Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 20-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дар се бозӣ мизбонон, дар як бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

Бозии марказии даври 20-ум, ки дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”ва “Истиқлол”-и Душанбе баргузор шуд, шоми 1-уми июл бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 поён ёфт.

Дар ин дидор голи ягонаро Нӯъмон Ҳакимов, ҳамлагари “Регар-ТадАЗ”, аз масофаи 4 метр ба ҳадаф расонд. Вале баъдан Нӯъмон сахт лат хӯрд ва дар нимаи дуввуми бозӣ ӯро Бахтиёр Ҳасанов иваз кард.

Ин бохти дуввуми “Истиқлол” ва ғалабаи даҳуми “Регар-ТадАЗ” дар мусобиқаи имсола мебошад.

Дар бозии дигари ин давр дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе аз тими мизбон - “Гвардия” бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд. Исфандиёри Маҳмадалӣ дар нимаи аввали дидор ба дарвозаи меҳмонон гол зад.

Бозии дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ” бо тими меҳмон - “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки ду бозии аввали даври 20-ум рӯзи 30-юми июн баргузор шуда буд. Дастаи “Энергетик”-и Душанбе бар тими меҳмон - “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Голҳо: Шодибек Гаффоров, 6 (1:0). Шавкати Ҳотам, 11 (2:0). Шавкати Ҳотам, 25 (3:0). Маҳмадсаид Бобомуродов, 34 (3:1).

Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар майдони худ аз ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд. Голҳо: Давронҷон Тухтасунов, 3 (0:1). Муҳаммад Умматқулов, 7 (1:1). Аъзам Ҳусейнов, 24 (1:2). Шӯҳрат Шамсиев, 29 (2:2). Аъзам Ҳусейнов, 62 (2:3). Комил Саидов, 75 (2:4). Шӯҳрат Шамсиев, 83 (3:4).

Бар асоси тақвими бозиҳои сабқати Лигаи олӣ дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар даври 20-ум истироҳат кард.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Истиқлол" 15 12 1 2 31-8 37
2. "Равшан" 16 11 2 3 31-11 35
3. "Регар-ТадАЗ" 16 10 3 3 32-14 33
4. "Хайр" 16 9 3 4 27-15 30
5. "Энергетик" 18 9 2 7 27-24 29
6. ССКА “Помир” 17 7 1 9 28-32 22
7. "Хуҷанд" 17 6 4 7 22-25 22
8. "Вахш" 17 6 1 10 17-20 19
9. "Парвоз" 18 5 3 10 18-35 18
10. “Шодмон” 18 4 2 12 20-36 14
11. "Гвардия" 18 2 2 14 14-47 8

Даври 21-ум
4-уми июл (душанбе)

«Парвоз» - ССКА «Помир»

5-уми июл (сешанбе)
«Энергетик» - «Истиқлол»
«Регар-ТадАЗ» - «Шодмон»
«Хуҷанд» - «Хайр»
«Гвардия» - «Равшан»

Бозиҳо соати 17.30 шурӯъ мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG