Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа ташриф меорад.

Ин дар ҳолест, ки умури сохтмонӣ дар бахши аъзами иншооти ҷашнӣ ҳанӯз ба поён нарасидааст.

То поёни рӯз қарор аст Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушоиши литсейи президентии кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Бохтар, бозори байналмилалӣ, якумин кӯдакистони хусусӣ, осорхона ва китобхонаи вилоятӣ, меҳмонхонаи 5-ситорадор ва бинои нави дабистоне дар Қӯрғонтеппа ширкат варзида, ҳамчунин хишти аввали пойдевори бинои 15-ошёна ва мактаби навро бигузорад.

Гуфта мешавад, ба ҷуз аз осорхона ва мактабҳо, иншоотҳои
Бинои меҳмонхонаи панҷситора

дигаре ҷашние, ки бо ширкати раисиҷумҳур мавриди истифода қарор мегиранд, хусусӣ ва мансуб ба доираҳои маъруфи тиҷорӣ будааст.

Аз ҷумла, ба иттилои манобеи наздик ба ҳукумат, дар бунёди бозори байналмилалии «Ҳоҷӣ Шариф», ки дар масоҳати беш аз 10 ҳектор замин бунёд шудааст, аз ақрабои раисҷумҳур саҳм доранд. Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қӯрғонтеппа, гуфт, бозори мазкур беш аз 10 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин хоҳад кард: «Ба ғайр аз тоҷирони ватанӣ, аз Қӯрғонтеппаю Ҳисору Душанбе, ҳамчунин тоҷирони турку хитоӣ, афғону эронӣ омада, дар ин бозор барои ширкату фирмаҳои худ ҷой иҷора гирифтанд. Дар ин бозор, ки шароитҳои бесобиқа дорад, зиёда аз 10 ҳазор ҷой барои мошин, яъне истгоҳи замонавӣ сохта шудааст.
Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қӯрғонтеппа

Амнияти мошинҳо, одамон, молу коло таъмин хоҳад буд. Дурбинҳои назоратӣ, кондитсионерҳо, радиои дохилӣ, биноҳои хушсохт ва муосир – ин ҳама шароити бозорро ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ кардааст. Дар ин ҷо моли дасти якум меояд. Ҳама гуна фурӯшгоҳҳо, ҳам саноатӣ, ҳам озуқаворӣ ва дигар молу ашёҳо ташкил шудаанд. Мо дар назар дорем ташкил кардани намояндагии бонкҳо ё ширкатҳои қарздиҳанда ба соҳибкоронро дар он бозор. Ҳатто фикрҳо ҳастанд, ки автобуси ройгон ташкил карда шавад, то ҳар субҳ одамонро аз маҳалҳои калони шаҳр ба ин бозор орад ва нисфирӯз ба хонаҳояшон барад. Бепул…»

Садҳо кормандони муассисаҳои тиббии минтақа ва толибилмони мактабҳо ба маросими истиқболи президент барои ифтитоҳи расмии ин бозори байналмилалӣ ҷалб шудаанд.

Ҳатто хурдсолони кӯдакистонҳои Қӯрғонтеппа ҳам тайи як
Бинои кӯдакистони хусусӣ

ҳафтаи ахир зери офтоби сӯзон машқи шеъргӯӣ ва пешвози меҳмонони олимақомро мекунанд.

Тамоми кӯчаву хиёбонҳо бо овезаҳои бузургҳаҷме бо акси президент, навори дастовардҳои замони истиқлол ва шиорҳои «Хуш омадед, Ҷаноби олӣ!» ва «20-солагии истиқлол муборак!» оро дода шудаанд.

Ҳукумати вилояти Хатлон мегӯяд, ба пешвози 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар ин минтақа 415 иншооти ҷашнӣ бунёд хоҳад гашт. Аммо дақиқан гуфта намешавад, ки чӣ миқдор маблағ барои анҷоми ин сохтмонҳо сарф шудаасту мешавад.


Шариф Ғафуров, раиси идораи молияи Хатлон, гуфт, аз буҷаи маҳаллии вилоятӣ барои сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ 28 миллион сомонӣ ихтисос ёфтааст. Аммо аз ин 28 милион сомонӣ, ки барои тамоми 25 шаҳру ноҳияи минтақа ҷудо шудааст, чизе беш аз 13 миллион сомониаш танҳо ба як ноҳия - Данғара мансуб будааст.

Ҷаноби Ғафуров дар ин замина афзуд: «Дар шӯъбаи сохтмони ноҳияи Данғара барои сохтмони мактаб барои 1200 талаба 5 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Барои
Шариф Ғафуров, раиси идораи молияи Хатлон

сохтмони Қасри фарҳанг барои 700 ҷойи нишаст 8 миллион ҷудо шудааст. Ҳамагӣ, 13 миллион, тибқи нақша. Ҳамагӣ дар вилоят, 28,1 миллион сомонӣ. Аммо ҳамзамон, соҳибкорони алоҳида, шаҳрвандон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаю муассисаҳои хусусӣ бисёр объектҳои ҷашниро бо ташаббуси худ сохтаанд ва ҳоло сохта истодаанд…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки масалан барои сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Вахш аз буҷаи вилоятӣ ҳамагӣ 25 ҳазор сомонӣ, яъне 520 маротиба пули камтар аз Данғара, ҷудо шудааст.

Коршиноси маҳаллӣ Рустами Сафар мегӯяд, агар аз як сӯ танҳо ба як ноҳия ва он ҳам зодгоҳи раисҷумҳури вақт, ихтисос додани қариб нисфи маблағи ихтисосёфта барои иншооти ҷашнии Хатлон, ғайриодилона ба назар бирасад, аз ҷониби дигар ин амри табиист: «Албатта, чунин андешаҳо ҳам дар ҷомеаи феълӣ садо медиҳанд, ки ҳар раҳбар
Рустами Сафар, коршиноси маҳаллӣ

барои ободии маҳалли таваллуди худ ҳам талош мекунад. Мисол меоранд, ки дар замони Шӯравӣ бештар шимоли кишвар рушд кард, сохтмонҳо бисёр буданд ва ҳоло мегӯянд, азбаски президент аз ҷануби кишвар, зодаи ноҳияи Данғара аст, ин ноҳия хеле обод шудааст. Ҳатто тавассути расонаҳои хабарӣ дар бораи маркази маъмурӣ ё пойтахти ояндаи кишвар шудани ин ноҳия ҳам сарусадоҳо пахш мешаванд…»

Сарфи назар аз ин ҳама, бархе аз сокинони маҳаллӣ изҳори хушҳолӣ мекунанд, ки бо баҳонаи омадани президент ба Қӯрғонтеппа, сохтмонҳои зебое дар ин шаҳр қомат афрохта, имкони мулоқот бо ӯ барои ибрози мушкилоти иҷтимоияшон фароҳам мешавад. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки мақомоти маҳаллӣ шароити мусоид барои дидору гуфтугӯи рӯ ба рӯи сокинони маҳаллӣ бо раисиҷумҳурро нахоҳанд дод.

Ҳукумати Хатлон ҳатто хабарнигорони расонаҳои ғайриҳукуматиро барои ҳамроҳии президент дар ин сафар даъват накард, то имкони инъикоси густурдаи ҷузъиёти сафари ӯ ва суханрониҳояшро дошта бошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG