Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷумҳурихоҳон: “Кохи Сафедро ба даст меорем!”


Мишел Бекман

Мишел Бекман

Дар нахустин назарсанҷии интихоботӣ Мишел Бекман бо 29 дарсади раъй дар мақоми аввал қарор гирифт.

Ин назарсанҷӣ дар робита ба интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2012 дар Амрико доир шуд. Хонум Бекмани 55-сола пас аз эълони натоиҷи назарсанҷӣ дар ҷамъи ҳаводоронаш ин пирӯзиро нахустин қадам барои дар ихтиёр гирифтани Кохи Сафед дар соли 2012 донист.

Ӯ гуфт, натоиҷи ин назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки Барак Обама, раисиҷумҳури кунунии Амрико танҳо барои як давра раисиҷумҳур хоҳад буд.




Бар асоси натоиҷи назарсанҷии сурат гирифта миёни номзадҳои ҷумҳурихоҳон, Рон Пол намояндаи Маҷлиси намояндагони Амрико низ бо касби ҳудуди 28 дарсади раъйҳо дар мақоми қуввум ҷо гирифт.

Ин натиҷаҳо дар ҳоле эълон шуданд, ки ба гузориши хабаргузории “Ройтерз” бо вуруди Рик Перри, фармондори Техас ба рақобатҳои интихоботӣ, имкон дорад саҳнаи рақобат миёни ҷумҳурихоҳон дучори тағйир шавад.

Рик Перри рӯзи шанбе зимни эълони ҳузураш дар рақобатҳои интихботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар соли 2012 гуфт, ки пирӯзи интихобот хоҳад буд.

Ба гузориши рӯзномаи бритониёии Гордиан низ эҳтимоли он меравад, ки Рик Перри дар арсаи интихобот аз Мишел Бекман дар сафи пеш қарор бигирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG