Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Туркманистон меравад


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки сабқати ниҳоияш соли 2012-ум дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи “А” шомил шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои миллии футзали Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷазоири Молдив рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 25-ум то 27-уми ноябри соли 2011-ум дар Туркманистон барпо мегарданд.

Бо тасмими кумитаи футзали Конфедератсиюни футболи Осиё дар сабқати ниҳоӣ ба ғайр аз дастаи мизбон – Аморати Муттаҳидаи Араб, барандагони ҷавоизи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар соли 2010-ум – Эрон, Узбакистон ва Ҷопон, ҳамчунин, аз ҳар гурӯҳ се дастаи беҳтарин, ҳамагӣ 16 даста, ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG