Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти масъулони Би-Би-Сӣ бо Урунбой Усмонов


Рӯзноманигорони тоҷик ва масъулони Би-Би-Сӣ бо хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Сӣ мулоқот намуданд.

Дар ин мулоқот, ки субҳи рӯзи 28 -уми июн доир шуд, Ҳамид Исмоил ва Исфандиёри Одина, раҳбарони бахшҳои осиёимиёнагӣ ва тоҷикистонии Би-Би-Сӣ ва ду хабарнигори маҳаллӣ дар идораи Раёсати Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқот карданд. Ин дар ҳолест, ки рӯзе қабл Файзиниссо Воҳидова, вакили дифои Усмонов гуфт, ки таҳқиқоти аввалияи парванда узвияти хабарнигори Би-Би-Сӣ дар Ҳизб-ут-таҳрирро собит накардааст.

Ҳамид Исмоилов, раҳбари Бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Вай, Урунбой Усмонов, низ бар онаст, ки он чӣ кардааст, дар чаҳорчӯби фаъолияти касбии хабарнигории худ анҷом додааст. Ва зиёда аз ин коре накардааст. Ва чун ман ба ӯ гуфтам, ки дар ин бора Би-Би-Сӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон номаи расмӣ ирсол доштааст, Усмонов ба кормандони раёсати амният изҳор дошт, ки он президенти Тоҷикистон дар ин кишвар ҷомеаи боадолатона бунёд карданист, аз ин рӯ умедвор аст масъулони парвандаи вай низ аз адолат кор хоҳанд гирифт.»

Ҷаноби Исмоилов афзуд, зимни сӯҳбати кӯтоҳмуддат бо хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Сӣ Урунбой Усмонов, дар ҳузури вакили дифоъ ва муфаттиши парванда ҳолати равонии ӯро ногувор дарёфт.

Ҳамид Исмоил, намояндаи Би-би-си

Вай афзуд: «Маро аз ҳама бештар ҳолати равониву рӯҳонии ӯ нигарон кард. Усмонов дар ҳолати басо рӯҳафтодагӣ қарор дорад. Ва ман диққати кормандони раёсати амниятро ба вазъи сиҳати ӯ ҷалб кардам, ки аз бемориҳои қалб ва қанд ранҷ мекашад ва гуфтам, ӯро, ки дар аъмолаш осори ҷиноят ошкор нашудааст, ҳар чӣ зудтар озод кунанд, беҳтар аст».

Мақомоти тафтишотӣ ба далели пинҳон доштани асрори таҳқиқ аз ҳарф задан худдорӣ меварзанд. Аммо Файзиниссо Воҳидова, ваккили дифои Усмонов мегӯяд, эҳтимол дорад тафтишот алайҳи зерҳимояаш айби пинҳон доштани вохӯрии ӯ бо аъзои Ҳизб-ут-таҳрирро дар ҷараёни фаъолияти журналистиаш, гирифтани адабиёти ин ҳизб аз онҳо ва дар ин бора расман ба мақомот хабар надоданро, мутобиқи банди 307 - и Асноди ҷиноии Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Ҳамин тавр, тафтиши пешакии парвандаи Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Сӣ ба ҷараёни дигар ворид мешавад. Ин ҳол маҳофили рӯзноманигории Тоҷикистонро ба имкони
«сафед шудан» ва раҳоии Усмонов хушбин кардааст.

Нуридин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷараёни тафтиши аввалияи парванда ва собит нашудани иртиботи Усмонов бо Ҳизб-ут-таҳрир истиқбол мекунад. Ба ақидаи ҷаноби Қаршибоев, аз ҳама муҳим, дар ҷараёни тафтиши парванда бояд меъёрҳои байнулмилалӣ ва миллии озодии баён нақз нагардад.

Вай афзуд: «Ғайр аз ин, ба назари ман, зарур аст маводе, ки Урунбой Усмонов дар мавзӯи бархӯрд бо Ҳизб-ут-таҳрир навиштааст, бояд мавриди ташхиси ҷиддии забоншиносӣ қарор бигирад, то ин ки ба таври асоснок дар навиштаҳои ӯ мавҷуд будани даъват ба ин ҳизб рад карда шавад. Ҳамчунин, мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ ва
Нуриддин Қаршибоев, раиси АМРМТ

қонуни Тоҷикистон дар бораи васоити ахбори омма рӯзноманигор дар сурати боз шудани парванда метавонад манобеи худро ошкор созад.»

Дар робита ба ин рӯзноманигор Абдувосит Салимзода мегӯяд:
«Урунбой Усмнов ба ҳайси як журналист кӯшиш мекард ба ҳар ҳодисаи муҳиме, ки дар шимоли Тоҷикистон рух медиҳад, баҳои воқеӣ бидиҳад. Вале ман ҳеҷ мушоҳида накардаам, ки вай дар гузоришҳои худ ақидаҳои Ҳизб-ут-таҳрирро тарғиб мекарда бошад ё бо аъзои ин ҳизб ягон иртиботе дошта бошад. Умедворам, баррасии қазияи вай одилона сурат мегирад ва исбот мегардад, ки агар вохӯриҳое ҳам бо аъзои ин ҳизб дошт, дар доираи фаъолияти рӯзноманигориаш анҷом гирифтааст.»

Дар ҳамин ҳол Файзиниссо Воҳидова, вакили дифои хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Сӣ мегӯяд, вай дар доираи салоҳиятҳои худ, ба ҳайси хабарнигори сабтиномшудаи расонаи хориҷӣ дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби қонунҳои ин кишвар фаъолият мекард, ки ба хабарнигор пинҳон доштани манбаи иттилоотии худро кафолат медиҳанд.
XS
SM
MD
LG