Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши талафот дар миёни аҳолии осоиштаи Афғонистон


Стефан Де Мистура, дабири "Ҳайати имдодрасони СММ дар Афғонистон"
Стефан Де Мистура, дабири "Ҳайати имдодрасони СММ дар Афғонистон"

СММ мегӯяд, талафоти ғайринизомиён дар 6 моҳи аввали соли 2011 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 15 % афзудааст.

Ба гузориши Ройтерз, Стефан Де Мистура, дабири «Ҳайати имдодрасони СММ дар Афғонистон» ва намояндаи вижаи СММ дар ин кишвар, рӯзи панҷшанбе зимни ироаи ин гузориш дар Кобул гуфт, ки дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 1462 ғайринизомии афғон дар асари инфиҷор, тирандозӣ ва ҳамлаҳои ҳавоӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ҳоле, ки СММ дар гузориши худ аз кушта шудани 1462 шаҳрванди афғон дар шаш моҳи гузашта хабар дод, хабаргузории Ройтерз низ рӯзи панҷшанбе бо ироаи оморе, шумори кушташудагони нерӯҳои НАТО-ро аз оғози ҷанги Афғонистон дар соли 2001 то кунун 2589 тан эълом кардааст.
Бар асоси гузориши СММ, аксарияти кушташудагон ғайринизомии шаш моҳи гузашта, қурбонии амалиётҳои шибҳи низомиён будаанд ва шибҳи низомиёни Толибон масъули кушта шудани 80 дарсад аз ғайринизомиён дар ин муддат будаанд.

Гузориши мазкур ҳамчунин ишора дорад, ки шумори талафот дар миёни ғайри низомиён бар асари амалиёти нерӯҳои НАТО ва пулиси Афғонистон нисбат ба соли гузашта 9 дарсад коҳиш ёфтааст ва он гуна, ки СММ мегӯяд, дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ, НАТО ва пулиси Афғонистон масъули кушта шудани 14 дарсад аз маҷмӯи ғайринизомиёни ҷон бохта будаанд.

Агарчанд бар асоси ин гузориш дар маҷмӯъ шумори талафоти ношӣ аз амалиёти нерӯҳои НАТО ва пулиси Афғонистон коҳиш ёфтааст, аммо дар ин шаш моҳ, ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон нисбат ба соли гузашта қурбонии бештаре гирифтааст.

Ин гузориш мегӯяд, шумораи кушташудагони аз ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ва Амрико дар Афғонистон дар ин шаш моҳ 14 дарсад афзоиш ёфта ва ба 79 шаҳрванд расидааст. Аммо бештарин дарсади афзоиши шумораи кушташудагони тактикаҳои мухталифи куштор дар ин муддат, вобаста ба ҳамлаҳои интиҳорӣ ва ё худкушона будааст.

Стефан Де Мистура рӯзи панҷшанбе дар конфронси хабарӣ дар Кобул, пойтахти Афғонистон изҳор кард, ки ин ҳайат бо Толибон дар тамос буд ва аз онҳо хостаанд то амалиёташонро мутаваҷҷеҳи ғайринизомиён накунанд. Вай бо ин ҳол тавзеҳ надод, ки вокуниши Толибон ба ин дархост чӣ будааст.

«Ҳайати имдодрасони СММ дар Афғонистон» вогузории барқарории амният дар бархе манотиқи Афғонистон ба нерӯҳои дохилиро аз далоили афзоиши шумори талафоти дар шаш моҳи гузашта донистааст.

Дар ҳоли ҳозир 132 ҳазор нерӯи НАТО дар Афғонистон хизмат мекунанд ва ИМА мутааҳҳид шудааст, ки то поёни соли 2014 назорат бар амнияти Афғонистонро ба таври комил ба нерӯҳои афғон вогузор кунад.
XS
SM
MD
LG