Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Федератсияи футболи кишвар қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2011 доир шуд.

Имсол дар мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон 21 даста – 11 тими лигаи олӣ ва 9 тими лигаи аввал, инчунин, пешсафи сабқати вилояти Суғд - “Истаравшан” ширкат хоҳанд кард.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон, аз бозиҳои даври аввали мусобиқот озод аст ва ба мубориза барои ҷом аз даври дуввум ҳамроҳ мешавад.

Дар даври аввал 10 дастаи лигаи олӣ бо 10 дастаи лигаи поёнӣ барои роҳ ёфтан ба даври баъдӣ рақобат хоҳанд кард. Дар даври дуввум дастаҳо бар асоси қуръакашӣ ба ҷуфтҳо тақсим мешаванд. Вале бинобар тоқ будани дастаҳо як тим аз бозиҳои даври дуввум озод хоҳад шуд.

Ҷоми Тоҷикистон. Даври аввал
Бозиҳои аввал
25-уми август (панҷшанбе)
1. «Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Ҳулбук» (Восеъ)
2. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Пахтакор» (Қубодиён)
3. «Гвардия» (Душанбе) - «Сабо» (Шаҳринав)
4. ССКА «Помир» (Душанбе) - «Данғара» (Данғара)
5. «Равшан» (Кӯлоб) - «Локомотив» (Душанбе)
6. «Хайр» (Ваҳдат) - «Ситора» (Рӯдакӣ)
7. «Шодмон» (Ҳисор) - «Зарафшон» (Панҷакент)
8. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Ҳосилот» (Фархор)
9. «Энергетик» (Душанбе) - «Румӣ» (Ҷалолиддини Румӣ)
10. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - «Истаравшан» (Истаравшан)

Оғози бозиҳо – соати 17.

Бозиҳои ҷавобии даври аввал рӯзи якшанбеи 28-уми август соати 16:30 шурӯъ хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG