоди ҷаҳон байни наврасон, ки аз 23-юм то 28-уми август дар шаҳри Сомбатхейи Маҷористон баргузор мешавад, имрӯз, 22-юми август, ба Маҷористон сафар мекунанд.

Абдурозиқ Олимов, мураббии калони дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, ба "Озодӣ" гуфт, дар ин мусобиқаи ҷаҳонии наврасон кишвари моро се паҳлавони ҷавон - Мирхолиқ Бобоев дар вазни то 54 кг, Фирӯз Ёқубов (то 76 кг) ва Фахриддин Салимзода (то 100 кг) намояндагӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, як моҳ муқаддам варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод миёни наврасон дар Тайланд чаҳор медал - як нишони тилло, як нуқра ва ду нишони биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Баҳодур Қодирови душанбегӣ, барандаи медали нуқраи нахустин Олимпиадаи тобистонаи наврасон дар Сингапур, дар рақобатҳо дар вазни то 69 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Паҳлавони дигари тоҷик Фахриддин Салимзодаи душанбегӣ дар вазни то 100 кило ҷои дуввумро касб кард ва соҳиби медали нуқра гардид.

Ду нафари дигар - Мирхолиқ Бобоев (аз вилояти Суғд) дар вазни то 58 кило ва Фирӯз Ёқубови душанбегӣ дар вазни то 85 кило, ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуданд.
XS
SM
MD
LG