Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳромшоҳ Раҳматуллоев, фарзанди гуштингир ва муррабии маъруфи гуштии миллӣ, Искандаршоҳ, ба номи падараш фонде таъсис додааст.

Искандаршоҳ Раҳматулоев, ҳамчун гуштигир ва мураббии гуштии миллӣ дар замони Шӯравӣ аз маҳбубияти хосе бархӯрдор буд. Ӯ дар гуштии миллӣ мактаби хоси худро дошт ва дар ин мактаб садҳо шогирд тарбия ёфт ва ҳатто дар мисоли Саидмӯъмин Раҳимов шогирдони ин мактаб ба дараҷаи қаҳрамони ҷаҳон дар ин риштаи варзиш шарафёб гардиданд.

Дар сӯҳбат бо Баҳромшоҳ, нахуст, аз ӯ суол кардем, ки бо таъсиси ин Фонд чӣ ҳадафро дунбол дорад?

Ҷавоб: Пӯшида нест, ки вақтҳои ахир фарҳанги гуштии миллӣ аз миён рафта истодааст. Эҳёи сунатҳои қадимаи гуштии миллӣ ҳадафи аслии ин фонд аст. Дар дарвешонаҳо, ҳангоми таҷлили идҳои миллӣ гуштии миллӣ зинда аст, вале дар сатҳи расмӣ ин гуштӣ вуҷуд надорад. Пештар дар сатҳи
Баҳромшоҳ Раҳматуллоев

кишварҳои Осиёи Марказӣ гуштии миллии тоҷикӣ ҳамчун як навъи варзиш пазируфта шуда буд, вале ҳоло чунин нест. Ин аст, ки имрӯз ҷавонон ба гуштии миллӣ таваҷҷӯҳи камтар доранд ва мехоҳанд, навъи гуштиеро машқ кунанд, ки ҳамчун варзиш дар мусобиқаҳо эътироф шудааст. Аммо фикр мекунам, ки барои тоҷик бе донистани гуштии миллӣ муваффақ шудан дар дигар навъи варзиш мушкил аст. Агар ба таърихи чанд солаи варзиш назар кунем, аслан он нафароне дар дигар навъи гуштӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муваффақ шудаанд, ки гуштии миллиро хуб медонанд. Аз ҷумла, шодравон Саидмӯъмин Раҳимови ҷаҳонпаҳлавон ҳам аввал аз гуштии миллӣ сар карда буд. Ӯ нахуст, дар гуштии миллӣ комёб гашта буд. Мақсади мо ҳам аз таъсиси Фонди «Искандаршоҳ» зинда кардани суннатҳо, таърих, фарҳангу фалсафа ва умуман, рушди гуштии миллӣ мебошад.

САРСУПУРДАИ ГУШТИИ МИЛЛӢ

Суол: Бузургсолон аз гуштигирии падаратон зиёд қисса мекунанд. Хеле гуштигирӣ хуб будааст. Умуман, дар зиндагӣ падаратон барои рушди гуштии миллӣ чӣ талош доштанд?

Ҷавоб: Замони Иттиҳоди Шӯравӣ падарам, яке аз асосгузорони гуштии миллӣ буд. Инро ҳама эътироф мекарданд. Ӯ то ҳади имкон гуштии миллиро рушд дод ва усулҳои қадимаро бо усулҳои наве, ки худ кашф карда буд, омезиш дода, як гуштии нави миллиро шакл дод. Падарам аз паҳлавонӣ баъдан ба мураббигӣ гузашт ва то поёни ҳаёт садҳо нафар шогирдонро тарбият кард. Шогирдонаш дар мусобиқаҳои дохилӣ ва берун аз он, дар гуштии миллӣ ва дигар тарзҳои гуштӣ комёб мешуданд. Дар Кӯлоб ӯ мактаби хоси худро таъсис дода буд. Ӯ шогирдонро аз маъракаҳои гуштӣ, ба мисли дарвешона пайдо мекард ва онҳо тарбия мекард. Аз ҷумла, ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимовро ҳам ӯ аз як дарвешон пайдо карда, баъдан ба Кӯлоб меорад.

УСТОДИ ҶАҲОНПАҲЛАВОН

Суол: Метавонед, бигӯед, ки дар куҷо ва чи гуна Саидмӯъмин Раҳимовро падаратон ба шогирди пазируфт?

Ҷавоб: Бале, падарам ва дӯстони ӯ қисса мекарданд, ки дар як маърака дар ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик) бо Саидмӯъмини ҷавон, ки он вақт дар синфи 8-ум мехонд, вомехӯранд. Гуштигирии Саидмӯъмин ба падарам хеле маъқул мешавад ва се сол дар маъракаҳо гуштигирии ӯро назора карда, ба ӯ маслиҳату машварат медодааст. Вақте Саидмӯъмин мактабро хатм кард, падарам ба хонаи онҳо рафта, аз падараш иҷоза мепурсад, ки писарашонро ба тарбияи ӯ вогузор кунанд. Бо дуои падари акаи Саидмӯъмин, ӯро ба Кӯлоб оварда, ба шогирдӣ мепазирад. Дар ин ҷо ӯ ҳам дар Донишгоҳи Кӯлоб таҳсил кард ва ҳам гуштии миллӣ машқ кард. Ҳамон соли аввал ӯ соҳиби Ҷоми Тоҷикистони Шӯравӣ дар вазни калон шуда буд. Ин як намунаи тарбияи шогирдон буд, ки падарам пешаи худ қарор дода буд. Он замон шогирдонаш ҳамеша дар мусобиқаҳо ҷойҳои намоёнро ишғол мекарданд.

МУАЛЛИФИ ҲАЛУКИ ИСКАНДАРӢ

Суол: Ҳоло миёни паҳлавонон ҳалуке бо номи «ҳалуки искандарӣ» маъруф аст. Дар гуштии миллӣ. Ин ҳалук кашфи падари шумост ё ман инштибоҳ мекунам?

Ҷавоб: Шумо хато намекунед. Падарам як чанд ҳалук кашф карда буданд, ки маъруфаш бо номи ӯ, яъне чуноне шумо гуфтед ҳамон ҳалуки искандарист. Ин ҳалук тозапайдо буд ва то маъруф шуданаш хеле рақибонро дар ғафлат гузошта буд. То ҳол ин ҳалукро истифода мебаранд ва падарам муқобили ин ҳалук низ ҳалук кашф карда буд, ки онро чапҳалук мегӯянд. Танҳо чапҳалук метавонад, паҳлавони зиракро аз ба пуштафтӣ аз ҳалуки искандарӣ наҷот диҳад. Искандарҳалук бисёриҳоро ғолибу мағлуб кардааст. Ин усули кашфкардаи падарамро на танҳо дар гуштии миллӣ, балки дар дигар навъи гуштиҳо, аз ҷумла самбо ҳам истифода бурдан мумкин аст.

Суол: Маълум мешавад, ки дар гуштии миллии тоҷикӣ нақши бештарро ҳалук мебозидааст. То замони дидани акси падаратон аз қиссаҳои мардум фикр мекардам, ки ӯ хеле бузургҷусса будааст, аммо дар акс на он тавре ҳаст, ки ман тасаввур мекардам. Пас, ғалабаҳои ӯ ба бузургҷуссаҳо аз ҳисоби хуб донистани ҳалук будааст?

Ҷавоб: Вақте, ки гуштии миллӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна ҳамчун варзиш шомили мусобиқаҳо шуд, дар аввал, вазну ҷусса нақш бозӣ намекард. Баъдан, аз рӯи панҷ вазн, сабук, миёна, вазнин, вазнинтар ва ниҳоят вазнин ва дертар аз рӯи даҳ вазн мусобиқаҳо баргузор мешуд. То ин вақт падарам бо паҳлавонҳои гуногунвазн гуштӣ мегирифт. Ӯ то вазни сад ва саду бист килограм ба майдон мебромад.

Суол: Бубахшед, вазни худашон чанд килограм буд?

Ҷавоб: Вазни падарам то 68 килограм буд. Вале то замони мусобиқахо дар дарвешонаҳо ба вазн аслан нигоҳ намекарданд. Боре ба Кӯлоб аз Осетияи шимолӣ гуштигирон меоянд, ки яке аз онҳо 140 килограм вазн доштааст. Ҳеҷ кас бо ӯ ба майдон намебарояд ва ба падарам ҳам касе тавсияи бо ӯ ба майдон баромаданро намедиҳанд. Аммо майдони гуштӣ ҷои нангу номус аст ва падарам ба майдон мебарояд. Ғалабаи ӯ ба ҳаде тааҷҷубовар ва боварнокарданӣ буд, ки то ҳол кӯҳансолон онро мароқангез қисса мекунанд.

ГУШТИИ МИЛЛӢ ТАНҲО ВАРЗИШ НЕСТ, ОИНИ ҶАВОНМАРДИСТ

Суол: Аз падаратон боз чӣ хотирае доред?

Ҷавоб: Падарам мегуфт, гуштии миллӣ танҳо як варзиш нест. Ин як фалсафаи ҷавонмардӣ, мактаби тарбияи ҷавонмард дар рӯҳияи ростист. Бубинед, ки ҳангоми гуштии миллӣ қоидае ҳаст, ки бояд ҳариф нагурезад ва рост истода гуштӣ гирад. Ҳариф агар афтод, бояд ӯро аз замин бардошт. Пас аз аз анҷоми гуштӣ бояд ғолибу мағлуб ба ҳам оғӯш кушоянд.

Умуман ба гуфтаи падарам гуштии миллӣ ягона варзиши сулҳомез дар ҷаҳон аст. Баъдан ин варзишест, ки тамоми аъзои бадан, аз нохун то сару дасту миёну гардан кор мекунад. Дар ин варзишӣ фақат бо ҷавонмардӣ бояд пирӯз шуд ва ҳарифро танҳо бояд ба пушт хобонд. Аз пой доштан мумкин нест. Фақат бо даст ва пойро бо пой бардоштан мумкин аст. Бубинед, ки агар ҳариф бо як пой афтад, довар гуштиро қатъ мекунад, яъне фитодаро ба пушт хобондан оини ҷавонмардӣ нест. Дар дигар навъҳои варзиш чунин нест. Баъдан, паҳлавонони маъруф вақте, ки пушташон заминро мебинад, онҳо ин мағлубиятро мардонавор пазируфта, дигар гуштӣ намегирад. Падарам бо чунин андешаҳо ва гуштигирӣ хеле маҳбубият дошт ва то ҳол хотираи ӯ дар миёни насли калонсол зиндааст. Мутаасифона, ҳоло обрӯю эътибори гуштии миллӣ поён рафтааст, ки Фонди «Искандаршоҳ» тасмим дорад, онро дубора барқарор кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG