Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Привал в шатре Хайяма ё «Таваққуф дар хаймаи Хайём» китоби нахустини адиб ва мутарҷими ҷавон Илҳом Юнусов буда аз тарҷумаи рубиёти Умари Хайём иборат аст.

Вижагии ин китоб аз тарҷумаҳои пешин дар он аст, ки мегӯянд мунаққидон, муаллиф тавонистааст, ки фалсафа ва маъниву тобишҳои аслро дар рубоиёти ин мутафаккири маъруф ҳангоми тарҷума халалдор насозад, балки баръакс хеле тобнок ва муаассир ба қалам диҳад.

Шуғли аслии Илҳом Юнусов муҳандисиву соҳибкорист ва нашри ин китоби ӯ, ки ҳамагӣ 400 нусха аст, арзиши тиҷоратӣ надоштаву бештар ба имкони моливу завқи муаллиф иртибот мегирад.

Илҳом Юнусов дар нахустин китоби худ рубоиёти шоир ва мутафаккири маъруф Умари Хайёмро бо тарзу усули хос тарҷума кардааст ва чуноне худи ӯ мегӯяд, вай кӯшиш кардааст, ки дар қиёс бо тарҷумаҳои пешин, асолати фалсафаи Хайём, ки дар меҳвари маънии он ирфону тавҳид маҳфуз аст, халал наёбад.





Гар гавҳари тоатат насуфтам ҳаргиз,
Гарди гунаҳ аз чеҳра нарӯфтам ҳаргиз.
Бо ин ҳама навмед наям аз карамат,
Зеро, ки якеро ду нагуфтам ҳаргиз.

Непослушания всю жинь переносил заразу,
Соблазны и грехи были приятны галазу.
Но уповаю всё же на Твою я милость:
Единобожию не изменил ни разу

Илҳом Юнусов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бисёре асарҳо ва тарҷумаҳои адибони тоҷик ва хориҷиро дар бораи Хайём ва осори ӯ хондааст, вале китоби шоири тавонои тоҷик Гулрухсор дар бораи Хаём ва эҷодиёти ӯ, ки як андоза асари пажӯҳишӣ ва як навъ сайре дар олами маъниҳои баланди рубоиёти ӯст, манбаи илҳомаш гаштааст.

Вай афзуд: «Ишқи ман ба рубоиёти Хайём ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ рӯй зада буд. Ман худ, ки касбу корам куллан дигар аст, хатмкардаи Академияи дипломатии Русия ҳастам, вале ба корҳои сохтмону муҳандисӣ машғулам, дар вақтҳои холӣ мисли худи Хайём, ки ӯ низ дар ҳолатҳои фориғ будан рубоӣ эҷод мекард, ман ҳам дар лаҳзаҳои холигӣ рубоиёти Хаймро тарҷума мекунам. Боз чизи дигаре, ки маро водор ба тарҷумаи рубиёти Хайём кард, ин буд, ки ман дар тарҷумаҳои пешин нозукиҳову таровати фикри аслии Хайёмро ками дар кам дарёфтам.»

Илҳом Юнусов афзуд, номи дигари ин китоби ӯ «100 СМС или послание от Хайяма» ном дорад. Ва ӯ ба ин хотир ба китобаш чунин ном гузоштааст, ки рубоиёти Хайём бо

кӯтоҳиву рехтагӣ вале ба навбаи худ бо маъниҳои баланди инсониву ирфониаш маҳбуби хоса ҷавонон аст ва ҳоло, ки замони илму фановариҳои нав аст, гӯё Хайём ҳам рубоиҳои худро ба ҷавонон тариқи СМС мефиристад, то онҳо аз ин маъниҳои баланд баҳра бигиранд.

Китоби Илҳои Юнусов «Привал в шатре Хайяма» ё «Таваққуф дар хаймаи Хайём»-ро ахиран интишороти «Шуҷоиён» бо адади 400 нусха ба нашр расонидааст.

Дар бархе маҳофил, дар мавриди ин китоб баҳсу баррасиҳо зуҳур кардааст, вале ин китоб ва ин адибу тарҷумони ҷавону соҳибзавқ ҳанӯз барои доираҳои адибони касбӣ, аз ҷумла Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чандон ошно нест.

Ва аммо адиби шинохта ва мутарҷими тоҷик Салими Хатлонӣ мегӯяд, таваҷҷуҳи ӯро Илҳом бо тозаназарӣ ва андешаи амиқу истеъдоди хуби тарҷумониаш кайҳо ба худ ҷалб карда буд.

Вай зимни истиқбол аз чунин як китоб ва адибу мутарҷими ҷавоне мисли Илҳом Юнусов ба Озодӣ гуфт, ӯ тарҷумаҳои зиёди рубиёти Хаёмро хондааст, вале ба назари ӯ тарҷумаи Илҳом Юнусов чизи дигар аст: «Як вижагии тарҷумаи Илҳом дар он аст, ки вай ба шеъри Хайём дар аслаш яъне ба форсӣ ошност ва онро дар аслаш хондааст ва рубиёти Хайём ба ҷону рӯҳи вай наздик аст. Барои ҳамин тавонистааст, ки ҳамон мағзи аслии рубиёти Хайёмро бе ягон халалу таъсиру иштибоҳ тарҷума кунад. Яъне вақте тарҷумаи Илҳомро ба русӣ мехонӣ, гуё онро ба форсӣ мехонда бошӣ. Масалан ирфон, ки мояи маъруфияти Хайём аст, дар ин тарҷума рӯшан аст. Чизи дигаре, ки хеле муҳим аст ин аст, ки Илҳом худ донанди хуби забони русӣ аст.»

Илҳим Юнусов 41 сол дорад. Хатмкардаи Академияи диломатии Русия буда дар ҳоли ҳозир раиси ширкати сохтмониву тиҷоратии «ТОҶРУСҲАМКОР» мебошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG