Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон имкони таъсири марҳилаи дуюми бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба иқтисоди кишварро баъид медонанд.

Дар ин авохир ба далели пойин овардани дараҷаи эътимоди пардохтпазирии Амрико аз сӯи ширкати «Стандарт&пурс», дар бозори авроқи гаронбаҳои ҷаҳонӣ як норӯшанӣ ба фардо ва нигаронӣ ҳукмрон шудааст.

ОЁ ТОҶИКИСТОН АЗ БӮҲРОНИ ҶАҲОНӢ ОСЕБ НАХОҲАД ДИД?

Бархе аз коршиносон мавзӯи имкони сар задани мавҷи нави бӯҳрони молӣ ва иқтисодӣ дар Аврупо ва Амрикоро матраҳ кардаанд. Аммо Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ахиран дар посухи ин суоли хабарнигорон, ки бӯҳрони ҷадиди эҳтимолӣ ва ё тағйири вазъи иқтисодии Амрико ба рушди иқтисоди Тоҷикистон чӣ
Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо

таъсир мерасонад, гуфт: «Вазорати рушди иқтисод таҳлилеро дар асоси равандҳое, ки дар мамлакатҳои ҳамсоя ва дур мегузарад, ба хусус дар Чин, Русия, Туркия ва Эрон, ки бо Тоҷикистон равобити дерина доранд, анҷом дод ва мо мутмаинем, ки рушди 7 дарсадии иқтисод дар соли ҷориро таъмин мекунем. Рушди иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз омилҳои беруна бастагӣ дорад, вале он ҳаводисе, ки дар кишварҳои арабӣ ва Амрико мегузарад, ба мо таъсире надорад. Зеро мо бо ин мамлакатҳо робитаи зиёди иқтисодӣ надорем.»

Ин дар ҳолест, ки соли 2009 низ замоне, ки бӯҳрони молӣ дар Амрико ва Ғарб зуҳур кард, вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфта буд, ки ин бӯҳрон ба иқтисоди кишвар таъсир нахоҳад кард. Аммо баъдан масъулон иқрор шуданд, ки ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири амиқ кардааст ва ин шуд, ки барномаи зидди бӯҳрониро таҳия ва тасвиб намуд.

УМАРОВ: "ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН ОСЕБПАЗИР АСТ"

Аммо проффесор Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд: «Агар вазъи Амрико ва доллар тағйир хӯрад, он гоҳ иқтисоди Тоҷикистон ба замин мезанад. Барои он, ки пояи иқтисоди Тоҷикистон ҳамон долларҳоест, ки муҳоҷирони корӣ ворид мекунанд. Дуввум вазъи бади Амрико ва
Проффесор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик

доллар ба Чин, Туркия, Русия ва Эрон низ таъсир хоҳад кард. Зеро Амрико яке аз қарздорҳои аслии аз Чин аст ва бӯҳрон дар ин кишварҳо низ ба дунболи пойин омадани қурби доллар ногузир мешавад.»

Ба эътиқдоди коршиносон, норӯшании феълӣ дар бозори бурсу арз метавонад боиси пойин рафтани қимати колоҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ шавад ва пойин омадани қиммати нахи пахта ва алюминиум, ки аз маҳсули аслии содиротии Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд, авоқиби ногувореро барои ин кишвар ба дунбол хоҳад дошт.

Зеро нахи пахта 15 дарсади бозори содиротии Тоҷикистон ташкил ва солона ҳудуди 1, 5 миллиард доллар алюминиум ба бозорҳои ҷаҳонӣ арз мекунад, ки ба гуфтаи масъулони давлат, 70 дарсади бозори содиротии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Агар қимати нахи пахта ва алюминиум дар бозори ҷаҳонӣ пойин шавад, Тоҷикистон ба бӯҳрони амиқи иқтисодӣ фурӯ меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG