Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ санади ҳамкорӣ ба маблағи 50 миллион доллари амрикоӣ имзо шудааст.

Ин санад заминаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои бонкӣ, кишоварзӣ ва туризмро дар бар дорад. Ин дар ҳолест, ки то кунун саҳми Арабистони Саудӣ-яке аз сарватмандтарин кишварҳои исломии дунё дар иқтисоди Тоҷикистон ночиз будааст. Ин санади ҳамкорӣ дар пайи боздиди як ҳайати тоҷирони Арабистони Саудӣ аз Тоҷикистон ва баргузории ҳамоиши муштараки тоҷирони ду кишвар ба имзо расид.

Сармоягузорони Арабистони Саудӣ аз субот дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда инро омили асосии рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвар хонданд ва гуфтаанд, ки Арабистони Саудӣ ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши саноии нафту газ, энержӣ, маодини кӯҳӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ, асалпарварӣ ва туризм алоқамандии зиёд доранд.

ЧАРО САУДИҲО ТАВАҶҶӮҲ БА САРМОЯГУЗОРӢ НАДОРАНД?

Дар ҳамин ҳол ба қавли коршиносон, Арабистони Саудӣ, ки яке аз сарватмандтарин кишварҳои олами ислом аст, имкони бештари сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро дорад вале аз он истифода намебарад.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршинос дар умури кишварҳои арабӣ дар ин бора гуфт: «Ба ҷузъ ширкатҳои давлатӣ ва ё таҳти нуфузи давлат қарордошта, дигар ширкатҳои хусусӣ ба таври ҷиддӣ алоқаманди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон нестанд. Мушкили аслие, ки пешрафти рушди иқтисоди Тоҷикистонро халалдор месозад, ба ҳам мувофиқ наомадани аз як тараф густариш наёфтани муносибатҳои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ аст ва аз тарафи дигар вуҷуди ақидаҳои замони шӯравӣ дар сиёсати иқтисоди Тоҷикистон аст.»

Ба ҳамин далел Маҳмадмурод Аслиддинов, аз вазорати рушди иқтисод ва савдо дар сӯҳбат бо РО гуфт, ки дар тӯли чанд соли ахир, Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ танҳо як қарордоди ҳамкорӣ имзо кардааст, ки дар бораи маблағу иҷрои он то ба ҳол гуфтугӯ сурат нагирифтааст. Вай дар бораи ин қарордод мегӯяд: «Мувофиқатномаи давлатӣ дар бораи ҳамкории бонкӣ, туризм ва кишоварзӣ имзошударо медонам, дар бораи қарордодҳои дигар иттилое вуҷуд надорад.»

ҲАМКОРИҲОИ НОКОФӢ

Ҳасаналӣ Карамалиев, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон низ сатҳи ҳамкориҳои Арабистони Саудӣ бо Тоҷикистонро нокофӣ хонд: «Ман ҳаминро медонам, ки ҳамкории Арабистони Саудӣ бо Тоҷикистон хеле ва хеле нокофӣ аст.»

Ба гуфтаи таҳлилгарон, Арабистони Саъудӣ бештар ба замбӯрпарварӣ дар Тоҷикистон ва аниқтараш хариди асали тоҷикӣ алоқамандии зиёд дорад, ки ба гуфтаи соҳибназарон, дар ҳоли ҳозир ағлаби асали тоҷикӣ ҳамасола дар мавсими Ҳаҷҷ аз сӯи ҳуҷҷоҷи тоҷик ба Арабистони Саудӣ интиқол меёбад.

Ба таъкиди коршиносон, азбаски сармоягузори Арабистони Саудӣ дар тиҷорат пойбанди давлат нест, омода нест дар Барномаҳои инвеститсионии давлати Тоҷикистон саҳм бигирад. Зеро аз ин ҳамкориҳо, ҳадафи сармоягузори Арабистони Саъудӣ ба даст овардани суди иқтисодӣ аст, на сиёсӣ.

МАСЪАЛАИ МУҲОҶИРОНИ КОРӢ ЧИ ШУД?

Чанде пеш сару садои зиёд дар бораи даъвати муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ шунида мешуд, вале зоҳиран шароите, ки Арабистон ба муҳоҷирон қоил аст, дар муқоиса ба шароиту маоше, ки онҳо дар Русия доранд, фарқи зиёде надорад.

Ҳамкориҳои Арабистони Саъудӣ бо Тоҷикистон пас аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Риёз дар се соли пеш густариш пайдо кард ва соли гузашта дар шаҳри Душанбе нишасти сармоягузорони ҳар ду кишвар ташкил шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG