Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи қаҳрамонии тирандозии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Дар сабқати мардон дар тирандозӣ аз силоҳи пневматикӣ душанбегиҳо Маҳмадалӣ Алиев ва Георгий Багдасаров натиҷаи якхела – 562-имтиёзӣ ба даст оварданд.

Вале бо назардошти натиҷаи беҳтарин дар сабқати ниҳоӣ Маҳмадалӣ Алиев мақоми аввалро касб кард. Георгий Багдасаров дуввум шуд. Сергей Бабикови пуртаҷриба бо 561 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт.

Дар сабқати занон Сурайё Ҷумъаеваи душанбегӣ бо 360 имтиёз ғолиб шуд. Ҳамшаҳриаш Светлана Грошева бо 352 имтиёз ҷойи дуввум ва Муяссара Қодироваи хуҷандӣ бо 347 имтиёз ҷойи севумро касб карданд.

Дар ҳисоби дастаӣ тими Душанбе-1 ғолиб омад. Дастаи Хуҷанд-1 дар ҷойи дуввум ва тими Душанбе-2 дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Ба иттилои Олег Набиев, мураббии калони дастаи мунтахаби тирандозии Тоҷикистон, ин мусобиқа барои варзишгарони тоҷик як марҳилаи омодагиҳо ба мусобиқаи қаҳрамонии тирандозии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 19-ум то 26-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, маҳсуб мешуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG