Пайвандҳои дастрасӣ

Димишқу Ҳалаб, Ҳумсу Ҳамо... Аз бар кардани ҷуғрофиёи Сурия имрӯз талоши вижаеро талаб намекунад.

Барои кашидани харитаи кунунии Сурия фақат чанд назар ба сархати хабарҳо ва ба самти ҳамлаҳои артиши Сурия ба шаҳрҳои ошӯбзада кофист.

Режими Башор Асад имрӯзҳо асосан бо
Барои ҳар кас падари ӯ хирадмандтарин нафар аст ва камбудии Башор низ шояд ҳамин буд, ки зиёд пайравӣ ба усули сиёсати падар кард ва онро тағйир надод...

ҳамин саркӯбии бераҳмонаи эътирозҳои мардумии маъруф ба “инқилобҳои рӯзи ҷумъа", ки аллакай 2000 кушта ба ҷо гузоштааст, вирди забонҳост. Ва он ҳам дар ҳоле ки вақте ӯ дар соли 2000 ҷонишини падараш дар тахти Сурия шуд, аксар бар ин умед буданд, ки ӯ таҳсилкарда ва ҷавон ба фарқ аз ҳокимони аксаран худхоҳу солдидаи ҷаҳони араб намунаи насли нави ҳокимони ислоҳталабро ба намоиш хоҳад гузошт, ки нашуд.

13 кудато дар 24 сол

Башор Асад - фарзанди дуввуми ҳокими вақти Сурия Ҳофиз Асад ва Аниса Махлуф – соли 1965 ба дунё омадааст. Мактаби

Ал-Ҳуррияи Димишқ ва сипас дар риштаи чашмпизишкии Донишгоҳи пойтахти Сурияро хатм карда, ду сол дар як бемористони амрози чашми Лондон кор омӯхтааст. Унвони низомиаш сарҳанг. Ба инглисиву фаронсавӣ равон сӯҳбат мекунад. Соли 2000 баъди даргузашти падараш ба раёсати Сурия омад. Дар ҳамон сол бо Асмо Ахрас, духтари суриёие, ки дар Лондон зода ва бузург шудааст, издивоҷ кард. Се писар - Ҳофизу Зайн ва Карим, ки 10, 8 ва 7 сол доранд, аз меваҳои ин издивоҷанд.

Пардохтан ба шахси Башор Асадро наметавон танҳо бо роҳи сиёсии худи ӯ маҳдуд кард, балки руҷӯе ба таърихи навини Сурия ҳатмист, ки ин кишвари арабӣ дар соли 1970 чигуна дар панҷаҳои оҳанини падари ӯ ва ақалияти алавиён омад? Султаи инак чилсолаи хонаводаи Асад бар Сурия ба навбаи худ натиҷаи мантиқии роҳи пурпечутобест, ки ин кишвар дар дувуним даҳаи аввали баъд аз касби истиқлолаш аз Фаронса тай кардааст.

Аз соли 1946 то ноябри соли 1970, ки Ҳофиз Асад, падари Башор, ба қудрат расид, Сурия 13 бор табдили раҳбар кард ва аксаран аз роҳи кудатои низомӣ. Соли 1958 Сурия ҳатто бо Миср дар як Ҷумҳурии муттаҳидаи Араб ба ҳам омад, вале ин иттиҳод дер напоид ва баъди ҳамагӣ 3 сол бидуни кадом кашмакаш фурӯ пошид. Дар ҷанги шашрӯзаи соли 1967 Сурия теппаҳои аз нигоҳи стротегӣ муҳими Ҷӯлонашро бохт ва то ҳол бо Исроил бар сари ин теппаҳо расман дар ҳоли ҷанг қарор дорад.

Нусхае бадтар аз СССР ё “Зинда бод Асад!”

Ҳофиз Асад дар чунин шароит ба тахти Сурия нишаст ва тайи 30 соли раҳбариаш бо такя ба нерӯи артишу амният аз шадидтарин низомҳои худхоҳу худкомаи дунёро бино кард, ки дар он тамоми соҳоти рӯзгори мардум зери назари ниҳодҳои амниятӣ қарор дошт ва зиндонҳо- ҳама моломоли
Давре ки ман онҷо будам, даври Ҳофиз Асад буд ва мисли Туркманистони аҳди Ниёзов сари ҳар як қадам – ҳайкалу портрети ӯ насб шуда буд ва дар ҳар як теппаву ҳар баландӣ шиорҳое, ки “Зинда бод Асад!”, ё “Зинда бод раҳбари мо!..

маҳбусони сиёсӣ. Соли 1982, вақте Ихвонулмуслимин дар Ҳамо исён кард, Ҳофиз Асад бо зӯри артиш Ҳаморо ба як ҳавзи хун табдил дод ва даҳҳо ҳазорро бераҳмона қатли омм кард.

Парастиши шахси Ҳофиз Асад ҳам чунон авҷ гирифт, ки тамоми шаҳру рустоҳоро кӯчаву хиёбонҳои ба номи ӯ ва ҳайкалҳояш “зеб” медиҳанд ва ҳатто як обанборро дар рӯди Фурот низ “Буҳайрат-ал-Асад” (Кӯли Асад) ном кардаанд. Асад фаъолияти аҳзоби мухолифро манъ кард ва дар канори Баъс ба танҳо 6 ҳизби дигар иҷозаи ҳузур дод, ки дар асл ҳамроҳак ва балегӯи ҳизби ҳокиманд. То ҳол ягона номзад ба президентиро Баъс пешбарӣ мекунад, ки сипас дар райъпурсии саросарӣ ва маъмулан бо касби на камтар аз 95 дарсади оро таъйид мешавад.

Ховаршиноси тоҷик Фирдавси Деҳотӣ, ки дар авоили солҳои 90 ба ҳайси тарҷумони мушовирони низомии шӯравӣ дар артиши Сурия хидмат кардааст, мегӯяд: “Ба СССР монанд буд, балки диктатурааш ҳатто бадтар аз мо буд. 30 сол падараш ҳукумат кард ва акнун писараш. Кишвари хеле фақир буд ва ҳама пулашро асосан барои артиш сарф мекард ва зиндагии мардум хеле мушкил буд. Дар шаҳрҳо ва асосан дар Димишқу Ҳалаб зиндагӣ беҳтар буд, дигар дар боқии рустову шаҳракҳо – хеле сахт. Албатта, чунин набуд, ки мардумро баҳудаву беҳуда ғам диҳанд, вале низоми КГБ, ки онҳо ”мухабара” мегӯянд, сахт кор мекард. Давре ки ман онҷо будам, даври Ҳофиз Асад буд ва мисли Туркманистони аҳди Ниёзов сари ҳар як қадам – ҳайкалу портрети ӯ насб шуда буд ва дар ҳар як теппаву ҳар баландӣ шиорҳое, ки “Зинда бод Асад!”, ё “Зинда бод раҳбари мо!”.

Аз хилъати пизишкӣ то мундири сарҳанг

Ҳофиз Асад 5 фарзанд – 4 писар ва як духтар дошт. Онки ӯ тахташро ҳатман ба яке аз ин фарзандони худ ба мерос хоҳад гузошт, яқин буд, вале ба мақоми ворис ӯ аз оғоз писари калониаш Босилро омода мекард, ки раиси амнияти ӯ ва масъули як маъракаи густардаи зидди фасод буд ва ҳам дилбохтаи мошинҳои бодпо, ки ҳамин дилбохтагӣ дар ниҳоят сарашро хӯрд.

Башор Асад, ки ду сол аз Босил хурдтар ва фарзанди дуввуми хонавода буд, фориғ аз ин

ҳама дар донишгоҳ касби пизишки чашмро омӯхт ва баъди муддате кор дар бемористони Тишрин барои таҷрибаомӯзӣ ба як бемористони амрози чашми Лондон рафт. Ҳанӯз дар Лондон буд, ки хабари ҳалокати Босил бар асари тасодуми “Мерседес”-аш дар роҳи фурудгоҳи Димишқ расид. Башорро бо шитоб ба Сурия пас оварда, либоси сарбозӣ пӯшонданд ва ба донишгоҳи низомии Ҳумс фиристоданд, ки ба мақоми валиаҳди тахти падар омода шавад.

Алиризои Нуризода, таҳлилгари масоили Ховари Миёна дар Лондон мегӯяд, Башор Асад дар ҳамагӣ 5 сол бо мусоидати падар аз рутбаи сарбозӣ то мақоми сарҳангӣ “сабзид”. Вай меафзояд: “Вақте Башор ба
Алиризо Нуризода

Сурия баргашт, ҳеҷ гуна таҷрибаи сиёсӣ надошт, чунки бародараш омода шуда буд барои ҷойнишинии падар. Аммо баъди марги Босил Ҳофиз Асад Башорро билофосила аз Лондон ба Димишқ фаро хонд. Даврони таҷрубаандӯзии бисёр кам буд. Падараш, ки бемории қанд дошту азкоруфтодагии куллӣ ва баъдан ҳам саратон, хеле зуд даргузашт. Дар натиҷа, Башор бидуни он,ки битавонад як гурӯҳи ҷадидеро даври худ ҷамъ кунад, муҳосира шуд дар миёни ҳамон гордҳои қадиме, ки бо падараш буданд ва тайи 30 сол бо як афкори кӯҳнае Сурияро мечархонданд.”

Тағйири қонуни асосӣ ба хотири синни Башор

Соли 2000, вақте Ҳофиз Асад дар синни 70 даргузашт, Маҷлиси Сурия ҳавлона синни ҳадди ақали президентиро аз 40 то 34 пойин овард, то Башори дар он айём 34-сола ҳаққи варосати тахти падарро ба даст биорад. Ҳизби Баъс ӯро ба президентӣ пешбарӣ кард ва дар раъйпурсӣ ҳам 97 дарсад гӯё аз Башор пуштибонӣ карданд. Соли 2007 ӯ бо касби айни 97 дарсади оро раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард.

Башор Асад баъди расидан ба қудрат садҳо маҳбуси сиёсиро раҳо кард, зиндони бадномшудаи Маззаро дар канори Димишқ баст, ба ислоҳот дар иқтисоди асосан давлатии Сурия оғоз кард ва бо чеҳраи дар миёни ҳокимони солдидаи арабӣ ҷавону соҳиби собиқаи кору таҳсилоташ дар Ғарб аз худ ба унвони як раҳбари ислоҳҷӯ ва модерн аломат медод.

Вале зоҳиран аз ин ҳама ислоҳҷӯиҳо хеле зуд хаста шуд ва ҳамагӣ соле баъд исми Сурия дар канори Эрону Кореяи шимолӣ
Рафиқ Ҳарирӣ
дар паёми Ҷорҷ Буш ба ҳайси яке аз 3 кишвари “меҳвари шарорат” ва ҳамчун ҳомии терроризм омад. Қатли сарвазири собиқи Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ дар соли 2005 ангушти иттиҳомотро ба сӯи Димишқ баландтар кард ва боис шуд, ки Сурия баъди қариб 30 соли ҳузур нирӯҳояшро аз ин кишвари ҳамсоя шармандавор берун кашад.

Амриддин Шарифов, устоди сиёсатшиносӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, Башор натавонист худро аз қайди сиёсатҳои догматикии бозмонда аз аҳди падараш раҳо кунад ва амалан гаравгони ҳамон сиёсатҳо шуд: “Як сабаби нокомиаш рӯҳияи догматикии сиёсати ӯст, ки саривақт ба ислоҳот дар ҷомеа иқдом накард. Барои ҳар кас падари ӯ хирадмандтарин нафар аст ва камбудии Башор низ шояд ҳамин буд, ки зиёд пайравӣ ба усули сиёсати падар кард ва онро тағйир надод. Ҳарчанд усуле, ки Ҳофиз Асад дар сиёсаташ кор мебурд, алакай дар ҳамон даврон кӯҳна шуда буд.”

“Инқилобҳои рӯзи ҷумъа”

Аммо ҷиддитарин чолиш барои режими Башшор Асад инқилобҳои ҷаҳони Араб шуд, ки аз Тунис оғоз гирифту ба Миср кӯчид ва сипас камокон ҳамаи кишварҳои арабиро фаро гирифт. Асад дар оғоз мегуфт, эътирозҳое чунин, ки мунҷар ба суқути

ҳокимони солдидае, чун Ҳуснӣ Муборак ва Зайналобуддин Бин Алӣ дар Мисру Тунис шуд, ба Сурия таҳдид намекунад. Вале аз миёнаҳои моҳи март доманаи раҳпаймоиҳо ба Сурия ҳам расид ва азбаски дар инҷо асосан ҳар рӯзи ҷумъа, баъд аз адои намоз доир мешаванд, “инқилобҳои рӯзи ҷумъа” ном гирифтаанд.

Башор дар оғоз дар вокуниш ба ин эътирозҳо даст ба иқдомҳое зад ва аз ҷумла ба фаъолияти аҳзоби дигар иҷозат дод ва вазъи фавқулодаеро, ки дар Сурия ҳанӯз дар соли 1963 ҷорӣ шуда буд, лағв кард. Як мизигирде барои музокирот бо аҳзоби мухолиф низ сохтанд, вале мухолифин ислоҳоти анҷомшударо нокофӣ хонда, бо исрор ба истеъфои Асад аз ҳар навъ гуфтугӯ бо режими ӯ даст кашиданд. Асад ба навбаи худ эътирозгаронро “гурӯҳҳои террорист” хонд ва бидуни эътино ба вокуниши ҷаҳон ва бо шевае чунон бераҳмона, ки хоси даврони падари ӯст, ба саркӯбии “инқилобҳои рӯзи ҷумъа” иқдом кард.

Дар Ғарб бар ин назаранд, ки Башор Асад бо чунин шеваи саркӯбии эътирозҳо ва сарпечӣ аз анҷоми ислоҳот машрӯъияти худро аз даст дод ва беҳтар ин аст, ки дигар канор биравад. Дар ин авохир 3 кишвари арабӣ – Саудия ва Баҳрайну Кувайт – сафирони худро аз Димишқ фаро хонданд ва Раҷаб Эрдуғон, сарвазири Туркия – як ҳамкори умдаи тиҷории Сурия - гуфт, косаи сабри Анкара дар қиболи режими Асад лабрез мешавад.

Шӯрои Амнияти СММ ҳафтае пеш ба қатъи хушунатҳо дар Сурия даъват кард ва акнун дигарбора ба ин мавзӯъ баргаштааст.
Сафири Бритониё дар Созмони Милал Филип Парҳам ончиро, ки дар Сурия мегузарад, чунин тасвир кард: “Ҳудуди 2000 мардуми мулкии аксарияти куллаш бесилоҳ кушта шудаанд. Тақрибан 3 000 мулкиро зӯран бурдаанд. То 13 000 нафар дар боздошт боқӣ мемонанд. Даҳҳо ҳазор нафар аз тарси ҳамла манзилу замини худро дар шимоли Сурия тарк карданд. Чанд ҳазор паноҳҷӯи суриёӣ дар Туркияанд. Матбуот ба онҷо дастрасӣ надорад, созмонҳои имдодӣ низ дастрасӣ надоранд.”

Чаро Башор Башор нашуд?

Ҳамин тавр, Башор Асад худро дар радифи боқӣ ҳокимони худхоҳу бадноми Ховари Миёна қарор дод, ҳарчанд дар оғоз шонсе дошт, ки бо интихоби роҳи ислоҳоти демократӣ аз раҳбарони пешқадами ҷаҳони араб шавад ваё дастикам мисли малики Урдун Абдуллоҳ аз чунин таҳаввули вахими вазъ ва тавсиаи эътирозҳо дар кишвараш битавонад пешгирӣ кунад.

Арабшиноси тоҷик Ғаффор Мирзоев мегӯяд, Башор Асад шояд дар оғоз дар воқеъ азме ба сӯи ислоҳот дошт, вале натавонист бар доираҳои муҳофизакоре, ки дар саҳнаи сиёсии Сурия сози аввалро иҷро мекунанд, дастболо шавад. Натиҷа ин шуд, ки худи Башор аз дидгоҳҳои қаблиаш даст шуст ва низ ба роҳи истибдод гароид. Ғаффор Мирзоев меафзояд: “Низоми ҳокими Сурия низомест хеле қавӣ, низомест мураккаб аз решаҳои ҳам кланиву ҳам мазҳабӣ ва ҳам ҳизбӣ. Таъсири низомиён низ дар Сурия андак нест. Шояд Башор Асад натавонист дар муборизаҳои дохилӣ ба иҷрои чунин ислоҳот даст биёбад. Аммо оё натавонист ё нахост? Шояд доираҳои қудратманд аз равиши ӯ пуштибонӣ накарданд. Сониян, худи Башор ҳам дар сӯҳбатҳои охираш оҳиста-оҳиста аломат медод, ки ислоҳоти ваъда додаашро амалӣ карданӣ нест.”

Аксари ҷамъияти Сурияро сунниҳо ташкил медиҳанд, вале бахши аъзами мақомоти давлатӣ дар дасти шиъаҳои алавист, ки тақрибан 10 дарсади аҳолии ин кишваранд. Алиризои Нуризода аз Лондон мегӯяд, пойбандии Башор Асади низ алавӣ ба ҷиноҳҳои қадимгаро реша дар обҳои мазҳабӣ ҳам дорад: ”Гордҳои қадим бар ин бовар буданд, ки алавиҳо бояд қудратро нигоҳ доранд, вагарна нобуд хоҳанд шуд. Ин аст ки Башор ҳам бу дунболи роҳи падараш рафт. Шояд ӯ афкори ислоҳталабонае дошт, шояд дилаш мехост, ки тағйироте эҷод кунад. Бахусус ҳамсари ӯ, ки бонуи хеле равшанфикр ва озодандеш буд. Вале табиати қудрат дар Сурия ба гунае набуд, ки иҷоза намедод. Яъне агар Башор ҳатто мехост, ӯро намегузоштанд.”

Димишқ – дарвозаи Маскав буд ё аз Теҳрон?

Режими Димишқ дар саҳнаи байналмилалӣ асосан ба Эрону Русия такя мекунад. Мушорикати Сурия бо Маскав ҳанӯз ба даврони Ҷанги сард бармегардад, ки
Димишқ як муттаҳиди аслии СССР дар Ховари Миёна буд. Русия дар оғози бӯҳрон то хеле муддат аз танқиди режими Асад парҳез кард, вале лаҳни сӯҳбатҳои ахири раҳбарони Русия, ки Димишқро ба роҳи ислоҳот ва қатъи саркӯбиҳо даъват карданд, ҳокии тағйир кардани дидгоҳи Маскав ба ин қазия аст.

Алиризои Нуризода мегӯяд, Русия дар ивази имтиёзҳое барои худ чун дар намунаи Либия метавонад дар қиболи Сурия низ аз мавқеи Ғарб пуштибонӣ кунад. Вале, меафзояд ин коршинос, барои Эрон Сурия охирин дарвозаест, ки ба нуфузҷӯиҳояш дар Ховари Миёна роҳ мекушод ва аз даст додани режими Димишқ барои Теҳрон бохти андаке нест: “Ҷумҳурии исломӣ рӯи аспи бозанда шартмандии калоне карда ва дар айни ҳол чорае ҳам надорад. Аз даст додани Сурия муқаддамаи сарнагунии
худи Ҷумҳурии исломӣ хоҳад буд. Чунки тамоми баргаҳои қудратманде – аз Ҳизбуллоҳ то Ҷиҳоди исломиву Ҳамос ва гурӯҳҳои террористии Ироқ – ин ҳама ба навъе дар иртибот бо Сурияанд. Аслиҳаи Эрон наметавонад ба ғайри роҳи Сурия ба дасти Ҳизбуллоҳ бирасад ё таслиҳоте ки барои Аҳмад Ҷибрил мефиристанд. Роҳи Сурия агар ба рӯи Эрон баста шавад, ба манзалаи фалаҷ шудани сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломист. “

Аммо Амриддин Шарифов, устоди фанни сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд: “Ҷаҳони араб аз Эрон эҳсоси нигаронии зиёд дорад ва аз чунин наздикии Сурия бо Эрон, албатта, хушаш

намеомад. Вале ба фикри ман, дар инҷо аз дасти қудратҳои минтақаӣ дида, дасти қудратҳои ғарбӣ бештар ба назар мерасад. Ин қудратҳо низ шояд аз Башор Асад умедвории бештар доштанд, вале ин умедвориҳо бароварда нашуд ва мардум низ ба ҳамин далел ба шӯр омад.”

Аз ӯст ки бар ӯст

Ба бовари ховаршиноси тоҷик Ғаффор Мирзоев, бадбахтии асосии Башор Асад ин буд, ки мехост ба чолишҳои замони нав бо ҳамон усул ва васоили қадим расидагӣ кунад: “Ба ҳар ҳол, озодиҳои инсонӣ дар Сурия то ҷое вуҷуд дошт. Масалан, дар роҳи сафар ба хориҷ барои таҳсил ва бозгашт барои суриёиҳо мушкили зиёде мавҷуд набуд. Вале ҳамон сохтори низомиву сиёсие, ки ҳанӯз дар солҳои 70 рӯи кор омад, то имрӯз идома дошт. Ва мушкил низ ҳамин буд, ки ин низоми кӯҳнашуда, ки др он таъсири низомиҳо зиёд буд, таъсири кланҳо буд, нишон дод, ки қобилияти мутобиқ шудан ба замони навро надорад.”

Дар шароите ки фанновариҳои навин, ба мисли Интернет мардумро аз чордевори низомҳои худкома раҳо мекунанд, идораи умур барои ҳокимони мустабид дигар чунон содаву осон нест, ки дар асри 20. Иттифоқан Башор Асад то расиданаш ба қудрат раиси ҷамъияти компутарии Сурия буд ва дари Сурияро ба рӯи интернет дар соли 2001 худ ҳамин ҷамъияти ӯ боз кард. Ва акнун талаби истеъфои Асадро ба гӯши ҷаҳон интернете мебарад, ки 10 сол қабл аз ин ӯ худ ба Сурия овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG