Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари як ҳайати низомии Ҳинд ба Душанбе


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Сафари муовини раиси Ситоди нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Ҳинд дар Тоҷикистон се рӯз идома хоҳад кард.

Кишен Кумар Наҳор, муовини раиси Ситоди нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Ҳинд, дар садри як ҳайати низомӣ барои анҷоми сафари серӯза шоми рӯзи 10-уми август вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, шудааст.

Фаридун Маҳмадалиев, суханӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба “Озодӣ” гуфт, қарор аст Кишен Кумар Наҳор бо Шералӣ Хайруллоев гуфтугӯ карда, масоили ҳамкориҳои низомӣ миёни ин ду кишварро баррасӣ намояд.

Вале ҷаноби Маҳмадалиев эҳтимоли баррасии мавзӯи истифода аз фурудгоҳи низомии “Айнӣ” аз сӯи низомиёни Ҳиндро рад кард. Вай гуфт, дар ҷараёни сафари ҳайати Ҳинд масоили ҳамкориҳои низомӣ, ҳарбиву техникӣ ва таҳсили ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои низомии Ҳинд баррасӣ мешавад.



Қабл аз ин, Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳам изҳор карда буд, ки дар ҷараёни сафари муовини раиси Ситоди нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Ҳинд, Кишен Кумар Наҳор ба Тоҷикистон мавзӯи истифода аз фурудгоҳи “Айнӣ” баҳс нахоҳад шуд.



Ин дар ҳолест, ки Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар охирин нишасти матбуотии худ гуфта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар мавзӯъи иҷораи фурудгоҳи “Айнӣ” фақат бо Русия музокирот мекунад.

Ҳамзамон ӯ таъкид намуд, ки хоки Тоҷикистон ба ҳеҷ кишвар ройгон барои иҷора дода намешавад.

Фурудгоҳи низомии "Айнӣ" дар наздики шаҳри Ҳисор, воқеъ дар 25-километрии ғарби шаҳри Душанбе, воқеъ аст ва дар даврони Шӯравӣ дар ин ҷо корхонаи тармими чархболҳо фаъолият доштааст. Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ва дар даврони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон таҷҳизоти фаннии фурудгоҳ хароб шудааст.

Аммо дар чанд соли ахир бо 70 миллион доллар сармояи Ҳинд ин фурудгоҳ бозсозӣ шуда, ба он ҷо таҷҳизоти муосири ҳавонавардӣ низ оварда шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG