Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дар пешoрӯи бӯҳрони иқтисодӣ?


Бинои конгресси Амрико
Бинои конгресси Амрико

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бузургтарин иқтисоди ҷаҳон ҳоло ба вазъи тассавурнокардание рӯ ба рӯ шудааст.

Зеро дар сурати ба мувофиқа нарасидани вакилони асабонии Иёлоти Муттаҳида дар мавриди боло бурдани сақфи қарзи кишвар, иқтисоди ҷаҳон ба ларза медарояд.

Бо вуҷуди баҳсҳои тӯлонӣ, тарҳҳои гуногун ва шабҳои бехобӣ, вакилони Амрико то кунун сари ин масъала ба созиш нарасидаанд ва чанд рӯзи дигар мондааст, ки қарзи Амрико ба ҳадди ниҳоии худ расад ва Иёлоти Муттаҳида натавонад, баъзе аз қарзҳои худро пардохт кунад.

ОЁ ИҚТИСОДИ ИМА ВАРШИКАСТА ХОҲАД ШУД?

Оё сарватмандтарин ва нерӯмандтарин кишвари ҷаҳон варшикаста хоҳад шуд? Агар вакилони мардумии Амрико ихтилофоти назари худ доир ба сақфи қарзи ҳукуматро то 2-юми август рафъ накунанд, ҷавоби ин суол мусбат хоҳад буд.

Ҳадди қарзи ҳукумати Амрико ҳоло 14 триллиону 300 миллиард долларро ташкил медиҳад ва ҳукумати Обама мехоҳад, конгресс ин ҳадро боло барад, то Амрико тавонад, барои иҷрои барномаҳои ҷориаш қарз бигирад.

Боло бурдани сақфи қарз барои вакилон то кунун кори маъмулӣ будааст ва дар муддати 50 соли гузашта онҳо 80 маротиба ва танҳо дар аҳди Ҷорҷ Буш 7 маротиба ин корро кардаанд. Аммо ҳоло гурӯҳе аз вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, ки Маҷлиси Намояндагонро дар даст доранд, мехоҳанд, ҳукумати Барак Обама дар ивази боло бурдани сақфи қарз хароҷоти буҷаи давлатиро башиддат кам кунад. Сенат, ки дар дасти демократҳост, мегӯяд, агар ҷумҳурихоҳон дар ин роҳ ифрот кунанд, қарорҳояшон тасвиб нахоҳад шуд.

БУНБАСТ ДАР КОНГЕСС

Ҳамингуна ҳоло конгресс ба бунбаст рӯ ба рӯ шудааст. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе, ҷумҳурихоҳонро барои он корашон интиқод кард ва ҳушдор дод, ки дар сурати боло набурдани ҳадди қарзгирӣ, Амрико башиддат осеб хоҳад дид: “Агар чунин шавад ва мо варшикаста шавем, пули кофӣ барои пардохти ҳисобҳои худ нахоҳем дошт, аз ҷумла барои имтиёзҳои иҷтимоӣ, имтиёзҳои собиқадорон, қарордодҳои ҳукуматӣ, ки бо ҳазорон тоҷир имзо кардаем. “

Аммо ҷумҳурихоҳон ба раҳбарии раиси Маҷлиси Намояндагон Ҷон Бейнер, мегӯянд, ин демократҳо ба раҳбарии Барак Обама ҳастанд, ки ба Амрико латма мезананд: “Ман ҳамеша ба ин бовар будам, ки ҳукумат ҳар қадар бузург бошад, мардум ҳамон қадар хурд мешаванд. Ва алъон мо ҳукумати бисёр бузург ва пурхарҷ дорем, ки нерӯи мардумро мемакад ва намегузорад, то иқтисоди мо ба қудрати комилаш фаъолият кунад. Ҳалли ин бӯҳрон мушкил нест. Агар шумо пули бисёр харҷ мекунед, ба пули бисёртар ниёз доред, аз ин рӯ бояд пули камтар харҷ кунед. “

ШОНСИ ТАЪРИХӢ


Шонси хотима додан ба бунбаст дар мавриди боло бурдани ҳадди қарзи ҳукумати Амрико шаби панҷшанбе бадтар шуд, зеро дар миёни ҷумҳурихоҳон низ дар робита ба масъала ихтилофи назар ба вуҷуд омад. Онҳо мегӯянд, тарҳи Ҷон Бейнер барои коҳиши харҷи давлатӣ ба қадри кофӣ сахтгирона нест.

Ба гуфтаи иқтисоддонон, агар Амрико рӯзи 3--юми август бархезад, ки тарҳи қонун тасвиб нашудааст, шоҳиди рӯзҳои сахте хоҳад шуд. Ҳукумати Амрико маҷбур мешавад, муассисаҳои зиёди давлатиро бубандад ва ҳаққи имтиёзҳои иҷтимоӣ ва тиббии миллионҳо амрикоӣ низ нопардохта мемонад.

ПАЁМАДИ МАНФӢ БАРОИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН

Гузашта аз ин, эътимоди сармоягузорон ба Амрико, ки беҳтарин ҷойи сармоягузорӣ дар ҷаҳон дониста мешавад, коҳиш хоҳад ёфт, ки ин барои ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳо бисёр тарснок аст. Арзиши доллар ҳам поён меравад, эҳёи кунди иқтисоди Амрико аз ҳаракат мемонад ва бесарусомонии молӣ метавонад тамоми ҷаҳонро фаро гирад.

Кристин Лагард, мудири Сандуқи Байналмилалии Пул ин масъаларо чунин шарҳ медиҳад: “Ошкор бигӯем, варшикастагӣ ва поён овардани нишондиҳандаҳои эътимоди иқтисодӣ ба Амрико як ҳодисаи бисёр ва бисёр ҷиддӣ на танҳо барои Амрико, балки барои тамоми иқтисоди ҷаҳон хоҳад буд, зеро он паёмадҳои манфии бисёр васеъ хоҳад дошт. “

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико барои ҳалли ин бунбаст, роҳҳои дигар, аз ҷумла роҳҳои сиёсӣ ҳам дорад, вале ба эътиқоди аксарият, аз ин роҳҳо истифода нахоҳад кард. Вале шояд то ҳафтаи дигар, ки 50 солагиашро ҷашн мегирад, чанд мӯи сиёҳи сараш сафед хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG