Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафи генералҳои тоҷик боз афзуд


Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба 13 нафар аз афсарони нерӯҳои мусаллаҳ унвони олии низомии генералӣ эъто шудааст.

Аз ҷумла панҷ нафар ба шумули раиси кумитаи амнияти миллӣ, муовини ӯ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, муовини аввали вазири умури дохилӣ ва фармондеҳи Горди миллӣ ба гирифтани унвони генерал - лейтенант сазовор шудаанд. 6 нафар аз афсарони вазорати дифоъ аз ҷумла фармондеҳи собиқи баталиёни 25-уми мухолифони собиқи давлат низ ба гирифтани унвони генералӣ мушарраф гаштааст.

Ҳоло баҳс ин аст, ки оё Тоҷикистон бо артиши камшумор ва кӯчак ба чунин теъдоди генералҳо ниёз дорад. Генерал дар Тоҷикистон чӣ имтиёз дорад ва мизони эътибори он то куҷост?

Баъд аз анҷоми раванди истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, соли гузаштаи 2010 мелодӣ барои нерӯҳои низомӣ ва интизомии кишвар соли мушкил буд, соли хушномӣ набуд.

ҲОДИСАҲОИ ЯК СОЛИ АХИР ВА УНВОНГИРИИ АФСАРОН

Эътои унвони олии низомӣ, генералӣ ба афсарони нерӯҳои интизомӣ ва низомиву амниятӣ дар пешманзари ҷашни 20 солагии истиқлол, аммо дар пасманзари як ҷанги эълоннашуда барои ин нерӯҳо, ки аз 23-юми августи соли 2010 бо фирори маҳбусон аз боздоштгоҳи КАМ оғоз шуд, сурат мегирад. Дар ин набард, ки бо куштани 25 нафар сарбозу афсари вазорати дохила дар дараи Камароб идома кард, нерӯҳои давлатии Тоҷикистон дар давоми сол бештар аз 150 нафар нафар кушта ва маҷрӯҳ доданд.

Нерӯҳои давлатии Тоҷикистон баъди ақди созишномаи Хусдеҳ дар соли 1996 ҳаргиз дигар мутаҳамили чунин талафоте нашуда буданд. Ба ҳар ҳол, аз 25 фирории зиндон, танҳо як нафар дар озодӣ боқӣ мондааст, ки дар ҷараёни таъқиби онҳо низ бештар аз даҳ нафар корманди милиса ва амният ҷони худро аз даст дода ва мҷрӯҳ шуданд. Гурӯҳи мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ низ дар Рашт, ки масъули ҳамла ба корвони вазорати дифоъ ва куштани 25 сарбози вазорати дифоъ буданд, маҳв шуданд. Агарчанд нигаронӣ аз имкони вахомати авзоъ ҳамчунон рафъ нашуда ва боқӣ мондааст.

НИШОНАИ ҚАДРШИНОСӢ

Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, додани унвони генералӣ нишони қадршиносӣ аз кори шоистаи афсарони нерӯҳои мусалаҳ аст.
Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон

Ӯ мегӯяд: «Ин унвону мукофотҳоро афроди мазкур барои хидматҳои шоиста дар сафи қувваҳои мусаллаҳ аз сӯи сарфармондеҳи олии қувваҳо дарёфт кардаанд. Қисми зиёде ин афрод, хидмати худро аз фармондеҳи взвод сар карданд ва ҳоло дар Ситоди марказӣ ва дастгоҳи вазорат кору хидмати худро идома дода истодаанд.»

Ба думболи ҳаводиси фирори маҳбусон ва куштори сарбозон дар Рашт, ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон аз сӯи коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ мавриди интиқоди шадид қарори гирифт ва масъулони ин соҳа ба бемасъулиятӣ ва ғайри ҳирфаӣ будан муттаҳам шуданд. Ба ин далел аз ҷумла ҳамаи ҳайати раҳбарии КДАМ ба думболи ҳодисаи фирори маҳсубон барканор шуданд. Аммо масъулони вазорати дифоъ ва дохила дар ҷои худ боқӣ монданд.

Ҳоло низ бархе аз коршиносон мегӯянд, дар эътои унвони генералӣ мақомоти олии сиёсии кишвар бояд бештар муҳтот мебуданд ва ин унвонро танҳо ба шахсиятҳои истисноӣ медоданд. Афзунии шумори генералҳо аз як сӯ ва аз сӯи дигар дар бархе маворид бесалоҳиятӣ ва ё бе имтиёзии онҳо қадру салобати генералиро дар ҷомеъа то ҷое коҳиш додааст.

"УНВОНИ ГЕНЕРАЛИРО БОЯД ҚАДР КУНЕМ"

Генерал Абдулло Ҳабибов, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар ин маврид мегӯянд: «Мо бояд унвони олии низомӣ, генералиро қадр кунем. Фақат ба шахсони шоиста бояд ин унвонро дод. Дар таърихи Тоҷикистон як генерал Тошмуҳаммадов буд, ҳама ӯро мешинохт. Ё
Генерал Абдулло Ҳабибов, муовини собиқи вазири дифоъи Тоҷикистон

генерал Маҳкамовро, ки танҳо генерал лейтенанти Тоҷикистон буд. Ҳоло истиқлолият аст, вазъият фарқ мекунад, аммо боз ҳам бояд бо эҳтиёт буд дар додани унвони генералӣ. Зеро ман мисолҳои зиёде медонам, ки генерал аз мақомаш барканор мешавад ва дар вазифае кор мекунад, ки муносиби полковиник ва подполковник аст. Ин паст задани ин номи генералӣ аст. Шумораи генералҳо ҳам бояд зиёд набошад.»

Ин дар ҳолест, ки дар дар Тоҷикистони шӯравӣ танҳо ду мансаби генералӣ мавҷуд буд, яке вазири корҳои дохилӣ, ки метавонист генерал - лейтенант бошад ва дигаре комиссари ҳарбии ҷумҳурӣ, ки бояд унвони генерал-майорро медошт. Инчунин муовини аввали вазири дохила ҳам метавонист унвони генерал-майорро соҳиб шавад, аммо муовинони дигари ӯ мансаби генералӣ набуданд.

ШУМОРАИ ГЕНЕРАЛҲОИ ТОҶИК ЧАНД АСТ?

Аммо ҳоло шумори дақиқи генералҳои тоҷикро касе, ҳатто дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ҳам, ки ин унвонро эъто мекунад, гум кардааст. Баъд аз касби истиқлол ва таъсиси артиши миллии Тоҷикистон, афроди зиёде ба мавриду бемаврид ба гирифтани унвони генералӣ мушарраф гаштанд ва генералшавӣ дар артиши Тоҷикистон боиси масхара ва хандахариш дар ҷомеъа ва ҳатто матбуоти Маскав шуда буд.

Ҳоло Тоҷикистон як генерали артиш, ки Эмомалӣ Раҳмон аст, панҷ генерал - полковник ба шумули Саидамир Зуҳуров ва Шералӣ Хайруллоеву Абдураҳим Қаҳҳоров, Хайриддин Абдураҳимов ва Ҳумдин Шарифови фақид ва теъдоди бешумори генерал-лейтенанту генерал-майорро дорад.

ГЕНЕРАЛҲОИ ЗИНДОНИИ ТОҶИК

Тоҷикистон инчунин дар кунҷи зиндонҳои худ низ ҳадди ақал чаҳор чор генерал майор ва як генерал лейтенант, ба шумули Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоевро дорад. Ва ин вазъиятро ҳаҷнависи тоҷик Имомназари Холназар дар ҳикояе бо танз гирифта навиштааст, шарт нест, ки Тоҷикистон ба дарё роҳ дошта бошад, кофӣ буд, агар як ҳавзча медоштем, то соҳиби сад адмирал мешудем. Танзнависи дигари тоҷик Наҷмуддин Шоҳинбод ҳам ҷое дар ин робита мегӯяд, шумори ду тоифа- мулло ва генерал гум шудааст.
XS
SM
MD
LG