Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон омодаи эъзоми нерӯҳои "посдори сулҳ" ба Бритониё?


Аҳмадинажод ва Нақдӣ
Аҳмадинажод ва Нақдӣ

Созмони басиҷ дар Эрон аз омодагияш барои эъзоми нерӯҳои посдори сулҳ ба шаҳрҳои Бритониё хабар дод.

Муҳаммадризо Нақдӣ, ки нерӯҳои таҳти амраш пеш аз ин нақши бузурге дар саркӯби нооромиҳои пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон доштаанд, бо интиқод аз бархӯрди давлат ва пулиси Бритониё гуфт: «Бо камоли таассуф, ҷиноятҳо ва хушунатҳои режими мустабиди подшоҳии Инглис алайҳи маҳрумони ин кишвар бо шиддат идома дорад ва на танҳо насиҳатҳои дилсӯзон дар рафтор ва амалкарди масъулин ва пулиси саркӯбгари ин режим ҳеҷ асаре надорад, балки шоҳиди ин ҳастем, ки маҳрумони ин кишвар муште дузд ва ғоратгар қарор мегиранд.»

Ин суханон дар ҳоле баён мешавад, ки пеш аз ин Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон бо матраҳ кардани барномаи мудирияти ҷаҳонии худ гуфта буд: «Ин чӣ тарзи рафтор бо мардуме аст, ки аз фақр ва табъиз ба сутуҳ омадаанд, дар ҳоле, ки инҳо муддаӣ ҳастанд улгу(намуна) ва меъёри зиндагии ҳуқуқи башарро ба ҷаҳон ироа мекунанд. Вале мо зишттарин рафторҳоро дар ҳуҷуми пулиси Лондон ба мардуми ин кишвар мебинем.»

Акнун Муҳаммадризо Нақдӣ, раиси Созмони басиҷ зимни ин, ки хостори эъзоми дидбони ҳуқуқи башари Созмони Миллал ба Бритониё шуд, гуфтааст: «Агар Маҷмаи умумии СММ тасвиб кунад, Созмони басиҷ омодааст теъдоде аз нерӯҳои худро ба унвони нерӯи посдори сулҳ ба Лондон, Ливерпул ва шаҳрҳои дигар эъзом кунад то нозир бар иҷрои ҳуқуқи башар ва ба унвони нерӯи боздоранда аз эъмоли хушунат анҷоми вазифа кунанд.»

Муҳаммадризо Нақдӣ ҳамчунин гуфтааст, ки давлати Бритониё ба ҷои он, ки пули молиётдиҳандагонро харҷи ББС-и форсӣ бикунад, ин пулро сарфи ниёзмандони кишвари худ кунад.


Бо ин ҳол, ин танҳо мақомҳои низомӣ ва сиёсии Эрон нестанд, ки давлати Бритониёро дар ҷараёни нооромиҳои шаҳрҳои мухталифи ин кишвар ба боди интиқод гирифтаанд. Кишварҳои назири Либия ва Зимбабве низ дар ин рӯзҳо фурсатро ғанимат шумурда ва иттиҳомотеро, ки ҳамвора дар заминаи ҳуқуқи башар мутаваҷҷеҳи онҳо буд, ба давлати Бритониё равон кардаанд.

Аз сӯи дигар Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон низ рӯзи якшанбе хостори он шуд, ки пулиси Инглис дар бархӯрд бо «тазоҳуроти мусолиматомези мардум» аз анҷоми ҳар гуна «аъмоли хушунатомез» худдорӣ кунад ва ҳуқуқи боздоштшудагон низ мавриди эҳтиром қарор гирад.

Дар вокуниш ба изҳороти Ромин Меҳмонпараст, кордори сафорати Бритониё бо судури баёнияе чанд нуктаро дар мавриди нооромиҳои ин кишвар ёдовар шудааст. Ин кордори сафорати Бритониё сареҳан эъломи омодагӣ кардааст, ки бо Ромин Меҳмонпараст ё Зуҳар Илоҳиён, раиси кумиссиюни ҳуқуқи башари маҷлиси Эрон ё ҳар мақоми вобастаи дигар мулоқот кунад ва ба «нигарониҳо» посух диҳад.

Сафорати Бритониё ҳамчунин бо дифоъ аз рафтори пулиси ин кишвар гуфтааст, ки ин нерӯ «стандартҳои ҳирфаӣ»-ро дар муқобили тазоҳуркунандагон риоят мекунад ва аз сӯи дигар расонаҳо низ ин нооромиҳоро пӯшиш медиҳанд.

Густариши нооромиҳо дар шаҳрҳои Инглистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00



Сафорати Бритониё зимни истиқбол аз сафари гузоришгарони ҳуқуқи башар ба ин кишвар, хостори он шудааст, ки давлати Эрон низ ба Аҳмад Шаҳид, гузоришгари вижаи СММ иҷозаи вуруд ба Эрон бидиҳад «то ӯ битавонад нигарониҳои шадиди ҷомеаи байнулмилалӣ дар мавриди нақзҳои идомадори ҳуқуқи башар дар Эронро мавриди баррасӣ қарор диҳад.»

Рӯзи панҷшанбе дар парлумони Бритониё баҳси доғе дар мавриди нооромиҳои ин кишвар матраҳ буд. Намояндагони Ҳизби коргар, ҳизби ҳокимро ба чолиш гирифта ва хостори пардохтани усулӣ ба масъалаи фақр, ихтилофи табақотӣ ва бекорӣ шуданд.

Раҳбари Ҳизби мухолифи коргар, зимни накӯҳиши тахриби амволи мардум ва ғоратҳои суратгирифта баён дошт, ҷавононе, ки дар ин шӯришҳои даст доштаанд, чизе барои аз даст додан надоранд.

Минтақаи шимоли Лондон, ки шоҳиди нооромиҳо будааст, дорои болотарин нархи бекорӣ дар миёни ҷавонони ин шаҳр мебошад.
XS
SM
MD
LG