Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар даври 24-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бар тими “Гвардия”-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқот боз ба ҷойи аввал баромад.

Ин бозӣ 11-уми август дар варзишгоҳи “Ҷавонон”-и шаҳри Ҳисор баргузор шуд. Нимаи аввали дидор бо ҳисоби 2:0 ба нафъи “Равшан”
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Фозил Сатторов ("Равшан") бо 13 гол пешсаф аст...
хотима ёфт. Голҳоро Фозил Сатторов ва Наврӯз Рустамов ба самар
расонданд.

Дар авоили нимаи дуввум бозигарони “Гвардия” - Ҳаким Ҳамроҷонов ва Абдурасул Раҳмонов дар муддати 5 дақиқа ба дарвозаи “Равшан” ду тӯб зада, ҳисобро баробар карданд. Голи ҳалкунандаро Индус Ҳусейнов, ҳамлагари “Равшан”, даҳ дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ ба ҳадаф расонд.


Акрам Ҳусейнов, муовини раиси бошгоҳи футболи “Равшан”, ба радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми сафари кориаш ба шаҳри Кӯлоб бо аъзои дастаи "Равшан" мулоқот намуда, ба онҳо ваъда додааст, ки то рӯзи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар як автобус тӯҳфа хоҳад кард.

Натоиҷи бозиҳои дигари даври 24-ум чунин аст: “Хайр” (Ваҳдат) - “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 3:1 (2:0) (Пирмурод Бурҳонов – 2 гол, Парвиз Турсунов – Муҳаммад Умматқулов), “Шодмон” (Ҳисор) - “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) – 0:3 (0:1) (Сӯҳроб Эгамбердиев, Ҳасан Рустамов, Нӯъмон Ҳакимов), ССКА “Помир” (Душанбе) - “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) – 3:0 (2:0) (Далер Раҷабов, Комил Саидов, Илҳом Ортиқов) .

Бозии даври 24-уми мусобиқот миёни ду дастаи шаҳри Душанбе - “Истиқлол” ва “Энергетик” ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

“Равшан” бо 50 имтиёз дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқот қарор дорад. “Регар-ТадАЗ” бо 48 имтиёз дар ҷойи дуввум аст. “Истиқлол”, ки се бозӣ камтар анҷом додааст, бо 46 имтиёз дар ҷойи саввум мебошад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Фозил Сатторов ("Равшан") бо 13 гол пешсаф аст. Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) 12-голӣ, Фарҳод Тоҳиров ("Истиқлол"), Мансур Ҳакимов ("Парвоз") ва Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”, “Регар-ТадАЗ”) 11-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/Т И

1.

авшан"

21

16

2

3

41-16

50

2.

"Регар-ТадАЗ"

21

15

3

3

48-17

48

3.

Истиқлол”

18

15

1

2

44-11

46

4.

"Хайр"

22

12

3

7

37-22

39

5.

"Энергетик"

21

9

2

10

30-36

29

6.

ССКА “Помир”

21

9

1

11

35-39

28

7.

"Хуҷанд"

20

7

4

9

26-31

25

8.

арвоз"

21

6

3

12

22-42

21

9.

Вахш”

20

6

1

13

19-27

19

10.

Шодмон”

21

4

2

15

22-48

14

11.

вардия"

20

2

2

16

16-51

8


Даври 25-ум
13-уми август (шанбе)


«Вахш» - «Гвардия»
«Хайр» - «Парвоз»
ССКА «Помир» - «Хуҷанд»
«Шодмон» - «Энергетик»

Инчунин бозии мавқуфмондаи даври 15-ум миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” 13-уми август дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор хоҳад шуд.

Оғози бозиҳо - соати 17.

Эзоҳ: Бозии “Истиқлол” - “Регар-ТадАЗ” (даври 25-ум) ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG