Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳолланд худро дар наслкушиҳои Боснӣ гунаҳкор медонад


Bosnia-Herzegovina -- Bosnian Muslim woman cries near coffins prepared for a mass burial at the Memorial Center in Potocari, near Srebenica, 11Jul2011

Bosnia-Herzegovina -- Bosnian Muslim woman cries near coffins prepared for a mass burial at the Memorial Center in Potocari, near Srebenica, 11Jul2011

Баъди 16 соли куштори дастаҷамъии мусулмонон дар Сребренитса, додгоҳи Ҳолланд ҳукм баровард, ки ҳукумати Ҳолланд гунаҳгор аст, зеро нерӯҳои ҳомии сулҳи ин кишвар аз ӯҳдаи ҳимояи аҳолии осоишта набаромадаанд.

Ин ҳукм танҳо ба се мусулмони боснӣ дахл дорад, ки дар пойгоҳи сарбозони Ҳолланд ифои вазифа кардаанд, вале ба қавли коршиносон, акнун наздикони беш аз ҳашт ҳазор қурбонии қатли оми Сребренитса имкон доранд, ин ҳукмро ҳамчун намуна барои даъвоҳояшон истифода баранд.

Соли 1995 дар авҷи ҷанги Босния, СММ ба як баталиони ҳолландии ҳомии сулҳ дастур дод, ки аҳолии осоиштаро аз ҳамлаи нерӯҳои сербҳои боснӣ ҳимоят кунанд. Нерӯҳои сербҳои Босния, ки таҳти фармондеҳии генерал Ратко Младич қарор доштанд, ба баталиони ҳолландӣ ваъда доданд, ки амнияти мусулмонони осоиштаи Боснияро кафолат медиҳанд, вале баъдан онҳо дар Сребренитса беш аз ҳашт ҳазор марду навраси мусулмонро ба қатл расонданд. Ин бузургтарин куштори дастаҷамъӣ дар Аврупои баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мебошад. СММ, Конгресси ИМА ва ду додгоҳи байналмилалӣ қатли оми Сребренитсаро генотсид унвон додаанд.
Моҳи майи соли равон мақомоти серб Младичро боздошт намуда, ба додгоҳи ҷиноятҳои ҳарбии СММ интиқол доданд. Ҳоло муҳокимаи ӯ дар трибунали байналмилалии шаҳри Гаага (Hague) идома дорад.

Додгоҳи бознигарӣ ё худ аппелятсионии Ҳолланд аснои арзёбии даъвои наздикони се мусулмони боснӣ, ки дар пойгоҳи сарбозони ҳолландӣ кор мекарданд, ҳукм баровард, ки баталиони ҳолландӣ аз ӯҳдаи ҳимояи мардуми осоишта набаромадааст. Додгоҳ ҳукумати Ҳолландро масъули куштори се фарди мазкур номида, амр додааст, ки ба ворисони қурбониҳо маблағи муайяне ба ҳайси ҷуброн тақдим гардад.

Ҳар се мусулмони боснӣ дар пойгоҳи канори Сребренитса ифои вазифа мекарданду, вақте сербҳо шаҳрро ишғол намуданд, мехостанд дар ҷои корашон пинҳон шаванд, вале сарбозони ҳолландӣ онҳоро ба сербҳо таслим намуданд ва ҳар се ба қатл расида буданд.

Лиесбет Зигвелд, вакили се қурбонӣ хотирнишон мекунад, ки наздикони қурбониҳо дар соли 2002-ум ба додгоҳ муроҷиат карданд, вале баъди шаш соли муҳокима ва таҳқиқ, додгоҳи сатҳи поёнӣ ҳукм баровард, ки баталиони ҳолландӣ масъули ин ҷурм нест, зеро сарбозон зери парчами СММ буданд. Ба қавли хонум Зигвелд, ҳукми ахир на СММ, балки ҳукумати Ҳолландро гунаҳгор медонад: “ Ин як намуна буда метавонад, зеро то ин вақт эҳсоси умумӣ ин буд, ки кишварҳои тақдимкунандаи сарбоз масъули камбудиҳо набуда, маҳз СММ ҷавобгари онҳост. “

Дар арзёбии ин ҳукм намояндаи созмони ҳомии ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Вотч Ричард Дикер мегӯяд, ҳукми додгоҳи Ҳолланд таърихист. Ӯ меафзояд: “Ба фикрам ин тасмим ба бахши ҳимояи сулҳи СММ ва кишварҳои алоҳида возеҳ мекунад, ки агар онҳо масъулияти ҳифзи аҳолии осоиштаро бар дӯш гирифтаанд, онҳо бояд ин вазифаи масъулро сарфи назар аз таҳдид ба ҷони дигарон иҷро намоянд.”

Дар соли 2002-ум вақте тафсилоти куштори дастаҷамъии беш аз ҳашт ҳазор мусулмони боснӣ дар Сребренитса ва ноӯҳдабароии нерӯҳои ҳолландӣ ошкор шуд, ҳукумати зери раҳбарии Вим Кок ба истеъфо рафта буд. Ҳамин тариқ коршиносон мегӯянд, ҳукми додгоҳ дар бораи сарнавишти се нафар метавонад наздикони қурбониҳои дигари ин фоҷеаро дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ба додгоҳи Ҳолланд бурда, ҳар кишвареро, ки дар амалиёти ҳифзи сулҳи СММ иштирок мекунад, ба масъулияти бештар ташвиқ намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG