Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии Сурия – Тоҷикистон дар Урдун баргузор хоҳад шуд


Рӯзи 3-юми июл бозиҳои ҷавобии даври аввали сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар қораи Осиё баргузор шуданд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст: Фаластин -Афғонистон 1:1 (натиҷаи бозии аввал – 2:0), Лаос - Камбоҷа – 6:2 (2:4), Тимори Шарқӣ - Непал – 0:5 (1:2), Филиппин - Шри-Ланка – 4:0 (1:1), Мянмар - Муғулистон – 2:0 (0:1), Покистон - Бангладеш – 0:0 (0:3), Макао – Вйетнам – 1:7 (0:6), Тайван - Малайзия – 3:2 (1:2).

ФИФА, мегӯяд, бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол бо назардошти вазъи амниятӣ дар Сурия ва Яман баргузор нахоҳанд шуд...

Ҳамин тариқ аз рӯи натоиҷи ду бозӣ дастаҳои Фаластин, Лаос, Непал, Филиппин, Мянмар, Бангладеш, Вйетнам ва Малайзия ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

Тими миллии Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 аз даври дуввум ширкат хоҳад кард. Рақиби футболбозони тоҷик тими миллии Сурия мебошад.

Ҷуфтҳои дигар: Тайланд – Фаластин, Лубнон – Бангладеш, Чин – Лаос, Туркманистон – Индонезия, Кувайт – Филиппин, Умон – Мянмар, Арабистони Саудӣ – Ҳонконг, Эрон – Ҷазоири Молдив, Қатар – Вйетнам, Ироқ – Яман, Сингапур – Малайзия, Узбакистон – Қирғизистон, Аморати Муттаҳидаи Араб – Ҳиндустон, Урдун – Непал.

Федератсияи байналмилалии футбол, ФИФА, мегӯяд, бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол бо назардошти вазъи амниятӣ дар Сурия ва Яман баргузор нахоҳанд шуд. Биноан бозии Тоҷикистон ва Сурия 23-юми июл дар минтақаи бетараф – яке аз шаҳрҳои Урдун барпо мегардад. Панҷ рӯз баъд Сурия меҳмони Тоҷикистон мешавад ва бозӣ дар шаҳри Турсунзода ҷараён хоҳад ёфт.

Бозии дастаҳои миллии Ироқ ва Яман низ дар кишвари савум баргузор гашта, Ироқ 28-уми июл дар Арбил мизбони бозӣ бо Яман хоҳад шуд.

Баъдан 15 дастаи ғолиби даври дуввум ба панҷ дастае, ки рейтинги баландтарин дорад (Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Кореяи Шимолӣ ва Баҳрайн) ҳамроҳ мешавад.

Ба ин тартиб 20 даста бар асоси қуръакашӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим хоҳад шуд. Дар даври саввум бозиҳои гурӯҳӣ аз 2-юми сентябри соли 2011-ум то 29-уми феврали соли 2012-ум баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG