Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи 140 зиндонӣ ба раисиҷумҳур ва вакилони порлумон


Яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе (Акс аз бойгонӣ)
Яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе (Акс аз бойгонӣ)

Муроҷиати беш аз 140 маҳбуси зиндонҳои Тоҷикистон ба раисиҷумҳур, вакилони порлумон ва васоити ахбори умум.

Беш аз 140 маҳбусе, ки худро намояндаи собиқ Фронти халқӣ, кормандони милиса ва размандаҳои собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешин номидаанд, аз раисиҷумҳури Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагон тақозо кардаанд, ки дар баробари тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев онҳо низ аз маҳбас озод шаванд.

Наздикони ин маҳбусҳо, ки зарур намешуморанд номашон ифшо бишавад, мегӯянд, ки мактубҳоро бо ному насаби зиндониҳо ва бо имзои шахсии онҳо ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шӯъбаи умумии Маҷлиси Олӣ бурдаанд.

Аммо дар Шӯъбаи номаҳои Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки ҳанӯз бо ин мазмун нома ба дасти онҳо нарасидааст.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00
Линки мустақим



Дар номае, ки муаллифони он худро силоҳбадастони собиқ Фронти халқӣ муаррафӣ кардаанд, гуфта шудааст, ки: "Ин истиқлолият бар ивази хуни ҳазорон ҳамсафони мо, ки дар майдони обу оташ аз пуштибонии сохти конститутсионӣ истодагарӣ намуда буданд, ба даст омадааст."

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҲНИТ
Саидумар Ҳусайнӣ, вакили Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон қаблан ба "Озодӣ" гуфта буд, ки дар сурати пешинҳоди тарҳи Қонуни афв ба порлумон масъалаи афви собиқ мухолифинро низ дар миён хоҳад гузошт.

Суоли аслӣ ин аст, ки оё номаи ин афрод дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва ин маҳбусҳо шонси афв шуданро доранд? Бо ин суол ба ҳуқуқдон Бузургмеҳри Равшан муроҷиат кардем.

ВАКИЛОН МЕТАВОНАД ИСЛОҲ ВОРИД КУНАНД?

Вай дар посух чунин гуфт: "Ин 143 маҳбус ҳаққи муроҷиат карданро доранд ва Маҷлиси намоянадгон низ имкони баррасии номаи онҳоро дорад. Ҳоло ин санад ҳамагӣ лоиҳа аст. Ҳангоми баррасӣ вакилон метавонанд ба ин тарҳ илова ворид кунанд ва бо ташаббуси худ масъалаи озод шудани ин афродро низ дар миён гузоранд."

Полковники мустаъфӣ, узви зеркумисюни низомии Кумисиони оштии милии пешини Тоҷикистон, Хайрулло Ҳайдаров, ба ин назар аст, ки агар ба истилоҳ собиқ аъзои Фронти халқӣ ва размандаҳои пешини мухолифинро ҳам раҳо кунанд, барои таҳкими эътимоди мардум ба суботу оромӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Вай аз ҷумла меафзояд: "Дар ҳамон давра гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев ҳам иштибоҳи калон кард, хиёнати бузург кардааст, зидди мардуму зидди давлат баромадаанд, инҳо ҳам баъзе иштибоҳҳое карданнд, ки дар маҳбас нишастаанд. Ҳоло тарҳи қонун ба порлумон фиристода шудааст ва агар роҳи дурустеро пайдо кунанду инҳоро ҳам озод намоянд, беҳтар мебуд."

"ОНҲО БА ҶИНОЯТҲОИ ДИГАР АЙБДОР ШУДААНД"


Бо ин вуҷуд баъзе аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки номаи беш аз 140 маҳбусе, ки худро намояндаҳои собиқ Фронти халқӣ ва Иттиҳоди мухолифини пешин муаррифӣ намудаанд, аз лиҳози мантиқӣ чандон дуруст нест. Зеро ин афрод дар додгоҳҳо барои узвият дар Фронти халқӣ ё ба унвони афроди собиқ Иттиҳоди оппозитсиюн айбдор карда нашудаанд. Онҳо бо ҷиноятҳои дигар ба маҳкама кашида шудаанд.

Дар соли 1999, пас аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон ҳукумати кишвар расман намояндаҳои мухолифинро, ки дар маҳбасҳо ба сар мебурданд, тибқи феҳрасти пешниҳодии Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсюн афв карда буд.

МУХОЛИФИНИ ПЕШИНРО ОЗОД НАМЕКУНАНД?

Мақомоти додситонии Тоҷикистон эълон карда буданд, ки ба дунболи ин бахшиш агар ҳар нафаре, ки аз кадом ҷониб ба ҷиноят даст мезанад, ба маҳкама кашида хоҳад шуд. Аммо раҳбарони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешини тоҷик бо назардошти ин ки афви соли 1999 ба таври бояду шояд иҷро нашуд ва тарафдорони онҳо ҳамчунон дар зиндонҳо нигоҳдорӣ мешаванд, ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карданд, ки то онҳоро озод кунанд. То кунун ин муроҷиат ба эътибор гирифта нашудааст.

Бар асоси тарҳи қонуни афв, ки ба муносибати 20 –умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон таҳия шудааст, ҳудуди 15 ҳазор нафар авф мешаванд ва аз ҷумла 4 ҳазор маҳбус аз зиндонҳо раҳо хоҳанд шуд. Мӯҳлати ҷазои афроди дигар кӯтоҳ карда мешавад ва парвандаҳои ҷиноии теъдоди зиёди дигар лағв хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG