Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таассуфи раҳбарони "News Corp"


Руперт Мердок, раҳбари “News Corporation”
Руперт Мердок, раҳбари “News Corporation”

Раҳбарони “News Corp” ва "News of the World" барои гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонии ҳазорон кас аз сӯи ин нашрия изҳори таассуф карданд.

Дирӯз Руперт Мердок, раҳбари 80-солаи “News Corporation”, писари 38-солаи ӯ Ҷеймс ва мудири собиқи бахши бритониёии ин ширкати матбуотӣ Ребека Брукс тайи чандин соат дар робита ба ҷанҷоли гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонӣ аз сӯи “News of the World”, нашрияи таблоидие, ки ба Мердок тааллуқ дошт, дар кумитаи матбуоти парлумони Бритониё таҳти бозҷӯӣ қарор гирифтанд.

"ИМРӮЗ ЗАБУНТАРИН РӮЗ ДАР ЗИНДАГИИ МАН АСТ."

Руперт Мердок ва Ребека Брукс ба вакилони парлумон аз ин ҷанҷоли бархоста, ки алакай мунҷар ба баста шудани “News of the World” баъди 138 соли фаъолият ва истеъфои як гурӯҳи раҳбарони аввали “News Corporation” ва ду афсари баландпояи пулиси Бритониё шуд, изҳори таассуф карданд. Худи Мердок дар парлумон аз ҷумла гуфт: “Ман мехоҳам як ҷумла бигӯям: Имрӯз забунтарин рӯз дар зиндагии ман аст.”

Таблоиди “News of the World” ба пинҳонӣ гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонии тақрибан 4000 нафар, аз ҷумла
Баррасии қазия дар кумитаи матбуоти парлумони Бритониё

шахсиятҳои маъруф, аъзои хонаводаи сарбозони бритониёии дар ҷангҳо кушташуда ва қурбониёни гурӯҳҳои ҷиноӣ, аз ҷумла як наврасе, ки рабояндагон баъдан қатлаш карданд, айбдор мешавад.

Баъди ду соати бозҷӯӣ, як нафар, ки тавре баъдан маълум шуд, ширинкори фаъоле бо номи Ҷоннӣ Марблз будааст, ба сӯи Руперт Мердок як пора шириниро ҳаво дод. Бозҷӯӣ ба ин далел 10 дақиқа маътал шуд, то Мердок пиҷаки расвошудаашро аз тан бикашад.

ЛАТМА БА ТАВОНМАНДИҲОИ МОЛИИ "NEWS CORPORATION"

Аммо доғе, ки ба исми Мердок ва ширкати бузурги матбуотии ӯ аз ҷанҷоли “News of the World” часпидааст, гумон аст, ки ба чунин осонӣ, яъне танҳо бо табдили пиҷаки тан шуста шавад. Ин қазия аллакай ба тавонмандиҳои молии “News Corporation” латмаи ҷиддӣ зада, боиси ба маблағи чандин миллиард доллар поин рафтани қимати умумии саҳмияҳои он дар бозори бурс шуд ва дастони Руперт Мердокро аз иҷрои чанд тарҳи пуриддаои дигар, аз ҷумла касби аксари саҳмияҳои шабакаи телевизионии “Sky News”, ки низ дар назорати ширкати ӯ қарор дорад, кӯтоҳ кард.

Ӯ дар парлумони Бритониё гуфт, вақте ду ҳафта қабл аз аъмоли хабарнигорони “News of the World” хабар ёфт, “такон хӯрд, ба даҳшат уфтод ва шарм дошт.” Вале вақте аз ӯ пурсиданд, ки худро шахсан масъули ин ҳама мешуморад ё хайр, гуфт ки: “На.”

Ба эътиқоди Руперт Мердок, масъулият ба дӯши “мардумест, ки ӯ ба онҳо эътимод баста буд ва ҳам шояд афроде, ки онҳо ба навбаи худ эътимод карданд.”

Мердок гуфт, ин афрод буданд, ки “рафтори нангин ва ба ширкат ва ба худи ӯ хиёнат карданд”, вале ӯ боз ҳам “нафарест, ки бояд ин ҳамаро пок кунад.”

Руперт Мердок як баёнияи аз қабл иншошударо ҳам қироат
Рӯзноманигорон дар интизори натоиҷи бозпурсӣ

кард, ки аз ҷумла ин ҳарфҳоро дошт: “Ман мехоҳам кулли қурбониёни ин дуздиҳои сӯҳбатҳои телефонӣ бидонанд, ки ман маъзарати тамом ва амиқ мехоҳам. Узр хостан наметавонад ончиро, ки гузашт, ба ақиб баргардонад. Аммо мехоҳам, то онҳо умқи таассуфи ман аз ин тааррузҳои зишт ба ҳарими зиндагии онҳоро бидонанд. Ман мояи хашми онҳоро комилан дарк мекунам ва қасд дорам ба таври хастагинопазир кор кунам, то маро бубахшанд.”

РУХДОДЕ "ВАҲШАТАНГЕЗ ВА ТААССУФОВАР"


Писари ӯ Ҷеймс Мердок, ки умури нашрияи ҷанҷолиро назорат мекард, низ ин қазияро “мояи таассуфи бузург” номид.

Ребека Брукс, сардабири собиқи “News of the World”, ки рӯзи ҷумъа дар иртикоби ин парванда боздошт ва рӯзи душанбе дар ивази пардохти пули гарав раҳо шуд, ончиро, ки дар ин нашрия гузашт, бахусус муттаҳам шудани “News of the World” ба гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонии қурбониёни гурӯҳҳои ҷиноиро рухдоде “хеле ваҳшатангез ва таассуфовар” номид.

Руперт Мердок: "Ин рӯз забунии ман аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG