Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар бархе аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили пахта пеш аз мӯҳлат шурӯъ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки масъулини Академияи кишоварзии Тоҷикистон бо дар назар гирифтани нашъу намои пахта гуфтаанд, ки имкони бардоштани ҳосили 500 ҳазор тонна пахта вуҷуд дорад.

ГУЗОРИШҲОИ ЗИДДУНАҚИЗ

Аммо коршиносони бахши кишоварзӣ ин иддаоро беасос хонда бар ин боваранд, ки аз ҳисоби зиёд шудани майдони кишти пахта, имкони дар ҳудуди 400 ҳазор тонна ҷамъоварии пахта вуҷуд дорад.

Саидҷамол Саидов, раиси Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи кишоварзии Тоҷикистон бо дар назар гирифтани ҳосили имсола гуфтааст, ки ҷамъоварии 500 ҳазор тонна

пахта вуҷуд дорад. Ба таъкиди ҷаноби Саидов ҳосил аз ҳар гектар метавонад ба 27 сентнер бирасад.

Муҳаммадӣ Ормонов, раиси бахши зироатҳои техникӣ ва ғаллаи вазорати кишоварзии Тоҷикистон ин пешгӯии раиси Пажӯҳишгоҳро то ҷое мумкин хонд. Вай дар гуфтугӯ бо РО гуфт: «Вобаста ба ин пешгӯӣ якум, ки майдони кишт зиёд шудааст, дуюм нашъунамои пахта хуб аст. Ҳоло мутахассисонро водор сохтем, ҳосилро дубора дар ҳама ноҳияҳо дубора баррасӣ кунанд. Фикр мекунам, ки пешгӯӣ ба воқеият наздик аст.»

"ЧУНИН ЗАХИРА НАДОРЕМ..."

Аммо профессор Ваҳҳоб Воҳидов, коршиноси бахши кишоварзӣ ва собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон ҳосили 500 ҳазор тоннаро ҷуз орзу ва ҳисоботи беасос чизи дигаре намедонад.

Ҷаноби Воҳидов дар ин бора ба РО гуфт: «Ҳосили пахта имсол ҳудуди 400 ҳазор тонна мешавад. Касе, ки 500 ҳазор тонна даъво мекунад, охири сол агар нашавад, барои ин пешгӯии беасос бояд аз мақомаш барканор шавад. Ман ба қотеъият мегӯям, ки чунин захира надорем. Агар мо ҳудуди 40 ҳазор гектар майдони киштро зиёд кардем, аз он имкон дорем, ки 90 ҳазор тонна иловагӣ ба даст биорем, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 400 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.»

Профессор Воҳидов аз ироаи арқоми беасос дар бархе аз маворид аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ изҳори таассуф кард ва гуфт, ки ҳосили 310 ҳазор тонна пахтаи ҷамъоварӣ шуда дар соли гузашта низ барзиёдгӯӣ аст. Вай афзуд: «Аввал 310 ҳазор тонна пахта ҳисобот доданд, баъд мо ҳисобу китоби дақиқро ба роҳ мондем, маълум шуд, ки бархе аз ниҳодҳо дар ҳисобҳо иштибоҳ карданд ва ҳосили воқеии пахтаи соли гузашта 287 ҳазор тоннаро ташкил додааст.»

ПАХТА-КОЛОИ СОДИРОТИИ ТОҶИКИСТОН

Ин дар ҳолест, ки аз ин миқдор пахта ҳудуди 100 ҳазор тонна нахи пахта ҳосил мешавад, ки яке аз колои содиротӣ ба

бозорҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Нахи пахта дар бахши содиротии Тоҷикистон 15 дарсадро ташкил медиҳад. Соли гузашта Тоҷикистон ҳудуди 80 миллион доллар нахи пахтаро ба бозорҳои берунӣ арза кардааст.

Ҳоло қимати нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ беш аз 3 ҳазор доллар барои як тонна аст ва агар ҳамин қимат боқӣ бимонад, деҳқонон имсол метавонанд фоидаи зиёд ба даст биоранд.

Дар ҳоле, ки имсол барои коркарду расонидани ҳосил дар як гектар деҳқон ҳудуди 1200 то 1300 доллари амрикоӣ масраф кардааст. Ва деҳқон метавонад аз ҳар тонна нахи пахтааш ҳудуди 1500 доллар фоидаи соф ба даст биёрад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG