Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назар ба гузоришҳои расида, аз эҳтимол дур нест, ки дар Лаҳистон бузургтарин захираи гази варақсанг нуҳуфта бошад.

Агар ин кишвар ба коркарду истихроҷи он муваффақ шавад, имкон хоҳад дошт, ки на танҳо эҳтиёҷоташ ба гази табииро бароварда созад, балки ҳамчунин хоҳад тавонист, ки вобастагии Аврупо ба гази Русияро коҳиш диҳад.

КАШФИ ЗАХИРАИ БУЗУРГИ ВАРАҚСАНГ ДАР АВРУПО

Тибқи тахминҳои донишмандон, дар умқи се километрии ин минтақа, захираи бузурги гази варақсанг ниҳон аст ва агар Полша ба коркарду истихроҷи он даст ёбад, ин кишвар аз ҳисоби гази варақсанг эҳтиёҷоти худ ва баъзе кишварҳои ҳамсояро пурра рафъ мекунад. Феълан 25 дар сади гази табиии Аврупо аз Русия ворид мешавад ва аз ҷумла 65 дар сади гази мавриди истифодаи Полша ва ё Лаҳистон аз Русия ворид мешавад.

Дар майдонҳои канори Гданск 22 ширкати ИМА, Канада ва кишварҳои дигар иҷозати коркарду истихроҷи гази варақсангро дастрас намудаанд.

Карл де Монг аз ширкати Реалм Энерҷӣ (Realm Energy) бовар дорад, ки кори онҳо бобарор хоҳад буд: “Хеле ҳам имкон дорад, ки Полша на танҳо вобастагӣ ба гази Русияро аз байн барад, балки ҳамчунон вобастагӣ ба ангиштро низ канор гузорад.”

Бо пешрафти илму фанновариҳо дар давоми даҳ соли гузашта, дар ИМА коркарду истироҷи гази варақсанг ё тавре ба забони русӣ мегӯянд “сланцевый газ” аз 1 то 20 дар сад боло рафт. Ҳоло дар бозори ҷаҳонӣ, муомилоти гази варақсанг ба беш аз бисту шашуним миллиард доллар баробар шудааст.

ОЁ АВРУПО АЗ ГАЗИ РУСИЯ БЕНИЁЗ МЕШАВАД?

Дар як гузориши Маъмурияти Иттилои энергетикии ИМА омадааст, ки дар Аврупо имкони истихроҷи тахминан ҳабдаҳу ним триллион метри мукааб гази варақсанг мавҷуд аст, ки наздик ба панҷу ним триллион метри мукааби он шояд дар Полша ва ё Лаҳистон нуҳуфтааст. Ҳамин тариқ агар ин кишвар нисфи захираи тахминиро дар ихтиёр дошта бошаду онро мавриди истифода қарор диҳад, камаш 200 соли оянда аз воридоти газ раҳо меёбад.

Захираи гази варақсанг дар Австрия, Ҷумҳурии Чех, Маҷористон ва Британия низ тасдиқ шудааст.

Мақомоти Полша дар 68 минтақаи эҳтимолӣ иҷозатномаи коркарду истихроҷи гази варақсанг тақдим кардаанд ва аллакай дар шаш чоҳ таҳқиқоти захираи газ оғоз ёфтааст. Агар натиҷааш мусбат барояд, шояд дар ду соли оянда истихроҷи истеҳсолии газ шурӯъ шавад.

Дейвид Мессина, мудири иҷроияи ширкати Басгаз (BASGAS) мегӯяд: “Натиҷа албатта ба иқтисод марбут аст, ки ҳоло маълум нест. Вале агар ҳатто нисфи захира тасдиқ шавад, пас аз баъд аз 5-10 сол Лаҳистон кишвари содиркунандаи газ хоҳад буд.”

НИГАРОНИИ ҲОМИЁНИ МУҲИТИ ЗИСТ

Дар ҳар сурат истеҳсоли газ аз варақсанг арзон нест. Бо фанновариҳои имрӯза он дар муқоиса бо истихроҷи нафту гази табиӣ то шаш баробар гаронтар аст. Бар илова, ҳомиёни муҳити зист аз истихроҷи гази варақсанг нигарон ҳастанд.
Истихроҷи газ аз варақсанг тавассути раванде зери унвони “шикасти ҳидравликӣ” сурат мегирад, ки дар он рег ҳамроҳ бо обу баъзе маводи кимиёӣ қишри варақсангро шикоф намуда, роҳи газро боз мекунад.

Ҳомиёни муҳити зист аз он нигаронанд, ки дар ҷараёни истихроҷи гази варақсанг, партоби обу маводи кимиёӣ муҳитро заҳролуд хоҳанд кард. Аз ин ҷост, ки аёлати Ню-Йорки ИМА истихроҷи онро манъ кардааст.

Вале ба қавли мансабдорони лаҳистонӣ, ин кишвар тамоми меъёрҳои зистмуҳитии Аврупоро риоя мекунад. Баъзе коршиносони мустақил тахмин мекунанд, ки Русия саъй дорад бо кӯмаки баъзе ниҳодҳои аврупоӣ ба коркарду истихроҷи гази варақсанг монеа гузорад, то нақшаш ба ҳайси муҳимтарин содиркунандаи гази табиӣ ба ин қора ҳифз шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG