Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия аз кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ мехоҳад?


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия ва Владимир Болдирев, сарфармондеҳи нерӯҳои заминии Русия

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия ва Владимир Болдирев, сарфармондеҳи нерӯҳои заминии Русия

Дар шаҳри Душанбе даври севвум ва ниҳоии музокироти ҳайатҳои марзбонии Тоҷикистону Русия давом дорад. Ин дар ҳолест, ки қарордоди миёни ин ду кишвар дар бораи мақоми ҳуқуқии мушовирони марзбонии Русия дар Тоҷикистон аҳамияти худро аз даст додааст ва ҷонибҳо мехоҳанд масоили дигари марбут ба ин қарордодро низ баррасӣ кунанд.

Бо вуҷуди ин ки Русия хостори бозгашти нирӯҳои марзбонаш ба марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон аст, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин музокирот танҳо масъалаи мушовирон баррасӣ мешавад, на масъалаи бозгашти марзбонон.

Аммо роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия ахиран дар матбуоти Русия ин нукта ҷалби таваҷҷӯҳ кард, Русия набояд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ кунад, зеро ин сармояҳо ба Русия бар нахоҳад гашт. Ин нуктаи назар аз номи таҳлилгарон дарҷ шудааст. Ин ҷо ин масъала ёдоварӣ шудааст, ки Русия дар кишварҳои арабӣ сармоягузорӣ кард ва ин сармояҳо акнун баъд аз инқилобҳо ба Русия барнамегардад. Яъне аз ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барояш суде надорад.

Дар мусоҳибае бо Анатолий Чехоев, сиёсатшинос ва таҳлилгари умури низомӣ дар Маскав пурсидам, чаро Русия мехоҳад мавқеи худро дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон аз даст надиҳад?

Анатолий Чехоев: “Агар воқеан ҳам Амрико хуруҷи нирӯҳояш аз Афғонистонро шурӯъ кунад, дар он сурат мувозинате, ки ҳоло дар он ҷо вуҷуд дорад, то андозае аз байн хоҳад рафт. Мумкин аст муҳоҷирати тоҷикону узбакҳои Афғонистон оғоз шавад. Барои ҳамин дар ин маврид бояд ба ин масъалаҳо ҷиддӣ бархӯрд кард.”

Суол: Ахиран дар матбуоти Русия гуфта шуд, ки Маскав набояд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ кунад, мисли ин ки дар кишварҳои арабӣ сармоягузорӣ кард ва ҳоло ин сармояҳо барнамегардад. Шумо ба унвони сиёсатшинос дар ин бора чӣ фикр доред? Воқеан ҳам ҳукумати Русия аз ин гуна дурнамои ҳамкорӣ ҳимоят мекунад?

Анатолий Чехоев: “Медонед, дар Русияи мо ҳам сиёсатшиносоне ҳастанд, ки мехоҳанд, масъалаҳоро дар як дақиқа ҳал кунанд ва дар заминаи чунин масъалаҳо, агар ошкор бигӯем, онҳо табъан ба бохт дучор мешаванд. Стратегияи давлатии мо он гуна аст, ки Осиёи Марказӣ, яъне қаламрави пасошӯравӣ, ба ҳар ҳол минтақаи манофеи стротегии Русия ба шумор меравад. Хеле бад аст, ки дар шароити имрӯза дар масъалаҳои сармоягузорӣ Русия дар ин кишварҳо мавқеи пешсафро дар даст надорад. Ба назари ман, ҳоло Русия самтгириашро ба сӯи Шарқ бештар кардааст ва мавқеи ҷуғрофиёии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Русия аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Ва ин мавзеъгириро танҳо аз роҳи иқтисодӣ метавон ба даст овард.”

Суол: Ба назари Шумо Русияву Тоҷикистон рӯи кадом тарҳҳои муштарак метавонанд ҳамкорӣ кунанд?

Анатолий Чехоев: “Он қадар, ки ман медонам, роҷеъ ба нирӯгоҳи барқи обии Роғун қарордоди хубе ҳаст, ки дар оянда ҳамкорӣ густариш хоҳад ёфт. Ин он чӣ ки ба энергетика иртибот дорад. Дар маҷмӯъ ҳамкориҳое, ки дар давраи Шӯравӣ буд, кам–кам эҳё мешавад. Масалан, дар бахши саноат ва ҳатто дар бахши кишоварзӣ. Ман фикр мекунам, ки ин ҳамкориҳо тавсеа хоҳанд ёфт."

Суол: Чун Шумо сиёсатшинос ҳастед, мехоҳам як суоли дигарро ҳам матраҳ кунам. Дар остонаи боздиди президент Медведев аз Узбакистон хабаре ба нашр расид, ки Медведев мехоҳад, ба Каримов пешниҳод кунад, то ба интиқоли қудрат омодагӣ бигирад, яъне касеро ба ҷои худ омода кунад? Назари Шумо чист?

Анатолий Чехоев: “Ман фикр мекунам, ки ин тахминзаниҳои баъзе аз сиёсатшиносони бевиҷдон аст. Ба нудрат метавон гуфт, ки Медведев чунин масъулиятро бар дӯш бигирад ва машварат диҳад, ки аз қудрат касе биравад ё дар сари қудрат бимонад. Каримов ба андозае кофӣ мустақил аст ва гумон аст, ки вай аз чунин машваратҳо истифода кунад.”

Суол: Вале дар мавриди Тоҷикистон чӣ фикр мекунед?

Анатолий Чехоев: "Эмомалӣ Раҳмон низ ин корро иҷоза нахоҳд дод. Он гуна, ки мегӯянд, “Шарқ нозукиҳои худро дорад.” Дар ин маврид Русия хуб мефаҳмад, ки ин ҷо дар Русия ва ё дар Аврупо баъзе қадамҳо бардоранд, дар Шарқ ин масъаларо ором қабул мекунанд. Ман фикр мекунам, ки роҷеъ ба омода кардани ҷойгузин Русия ҳеҷ гоҳ ба чунин масъала даст намезанад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG