Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сайбӣ Раҳмонова, як сокини Душанбе дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар пайи никоҳи хешутаборӣ, 4 наберааш дар рӯзҳо ва дар моҳҳои аввали ба дунё омаданашон фавтиданд.

Вай мегӯяд, ӯ қаблан дар бораи паёмадҳои никоҳи хешутборӣ маълумоти кофӣ надошт, вагарна писарашро бо холадухтараш никоҳ намекард: «Писари калонии ман ба холадухтараш хонадор шуда буд, 4 фарзандашон пайи ҳам вафот карданд. Се моҳагӣ ва ё чормоҳагишонда касали вазнин шуданду мурданд.. Ман худам намедонистам, ки ин қадар зарар дошта бошад хешутабор будани зану шавҳар. Ана баъди 4 фарзандашон мурдан, дар пайи табобатҳои дуру дароз ҳоло се фарзанд доранд.»

БОНГИ ИЗТИРОБИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ

Ин мусоҳиби мо дар ҳоле аз никоҳи хешутарбории писари худ бо холадухтараш изҳори пушаймонӣ мекунад, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз болоравии мизони маргу мири навзодон дар пайи никоҳи хешутаборӣ ва бемориҳои дигари модарзодӣ дар миёни навзодон бонги изтироб мезанад.

Масъулини ин ниҳод бо такя бо арқоми дар даст доштаашон мегӯянд, аз ҳамаи кӯдаконе, ки аз батни модар мурда ба дунё меоянд ва ё дар рӯзҳои аввали зиндагиашон мефавтанд, 10 дарсадро тифлоне ташкил мекунанд, ки бо бемориҳо ва иллатҳои модарзодӣ таваллуд шудаанд. Аз ин миён 80 дарсади кӯдакони фавтида бо амрози қалб ва бемориҳои роҳҳои нафас ба дунё омадаанд. Ба гуфтаи мутахассисон, яке аз омилҳои аслии пайдоиши бемориҳои модарзодӣ, хусусан сактаи дил ва роҳҳои нафас, никоҳи хешутбории волидон будааст.

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори хадамоти кӯмак ба модару кӯдак ва ба нақшагирии оилаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт: «Мутаассифона солҳои охир хеле зиёд шудааст ҳамин издивоҷи хешутаборӣ. Ин якум сабаби вафоти кӯдакон аст. Сабаби дуввумаш бемориҳои занон, ҳаргуна инфексияҳо ва бемориҳое, ки аз роҳи алоқаи ҷинсӣ ба вуҷуд меоянд, бағайр аз сифлису гонорея. Севвумаш ин, ки занҳо дар давоми ҳомиладорӣ ҳар хел доруҳои манъшударо то семоҳагии кӯдаки банашон мехӯранд. Ҳатто як аспирин ҳам метавонад ягон ҳуҷайраи кӯдакро нобуд кунад. Кӯдакон бе сурхной, бекалла, бе дасту бе пой ҳатто таваллуд мешаванд.»

НИГАРОНӢ АЗ АФЗОИШИ АМРОЗИ ҚАЛБӢ МИЁНИ НАВЗОДОН

Ҷаноби Раҳматуллоев, афзуд вазъи афзояндаи амрози қалб дар миёни навзодон бештар нигаронкунанда будааст ва ба ин хотир афзуд ӯ, тайи 4 соли охир ҷарроҳии қалбро дар синни навзодии кӯдакон ба роҳ мондаанд.

Вай гуфт, давоми нимаи аввали соли равон қалби 23 кӯдаки навзод мавриди ҷароҳӣ қарор дода шуд, ки аз ин миён ҷарроҳии танҳо ду нафар номуваффақ анҷом ёфтаасту халос: «Ҳамин сол бори аввал мо се кӯдакро ҷароҳии дил кардем. Ва қарор аст, ки мутахассисонро ба хориҷа фиристем ва баргашта ин ҷарроҳиро дар кӯдакони навзод идома диҳем ва то моҳҳои октябру ноябр қарор аст бештар аз 20 нафарро бояд ҷарроҳт кунем. Мо пештар то сесола кӯдаконро ҷарроҳии қалб намекардем. Аз ӯҳдааш намебаромадем. Ҳоло сар кардем ин ҷарроҳиро дар кӯдакони навзод. Ин имкон медиҳад, ки дигар мардуми мо 10-11 ҳазор доллар сарф карда ба хориҷа намераванду дар кишвари худамон ба ивази 3 000 доллар кӯдаконашонро ҷарроҳӣ мекунанд.»

Тибқи гузориши вазорати тандурустӣ, мизони маргу мири кӯдакон нисбат ба соли гузашта, ду дарсад афзоиш ёфтааст. Яъне аз ҳар 1000 навзоди зинда ба дунё омада 19,3 нафарашон фавтидаанд. Дар миёни кӯдакони то 5 сола бошад, ин рақам 23,4 нафарро дар бар мегирад.

Ва аммо ба гуфтаи масъулини вазорати тандурустии Тоҷикистон, теъдоди маргумири занони қобили ҳамл то андозае камтар шудааст. Агар дар соли 2010- ҳодисаҳои марги занон 49,5 бошад, пас дар нимаи аввали соли равон, 45,4 нафар аз 100 000 зинда таваллудро ташкил кардааст.

КОҲИШИ МИЗОНИ ТАВАЛЛУД ДАР КИШВАР

Гуфта мешавад мизони таваллуд низ, дар кишвар нисбат ба солҳои 90-ум, ду баробар коҳиш ёфтааст. Тибқи омори ниҳодҳои тандурустӣ, агар дар солҳои 90-ум дар як оила 6-7 кӯдак бошад, феълан дар як хонавода 3-4 фарзанд тарбият меёбад. Бино ба омори вазорати тандурустӣ, дар ду соли ахир дар Тоҷикистон таваллуд 4 ҳазор то кам ба қайд гирифта шудааст.

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори хадамоти кӯмак ба модару кӯдаки вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ин замина гуфт, аҳолии кишвар моҳияти ба нақшагирӣ ва танзими оиларо бештар дарк мекардагӣ шудааст: «Масалан ман худам 7 фарзанд дорам. Писари ман 3-4 фарзанд доштан мехоҳад. Духтари ман 2 фарзанд доштан мехоҳад. Яъне шароит мардумро ба ҳамин водор кардааст. Яъне худи зандагӣ ва шароит оиларо ба нақша дароварда истодааст ва одамон худашон медонанд, ки бояд чанд фарзанд дошта бошанд.»

Зимнан дар пайи таҳқиқотҳо ва омӯзиши мизони маргу мири занону кӯдакон, вазорати тандурустии Тоҷикистон ахиран барномаи милии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва табобати қалбро дар Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ба тасвиб расондааст, ки ин амр имкон медиҳад, вазъ то андозае дар ин замина беҳбуд ёбад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG