Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони Юнон ва “оҳи сабук”-и Аврупо


Парлумони Юнон
Парлумони Юнон

Бо вуҷуди эътирозҳои густарда дар Афина, парлумони Юнон барномаи ҳукумат оид ба коҳиши харҷи буҷаро пазируфт.

Натоиҷи раъйдиҳӣ пирӯзии нахуствазир Георгиос Папандреу ва ҳизби сотсиалисти ӯ маҳсуб мешавад, ки дар парлумони дорои 300 ҷой, 155 курсиро ишғол кардааст.

ЮНОН ДАР ЧАНГИ БӮҲРОНИ ИҚТИСОДӢ

Тарҳи ҳукумат бо бартарии 17 раъй пазируфта шуд. Ин барнома коҳиши масрафоти буҷаву афзоиши андоз ба маблағи 28 миллиард евро ва хусусигардонии муассисаҳои давлатиро дар назар дорад. Қарор аст, ки тарҳи қонуни иловагӣ бо ҷузъиёти бештар ва чораҳои қатъии иҷрои барномаи ҳукумат аз сӯи вакилони парлумон имрӯз, 30-юми июн, қабул шавад.

Сандуқи байнулмилалии пул ва Иттиҳодияи Аврупо барномаи
Нахуствазири Юнон

ҳукумати Юнон барои коҳиши масрафоти буҷаро шарти асосии дарёфти охирин бахш аз қарзи 110 миллиард еврогӣ ба хотири аз бӯҳрони молиявӣ берун шудани ин кишвар арзёбӣ карда буданд. Бидуни ин маблағ, ҳафтаҳои наздик хазинаи Юнон холӣ хоҳад монд ва кишвар тавони пардохти қарзҳои хориҷии худро нахоҳад дошт.

РӮЁРӮӢ БО ЭЪТИРОЗГАРОН

Ва аммо барномаи ҳукумат ба эътирози сахт ва густурда мувоҷеҳ шудааст. Дар чаҳорчӯби коршикании 48-соата, рӯзи чаҳоршанбе дар пойтахти кишвар шаҳри Афина задухӯрди эътирозгарон бо кормандони полис идома кард. Кормандони мақомоти ҳифзи тартибот барои пароканда кардани эътирозгароне, ки ба бинои вазорати молия ҳамла карданд, аз гази ашковар истифода бурданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, атрофи парлумон ба саҳнаи задухӯрдҳо табдил гардид – эътирозгарон дар ҷавоб ба истифодаи гази

ашковар сӯи кормандони полис санг меандохтанд. Баъзе аз кормандони полис баъд аз тамом шудани захираи гази ашковар, сангу пораҳои мармарро сӯи эътирозгарон мепартофтанд. Онҳо ҳамчунин ба эътирозгарони осоишта, ки чанд ҳафта боз дар канори парлумон хайма задаанд, ҳамла карданд. Дар канори бинои парлумон беш аз 500 нафар мӯҳтоҷ ба кӯмаки тиббӣ шуданд, полис тақрибан 30 нафарро боздошт намуд.

Бархӯрди рӯзи чаҳоршанбе идомаи низоъи ду рӯз пеш миёни полис ва эътирозгарон буд, ки бар асари он дасти кам 46 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Яке аз эътирозгарон Тенезис Дидегелос ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки “Миёни хостаҳои мардуми Юнон ва онҳое, ки дар ҳукуматанд, фарқи бузург аст. Худи ман табибам ва аз Салоники омадаам. Ман яке аз онҳое ҳастам, ки барномаи ҳукумат барои мо таъсири камтар хоҳад дошт, вале ман ба хотири кӯдаконам ва ба хотири фардои кишвар ба ин ҷо омадаам.”

Тақрибан 80 дарсади сокинони Юнон ба коҳиши масрафоти буҷа мухолифанд, зеро маошашон кам ва маблағи андозҳо бештар мешавад, сармоягузории бархе аз хадамот коҳиш меёбад.

Қабл аз раъйдиҳӣ дар парлумон, нахуствазир Георгиос Папандреу иқрор кард, ки аз тарҳи нав мардум осеб мебинанд. Ва аммо бетафовутиву коҳилӣ дар ин самт, ба гуфтаи ӯ, паёмадҳои сангинтар хоҳад дошт. “Онҳо эътироз

мекунанд, ин ҳаққи демократии онҳост. Ва аммо муҳим он аст, ки ҳеҷ кас, ягон хонавода ва нафаре аз мо даҳшати паёмадҳои шикасти иқтисодиро аз сар нахоҳад гузаронд.”-изҳор намуд нахуствазири Юнон.

"ОҲИ САБУК"-Ӣ АВРУПО

Пардохт нашудани қарзҳои хориҷӣ аз сӯи Юнон, ба гуфтаи иқтисоддонҳо, метавонист суботро дар кишварҳои минтақаи евро ба ҳам занад. Ҳамчунин паёмадҳои он барои бонкҳои аврупоӣ ва ҳама иқтисоди ҷаҳон ногувор хоҳад буд.

Рӯзи сешанбе раиси нави Сандуқи байнулмилали пул Кристин Лагард аз нерӯҳои сиёсии даъват кард, ки ба хотири наҷоти кишвар аз бӯҳрони молиявӣ муттаҳид шаванд.

Баъди пазируфта шудани барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати Юнон аз сӯи парлумон, дар Брюссел як оҳи сабук кашиданд.

Дар изҳороти муштараки раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Манэл Баррозу ва раиси Шӯрои Аврупо Ҳерман Ван Ромпей аз раъйдиҳӣ дар парлумони Юнон ҳамчун “дарки масъулияти миллӣ” истиқбол шудааст.
XS
SM
MD
LG