Пайвандҳои дастрасӣ

"Фуруди изтирории ҳавопаймои раиси ҷумҳури Покистон"


Ҳавопаймои ҳомили Осиф Алӣ Зардорӣ, ки озими Эрон буд, дучори мушкили фаннӣ шуда маҷбур ба фуруди изтирорӣ гашт.

Онгуна, ки хабаргузориҳо ва шабакаҳои телевизионии Покистон гузориш медиҳанд, ҳавопаймои низомии С-130, ки ҳомили Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ буд, рӯзи шанбе аз пойгоҳи ҳавоии Чаклала дар наздикии Исломобод ба парвоз медарояд, аммо пас аз 12 дақиқаи парвоз, ба далели мушкилӣ фаннӣ маҷбур ба фуруди изтирорӣ мешавад.

Бар пояи ин гузоришҳо, раиси ҷумҳури ин кишвар ва ҳайати ҳамроҳаш аз «фоҷеа»-и эҳтимолӣ ҷон бадар бурданд.

Шабакаҳои маҳаллии Покистон ҳамчунон гузориш додаанд, ки давлат дастур додааст дар бораи ин ҳодиса таҳқиқ анҷом гирад.

Ин гузориш меафзояд, пас аз ин ҳодиса ОсифАлӣ Зардорӣ бо ҳавопаймои дигар ба Эрон парвоз кардааст. Раҳмон Малик, вазири дохилии кишвар, Саид Навид Қамар, вазири обу нерӯ, Осим Ҳусайн, вазири нафт ва манобеи табии Покистон аз ҷумлаи мақомҳое ҳастанд ки Осиф Алӣ Зардориро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекардаанд.

Сафари Осиф Алӣ Зардорӣ ба Эрон, дар ҳоле сурат мегирад, ки муносиботи Исломобод ва Вошингтон даврони душвореро тай мекунад.

Амрико ду моҳ пас аз он, ки Усома бин Лодинро дар як минтақаи низоминишин дар наздикии Исломобод пайдо кард, 800 миллион доллар аз кӯмакҳои ду миллиарду ҳафтсад долларӣ ба ин кишварро ба ҳоли таълиқ даровард.

Зардорӣ, ки дар моҳи авохири моҳи гузашта низ барои ширкат дар конфронси мубориза бо терроризм ба Теҳрон омада буд, тавофуқномае бо ҳамтоёни эронӣ ва афғони худ дар заминаи мубориза бо шибҳинизомён ба имзо расонд.

Бо ин ҳол робитаи Эрон ва Покистон холӣ аз таниш набудааст. Эрон пеш аз ин Покистонро муттаҳам карда буд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла Ҷундуллоҳро дар хоки худ паноҳ дода ва онҳо аз онҷо алйҳи Эрон иқдом мекунанд.
XS
SM
MD
LG