Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши муоҳоҷирати кории мардуми Тоҷикистон тайи солҳои ахир муҷиби афзоиши, ба истилоҳ «таронаҳои муҳоҷират» шудааст.

Ба назар мерасад, баробари сол ба сол доғтар шудан ва ба як воқеияти бебаҳс табдил ёфтани ин мавзӯъ дар ҷомеаи Тоҷикистон мундариҷаи «таронаҳои муҳоҷират» низ тундтар ва аламноктар мешавад.

Сароғоз дар таронаҳо як амри воқеӣ, яъне мадоро кардан бо муҳоҷират эҳсос мешуд. Баъдтар дар таронаҳо орзуҳо баён мешуданд. Орзуи он, ки муҳоҷирин дар канори наздикони худ бошанд. Ва ҳоло дар таронаҳо як гуна эътироз аз муҳоҷират ва дурӣ аз наздикон эҳсос мешавад. Аслан «таронаи муҳоҷират» як истилоҳи нав барои мардуми тоҷик нест. Аз қадимулайём шоирони классику мардумии аз ватан дурафтода шеъру таронаҳои сӯзнок меофариданд.

Аммо ҳоло, ки тарона ба тиҷорат ҳам гиреҳи сахт мехӯрад, шоирону овозхонон ба кадом хотир дар мавзӯъи доғе ба монанди муҳоҷират суруд эҷод мекунанд: ба хотири бозоргир будани ин мавзуъ ё эҳсоси ватанпарастиву ҳамватанӣ?

Наимҷони Сайидалӣ, овозхон ва оҳангсози ҷавони тоҷик муаллифи як силсилаи таронаҳои марбут ба муҳоҷират аст, ки ҳоло дар гӯшаву канори мухталифи Тоҷикистон маъруфият пайдо кардаанд. Вай мегӯяд, аз ин таронаҳо он қадар қадар даромаде накардааст, ки хароҷоти омода кардани онҳоро пӯшида бошад: «Аммо вақте истиқболи мардумро аз ин сурудҳо мебинам, шод мешавам. Баъзе бачаҳо омада ба ман гуфтанд, ки 7-8 сол боз дар ватан набудем, суруди туро шунида, хеста омадем. Барои ман ҳамин кофӣ аст. Мақсади ман ҳам дар ҷавононе, ки дар мусофират хонаву дарашонро фаромӯш кардаанд, ангехтани меҳри ватан аст.»

ТАРОНАҲОИ ҒАМАНГЕЗИ МУҲОҶИРАТ


Фарангис, як сокини Душанбе мегӯяд, «таронаҳои муҳоҷират» воқеан касро таҳти таъсир қарор медиҳанд ва аксари онҳо ғамангезанд. Вай афзуд: «Ин аз як ҷиҳат хуб аст, зеро ин гуна таронаҳо дарди модарону наздикони муҳоҷиронро шояд сабук мекунанд. Аммо чӣ тавре, ки ман мушоҳида мекунам, модарам ба ёди бародарам ҳар рӯз ин таронаҳоро гӯш мекунад, хеле мутаассир мешавад, гиря мекунад. Яъне ҷанбаи манфӣ ҳам доранд ин сурудҳо. Модарон клипҳоро дида ба худ ранҷ мекашанд, ки писари онҳо ба ҳамин ҳол зиндагӣ дорад.»

БАРОИ "ТАРОНАҲОИ МУҲОҶИРАТ" ДАР ТЕЛЕВИЗИОН ҶОЙ НЕСТ?

Дар сӯҳбат бо мо, овозхонон аз он шикоят карданд, ки бо вуҷуди маҳбубият ва серхаридории таронаҳои муҳоҷират, пахши клипҳои онҳо дар телевизионҳои кишвар аслан имкон надорад.

Муҳаммад Ғоиб, директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, то ба ҳол ҳамчунин як клипи марбут ба муҳоҷират пешниҳод нашудааст: «Ягон нафар ҳамчунин клип пешниҳод накардааст. Ин мавзӯъи доғ аст. Агар клипи хуб оранд, албатта, пахш мекунем. Мӯҳтавояш хуб бошад. Масалан, ахиран худи ман ҳам дар ин мавзӯъ бо як супориш тарона навиштаам, ки гиряи кас меояд.»

Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар ин нукта низ ишорат мекунанд, ки мушкили муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар барномаҳои телевизионҳои кишвар низ ба таври кофӣ инъикос намешавад.

ОБИ ДАРИ ХОНА ҚАДР НАДОРАД...

Орзу Исоев, рӯзноманигори тоҷик, ки тайи ним соли равон дар ҳамдастӣ бо Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ду филми ҳуҷҷатӣ дар бораи вазъи муҳоҷирини тоҷик дар Русия омода кардааст, мегӯяд, филми аввал таҳти унвони «Бояд бидонӣ!»-ро, ки ба мавзӯъи ҳуқуқҳои муҳоҷирин бахшида шуда буд, баъд аз таҳрирҳо аз сӯи маъмурияти телевизион ва ҳам вазорати корҳои дохилӣ як маротиба пахш кардаанд.

Вай афзуд: «Аммо филми дуюме, ки таҳия кардем, таҳти унвони «Муҳоҷирон дар остонаи бӯҳрони молиявии дунё» умуман дар ягон шабака пахш нашуд. Ман сабабашро намедонам. Масъулияти пахш ба зиммаи СҶМ буд. Аммо бубинед, тибқи омор, ҳамасола садҳо ҷасади муҳоҷирини мо аз Русия оварда мешаванд. Шабакаҳои мо марги кадом як сайёҳон аз Кипрро аз телевизионҳои дигар гирифта, тарҷумаву нашр мекунанд, аммо мушкили худи мо мемонад. Шояд ҳукумати мо инро нахоҳад.»

СЕНЗУРА ДАР ПАХШИ "МУҲОҶИРАТНОМА"-ҲО

Ораз Саидов, аз намояндагии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳамасола ин ниҳод филмҳо дар бораи вазъи муҳоҷирини тоҷик таҳия мекунад, аммо шабакаҳо на ҳамаи онҳоро ба намоиш мегузоранд: «Мо чанд филм омода кардем, аммо ҳукумат сензура мемонад, баъзе нуктаҳои филмҳо ба бархе ҳукуматдорон хуш намеояд. Шояд аз ҳамин ҳисоб пахш накунанд. Ба бархе нуктаҳо ҳукумат умуман розӣ нест, бархеро баъд аз ислоҳ иҷозат медиҳанд.»

МАҚОМОТ: "МАВЗӮИ МУҲОҶИРАТРО ҶИДДАН ПАЙГИРӢ МЕКУНЕМ."

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Ғоиб мегӯяд, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон мавзӯъи муҳоҷиратро ҷиддан пайгирӣ мекунад: «Хабарнигорони мо аз тамоми гӯшаву канори Русия сужаҳо омода мекунанд. Мо хабарнигор дорем дар Русия. Дар «Ахбор» ва дигар барномаҳои телевизион пахш мешаванд. Раисони созмонҳои тоҷикон ҳам баромад мекунанд. Дар бораи мушкилиҳо ҳам мегӯянд. Аз ин зиёд чӣ кор кунем. Ҳар чӣ меъёр дорад.»

Аммо коршиносон мегӯянд, сужаҳои телевизионҳои давлатии Тоҷикистон асли мушкилоти муҳоҷиратро боз намекунанд ва умдатан маводе рӯи нашро мебинанд, ки фақат таърифу тавсифро дарбар мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG