Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқчиёни афғон боз як сокини Шӯроободро гаравгон гирифтанд


Кочоқчиёни афғон дар мавзеи Навободи Шӯрообод як сокини деҳаи Қавоқро бо худ ба самти номаълуме бурдаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, афроди ношинос ҳангоми бо худ бурдани Амирхон, сокини деҳаи Қавоқ, гуфтаанд, ӯро барои он мебаранд, ки аз макони будубоши онҳо ба мақомоти интизомӣ хабар додааст.
Тайи чанд
соли ахир барои берун кардани қочоқчиён дар ноҳияи Шӯрообод амалиёт гузаронида мешавад, аммо бо гузашти чанд моҳ аз амалиёт онҳо дубора вориди хоки Тоҷикистон мешаванд...


Бо гузашти чаҳор рӯз ҳанӯз аз сарнавишти ин мард, ки ҳангоми ҷамъоварии ғалладона аз сари заминҳои кишт, рабуда шуда буд, хабаре нест.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, воқеан, ҳафтае пеш дар як мавзеи дастнорас макони махфии қочоқчиён аз ҷониби мақомоти интизомӣ мавриди ҳамла қарор гирифта буд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз мақомоти интизомии ноҳияи Шӯрообод гуфт, феълан дар мавзеъҳои душворгузари ин ноҳия амалиёти нерӯҳои интизомӣ алайҳи марзшиканон ва қочоқчиёни афғон идома дорад. Ин тасмими мақомот дар ҳолест, ки аз аввали соли ҷорӣ чаҳор ҳолати гаравгонгирии сокинони маҳаллӣ аз тарафи қочоқчиёни афғон сабт шудааст.

ХАТТИ АВВАЛИ ҲИФЗИ ВАТАН

Давлат Сафаров, як сокини ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, аксари сокинони ноҳия аз ҳамкорӣ бо мақомот барои мубориза бо қочоқчиён тарс доранд. Зеро ба гуфтаи ӯ, қочоқчиёни афғон рӯзе аз онҳо қасос хоҳанд ситонид. Аз сӯи дигар, мегӯяд ҷаноби Сафаров, мақомот онҳоро барои расонидани ин хабар ҳафтаҳо мавриди бозпурсӣ қарор медиҳанд.

"Борҳо дар ҳузури намояндаҳои амният гуфтам, ки агар ба мардум дар ин самт хуб такя накунанд, корашон ҳеҷ натиҷа намедиҳад. Ин афғон меравад, ду се моҳ пас боз гашта меояд",-афзуд ӯ.

Хосият, як зани дигари маҳаллӣ мегӯяд, даҳсолаҳост онҳо дар деҳаи наздимарзӣ бо тарс ба сар мебаранд. Ӯ мегӯяд, аз мақомот хоҳиш дорад, то марзро хуб нигаҳбонӣ кунанд, ки сокинон зиндагии ором дошта бошанд. Ба гуфтаи ӯ, дар марзшикании қочоқчиён сокинон ҳеҷ гуноҳе надоранд: "Агар ҳамин афғонҳо раванд, мардум осудатар мегардад. Доим мардум аз дасти инҳо дар тасру ларз аст ва зиндагии хубро надидааст."

Тайи чанд соли ахир барои берун кардани қочоқчиён дар ноҳияи Шӯрообод амалиёт гузаронида мешавад, аммо бо гузашти чанд моҳ аз амалиёт онҳо дубора вориди хоки Тоҷикистон мешаванд. Набудани роҳи мошингард дар хатти марзи ҳудуди ин ноҳия ва кӯҳу ҷангали касногузар ҳамоно нигаҳбонии онро душвор мегардонад.
XS
SM
MD
LG