Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саволи Шумо ба Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода


Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода

Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода

Рӯҳонии маъруф, Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода, изҳори омодагӣ кард, ки дар остонаи моҳи шарифи Рамазон ба саволҳои мухталифи хонандагони торнамои "Озодӣ" посух бигӯяд.

Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода, рӯзи 1-уми июли соли 1952 дар деҳаи Санги Кулулаи собиқ ноҳияи Сари Хосор таваллуд шуда ва таҳсилоти ибтидоиро дар назди қиблагоҳаш - Домулло Пирмуҳаммад, маъруф ба Махдуми Санги Кулула, ки аз шахсиятҳои бузурги исломӣ дар даврони Шӯравии пешин будаанд, гирифтааст.

Сипас аз таълимоти мактаби Эшони Домулло Муҳаммадӣ ва Қорӣ Муҳаммадҷонӣ Хуқандӣ, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ, баҳравар шудааст.

Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода аз нахустин хатмкардагони Донишгоҳи ба номи Имом Тирмизӣ мебошад. Фаъолияти корияшро дар солҳои ҳафтодуми қарни гузашта дар масҷиду мадрасаҳо оғоз мекунад.

Дар 20 соли пеш масҷидеро дар ноҳияи Ҳисор бо номи "Муҳаммад Расулуллоҳ" таъсис дода ва то кунун имомхатиби масҷиди марказии ин минтақа мебошад.

Муаллифи чандин китобу рисолаҳои илмӣ буда, аълочии матбуоти тоҷик, узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон ва аз барандагони ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG