Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти минтақавӣ оид ба боло бурдани сатҳи вокуниш ба офатҳо


Ноҳияи Варзоб рӯзҳои 5-9 июн мизбони давраи омӯзишӣ дар мавзӯъи “ироаи паноҳгоҳ ва оғози эҳё пас аз офат” хоҳад буд.

Ҳадаф аз ин давраи омӯзишӣ, боло бурдани иқтидори маҷмӯъии Ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти ироаи паноҳгоҳ ва эҳё пас аз офат мебошад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) муштаракан бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) баргузор шуда, он дар чаҳорчӯбаи барномаи ДИПЕКО VI аз ҷониби ёрирасонҳои ФБҶ СС ва ҲА пуштибонии молӣ мебинад. Дар давраи омӯзишии мазкур тақрибан бист узви Гурӯҳи минтақавии ФБҶ СС ва ҲА оид ба вокуниш ба офатҳои табиӣ (RDRT) аз ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, ва ҳамчунин, Салиби Сурхи Маҷористон иштирок мекунанд.Устодони таҷрибадор аз Аврупо ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба ин давраи омӯзишӣ даъват шудаанд.

Бино ба қавли ҷаноби Эрик Мишел-Селлиер, раҳбари намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, интизороти нахустин аз давраи омӯзишии мазкур ин аст, ки иштирокдорони он дар маҳалли фаъолияти худ дар ҳолати изтирорӣ тавонанд ба зудӣ масъалаи ироаи паноҳгоҳи муваққатӣ ва эҳёи аввалияро бо истифода аз имконоти маҳаллии вокуниш, роҳандозӣ намоянд.

Ба гуфтаи ӯ, омодагии махсуси аъзои Гурӯҳи минтақавии ФБҶ СС ва ҲА оид ба вокуниш ба офатҳои табиӣ (RDRT) дар ироаи паноҳгоҳ ва оғози эҳё «ҳамчунин, иқтидори ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмари ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро дар масъалаи вокуниши саривақтӣ ва муассир ба офатҳои табиӣ боло мебарад.»

Шамсуддин Муҳиддинов, ҳамоҳангсози минтақавии ФБҶ СС ва ҲА дар масъалаҳои вокуниш ба офатҳои табиӣ, илова мекунад, ин давраи махсуси панҷрӯза ба иштирокдоронаш имкон медиҳад, то аз раванди комил ва аҳамияти ироаи саривақтии паноҳгоҳи муваққатӣ огоҳ бишаванд. Ба қавли ҷаноби Муҳиддинов, иштирокдорон асосҳои харитасозӣ ва таҳлили вазъ дар ҳолати изтирорӣ (ингл. EMMA – Emergency Market Mapping Analysis)-ро омӯхта, бо усулу қоидаҳои гуногуни оғози фаъолиятҳо дар самти эҳёи аввалия пас аз офат шинос хоҳанд шуд.

Аъзои тамриндидаи RDRT дар ин самт баъдан ҳамчунин метавонанд ихтиёриён ва ҳамкорони худро дар маҳалли фаъолияташон тамрин бидиҳанд. Онҳое, ки дар самти ироаи паноҳгоҳ ва оғози эҳё пас аз офат тамрин дидаанд, метавонанд ба зарардидаҳо дар сохтмони паноҳгоҳи муваққатӣ ёрии фаннӣ бирасонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG