Пайвандҳои дастрасӣ

Шодӣ Шабдолов: "Ба сотсиализм бармегардем."


Ҳамоиши коммунистҳои Тоҷикистон (Акс аз бойгонӣ)

Ҳамоиши коммунистҳои Тоҷикистон (Акс аз бойгонӣ)

Аъзои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон худро барои баргузории анҷумани навбатии ҳизбашон омода мекунанд.

Ин анҷуман роҳи минбаъдаи ҲК-ро таъйид мекунад ва раҳбарияти нави онро интихоб хоҳад кард.

Шодӣ Шабдолов, пири ҲКТ, ки эҳтимолан боз ҳамчунон раҳбари ин ҳизб боқӣ хоҳад монд, мегӯяд, бовар дорад, ки мардуми Тоҷикистон баъди бист соли низоми демократӣ, акнун ба бартариии низоми сотсиалистӣ эътимод ҳосил кардааст.

БА УМЕДИ СОТСИАЛИЗМ

Ҷаноби Шабдолов мегӯяд, аввалин ифтихори ҲК ин аст, ки дар замони ҳукумати ин ҳизб Тоҷикистон ба унвони воҳиди ҳуқуқӣ ва давлатӣ арзи ҳастӣ кардааст. Дар анҷумани
Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ

навбатии ҳизб боз барномаи ҷадиди ҷомеаи сотсиалистӣ баррасӣ ва пешниҳод мешавад. Ин барномаи иқтисод, тавлидот, интиқоли молу коло ва ҳатто масрафоти нақшаӣ ё паланӣ, ба истилоҳ зиндагии барномарезишуда хоҳад буд. Бар иловаи муборизаи оштинопазир бо ба истилоҳ империализм.

Шодӣ Шабдолов умедвор аст, ки паёми анҷумани ҲКТ барои сохтани як ҷомеаи сотсиалистӣ ҳамоно мухотаб хоҳад дошт.

Ӯ мегӯяд: "Умеди мардуми мо аз сотсиализм канда нашудааст. Чунки ҳама афсуну афсонае, ки мегуфтанд, ки ин тур интихоб кунед, ун тур приватизатсия кунед, баъд ин хел демократизатсия мешавад, мисли Шведсияву Шведсария мешавад, куҷо шуд? Куҷо Тоҷикистон Шведсария шуд?"




БОҚИМОНДАИ ШӮРАВӢ


ҲКТ чун ҷузъи ҲКИШ дар соли 1991 дар остонаи суқути Шӯравӣ рӯи кор омад. Аъзои ин ҳизб баъд аз суқути Шӯравӣ ва пас аз он ҳам мақомҳои асосӣ дар ҳукумат ва аксарияти

курсиҳои парлумонии Тоҷикистонро дар ихтиёр доштанд. Аммо аъзои ин гурӯҳи сиёсӣ ҳаргиз натавонистанд чун пайравони ҷаҳонбинии хоси сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳизби худро муаррифӣ кунанд ва амал намоянд.

Дар сессия ё иҷлосияи 16-уми Хуҷанд вақте ҳукумати нави Тоҷикистон ба қудрат расид, ҳамаи аъзои он, аз ҷумла раиси нави Шӯрои Олӣ ҳанӯз билети ҲК дар ҷайб доштанд, аммо дигар ба ин ҳизб содиқ намонданд ва дар пайи ташкили ҳизби дигаре шуданд. Аксари аъзои аршади ҲК ба дунболи дарёфти мансаб дар ҳукумати нав, ҲК-ро тарк намуданд.

Ҳиби коммунисти Тоҷикистон агарчанд дар давраи парлумони Тоҷикистон дар солҳои 1990 то 2000-ум аксариятро дар Шӯрои Олии Тоҷикистон дар ихтиёр дошт, аммо аз худ натавонист дифоъ кунад ва дар ҳамин солҳо моликияти ҲК тавассути парлумоне, ки аксарияташ аъзои ҲК, аммо содиқ ба раҳбари ҷумҳурӣ буданд, ба ҷонибдории давлатӣ кардани моликияти ҲКТ раъй доданд.

ТОҶИКИСТОН ЮНОН МЕШАВАД?

Як иллати аз даст рафтани обрӯи ҲК-ро бархе таҳлилгарон дар он мебинанд, ки ин ҳизб дар тамоми давраи истиқлолият худро амалан ба як ҳамроҳаки ҳукумат табдил кард. Аз Шодӣ

Шабдолов мепурсем, ки дар ҳоле мегӯяд, ҳизбаш барномаи ҷомеаи сотсиалистиро пешниҳод мекунад ва аз он даст бар надоштааст, чӣ тавр ҳамкори ҳукуматест, ки барномаи ҷомеаи сармоядориро амалӣ мекунад?

Ҷаноби Шабдолов мегӯяд: "Аз чӣ ҷонибдорӣ мекунем? Аз сиёсати хусусигардонии истеҳсолот мо ҳеҷ вақт ҷонибдорӣ накардем. Аз несту нобуд кардани колхозу совхоз мо ҳеҷ вақт ҷонибдорӣ накардаем. На тандурустӣ, на хоҷагии қишлоқ, на саноат фаъол нест. Ин коррупсияро бину ин порхӯриро бину ин дуздиро бин. Агар ҳамин хел идома кунад аҳволи мову Юнон як мешавад."

"КОММУНИСТҲО БЕИРОДААНД..."

Аммо Дӯстмуҳаммади Дӯст, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳамкории ҲКТ бо ҳукумат аз сари хушҳолӣ нест, балки аз рӯи ночорист. Ӯ мегӯяд, як сабаби аслие, ки боиси рехтани обрӯи ҲК шуд, беиродагии аъзои ин ҳизб ва амалан ба ҳукуматгаро табдил шудани аксари аъзои аршади он буд. Ин беиродагӣ ва гароиши беш аз ҳад ба ҳукумате, ки амалан фалаҷ ва ноком буд, обрӯи ҲК-ро дар миёни ҷомеа коста кард ва ин ҳизб аз тамоми шавкату қудрати 20-соли пеши худ танҳо ду курсиро дар парлумон ҳифз кардааст.

Ӯ мегӯяд: "Ин ҳизб баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ мавқеи худашро дар ҷомеаи Тоҷикистон дигар пайдо накард. ҲК муштоқона аз ҳукумат пуштибонӣ намекунад. Аз заъфашон аз ҳукумат пуштибонӣ мекунанд. Коммунистҳо иродаи сиёсӣ надоранд, иродаи мансаб доштанд. Иродаи қавӣ ҳеҷ гоҳ надоштанд."

ҲИЗБ Ё МАҲФИЛИ БОЗНИШАСТАГОН?


Шодӣ Шабдолови помирӣ раҳбарии ҲКТ-ро аз сулолаи Хуҷанд ба мерос гирифт. Сулолаи ҳокими Хуҷанд қабл аз расвоии ҲК, худро ба ҳукумат интиқол карда буд.

Акнун гуфт мешавад, ки ҲК наздики чиҳил ҳазор аъзо дорад. Вале он амалан ба як маҳфили бознишастагон ва касоне, ки дар рӯёи коммунистӣ ба сар мебаранд, табдил шудааст. Ин ҳақиқатест, ки худи Шабдолов низ онро инкор намекунад.

Шодӣ Шадболови 68-сола бист сол ба ин ҷониб пешвои бебадали ҲК аст. Ва мегӯяд, акнун низ ҷое барои гурехтан надорад ва агар аъзои ҳизб хоста бошанд, боз ҳам номзади раҳбарии ҲК хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG