Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои 30-юм ва 31-уми июл дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии озод барои ҷавоизи клуби варзишии “Шоҳона” бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа беш аз 120 варзишгар аз ҳамаи манотиқи Тоҷикистон, инчунин, гуштигирон аз Ёқутистони Русия ширкат карданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:

вазни то 55 кг – 1.Шамсиддини Насрулло (Душанбе)
2.Вайсиддин Ибодов (Душанбе)
3.Алиёр Алидодов (Душанбе)
3.Орзу Эмомов (Данғара, Хатлон)

вазни то 60 кг – 1.Николай Ноев (Ёқутистон, Русия)
2.Фарҳод Усмонзода (Душанбе)
3.Маҳмадшо Нуриддинов (Душанбе)
3.Ҳусниддини Алишер (Кӯлоб, Хатлон)

вазни то 66 кг – 1.Инъом Инъомов (Душанбе)
2.Тоҷиддин Хоҷаев (Душанбе)
3.Илҳомиддин Холов (Душанбе)
3.Виталий Корякин (Ёқутистон, Русия)

вазни то 74 кг – 1.Азамат Сӯфиев (Душанбе)
2.Фаррух Шарифов (Душанбе)
3.Равшан Болтаев (Суғд)
3.Фирдавс Хушдилов (Душанбе)

вазни то 84 кг – 1.Салим Хоҷаев (Душанбе)
2. Масрур Миралишоев (Душанбе)
3. Фаридун Кабиров (Душанбе)
3.Фарҳод Собитов (Исфара, Суғд)

вазни то 96 кг – 1.Фахриддин Салимзода (Душанбе)
2.Муҳаммад Сафаров (Душанбе)
3.Исфандиёр Додихудоев (ВМКБ)
3.Далер Шамсов (Душанбе)

вазни то 120 кг – 1.Эраҷ Холов (Душанбе)
2.Усмон Аҳмадов (Душанбе)
3.Қаҳрамон Юнусов (Душанбе)
3.Шералӣ Сафаров (Душанбе)

Наврӯз Турсунзода, раиси Ширкати “Шоҳона” ва ҳамзамон раиси клуби варзишии “Шоҳона”, ба паҳлавононе, ки ҷойҳои якуму дуввум ва севумро касб карданд, тӯҳфаҳо тақдим кард.

Абдурозиқ Олимов
Сардовари ин мусобиқа Абдурозиқ Олимов, мураббии калони дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “Ин мусобиқа, ки бо ширкати гуштигирони Тоҷикистону Ёқутистони Русия дар сатҳи баланд баргузор шуд, бешак, барои рушди ин навъи олимпии варзиш дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар ин ҷо мо истеъдодҳои навро кашф намудем, ки яке аз онҳо Инъом Инъомов мебошад. Ин паҳлавони ҷавони тоҷик, ки имсол мактаби миёнаро хатм карда, ҳуҷҷатҳояшро барои дохилшавӣ ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯмин Раҳимов супурдааст, маҳорати баланд нишон дод. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило бар ҳамаи рақибонаш, аз он ҷумла бар гуштигири маъруфу пуртаҷриба Виталий Корякин, ширкаткунандаи Олимпиадаи Пекин-2008, аз рӯи холҳо бо ҳисоби 3:0 ва 5:0 дастболо шуд ва мақоми аввалро касб кард”.



Ҷаноби Олимов дар идомаи сӯҳбат гуфт, барои гуштигирони тоҷик имсол соли махсус аст ва онҳо барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 талош мекунанд.

Ӯ афзуд: “Бузургтарин мусобиқаи имсола – сабқати ҷаҳонии гуштии озод аз 12-ум то 18-уми сентябр дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор мешавад. Онҳое, ки дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро мегиранд, соҳиби роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон мешаванд. Ҳоло мо ба ин мусобиқа омодагӣ мебинем. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 8 нафар шомиланд: Николай Ноев (55 кг), Фарҳод Усмонзода ва Виталий Корякин (60 кг), Сомиршо Воҳидов (66 кг), Азамат Сӯфиев (74 кг), Юсуф Абдусаломов (84 кг), Искандари Рустам (96 кг) ва Эраҷ Холов (120 кг)”.


Ба иттилои Абдурозиқ Олимов се нафар гӯштигирони ҷавони тоҷик – Баҳодур Қодиров, Фирӯз Ёқубов ва Фахриддин Салимзода дар мусобиқаи қаҳрамонии гуштии озоди Осиё миёни наврасону навҷавонон, ки 3-юми август дар Тайланд шурӯъ мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG