Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Печидагиҳои боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ


Мақомот мегӯянд, ки Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-Би-Сӣ дар Суғд бар асоси далоили мӯътамад боздошт шудааст.

Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумита ба Радиои Озодӣ гуфт, хабарнигори Би-Би-Сӣ муддати тӯлонӣ бо аъзои ин ҳизб дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон робита доштааст ва дар таҳияву пахши маводи таблиғотии «Ҳизб-ут-таҳрир», ки бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳукумат ва тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистонро ташвиқ мекунанд, ширкат мекард.

Оқои Бӯриев гуфт: «Тибқи қонунгузории Тоҷикистон иҷозаи боздошт аз сӯи додгоҳ, ба шарте, ки далоили мӯътамад вуҷуд дошта бошанд ва новобаста аз он, ки шахс бо чӣ кор машғул аст, сурат мегирад. Дар тафтишоти пешакӣ тамоми нишондодҳои шоҳидон ва далоили боэътимод дар бораи узвияти Урунбой Усмонов вуҷуд доштанд. Аз ин беш чизе гуфта наметавонам, барои он, ки тафтишот идома дорад.»



Изҳороти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, масъули расидагӣ ба парвандаи Урунбой Усмонов, дар ҳолест, ки сафоратҳои Амрикову Бритониё ва дафтари САҲА дар Тоҷикистон, раҳбарияти Би-Би-Сӣ дар Лондон, созмонҳои Кумитаи дифоъ аз журналистон дар Ню-йорк ва «Хабарнигорони бидуни марз» дар Порис аз боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ шадидан изҳори нигаронӣ карданд ва навҳаи боздошти ӯро таҳти суол гузоштанд.
Изҳороти сафири Амрико дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:36 0:00
Линки мустақим

«Хабарнигорони бидуни марз» аз қавли ҳамкорони Усмонов овардааст, ки ӯ чанд маротиба дар бораи «Ҳизб-ут-Таҳрир» ва мавзӯъи барои Тоҷикистон ҳассос -сохтмони нерӯгоҳи Роғун навишта, ба фаъолияти мақомоти Тоҷикистону Узбакистон назари интиқодӣ дошт. Намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон тақозо карданд, ки узвияти Урунбой Усмоновро дар «Ҳизб-ут-таҳрир» собит кунанд.

То ба ҳол мақомоти Тоҷикистон расман иттиҳомот алайҳи хабарнигори Би-Би-Сиро эълон надоштаанд, аммо сомонаи наздик ба мавқеи ҳукумат- pressa.tj, ки хабарнигораш бо Урунбой Усмонов вохӯрдааст, менависад, ахирӣ мулоқотҳояш бо амири «Ҳизб-ут-таҳрир» дар Тоҷикистон -- Шариф Ёқубовро таъйид карда, гуфтааст, ки бо ӯ барои радио сӯҳбат анҷом додааст ва азбаски Ёқубов алайҳи ин расона ҳарф задааст, сӯҳбаташро ҳам пахш накардааст. Бино ба ин манбаъ, ду узви боздоштшудаи ҳизб ба муфаттиш баёнот додаанд, ки Усмонов дар «Ҳизб-ут-таҳрир» шахси тасодуфиву қаторӣ набуд ва яке аз боздоштшудагоне, ки алайҳи ӯ баёнот додаанд, аз пайвандонаш будааст.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:33 0:00
Линки мустақим


Ленура Мустафаева, хабарнигори pressa.tj, ки бо Усмонов сӯҳбат кардааст, гуфт, дар ин бора наметавонад сӯҳбат кунад. Ӯ дақиқ нагуфт, ки дар кадом муассиса аст, аммо гуфт, он ҷост, ки дар борааш матлаб навиштааст:

Илҳоми Ҷамолиён, раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони вилояти Суғд нафари дигарест, ки бо иҷозаи мақомот ҳудуди 7 дақиқа бо Урунбой Усмонов мулоқот доштааст: «Суол кардам, оё дуруст аст, ки шуморо латукӯб карданд ва ягон ҷои баданатон кабуд шудааст? Инкор карда, гуфтанд, ки муносибати муфаттишон дар сатҳи одаму одамгарӣ аст. Суоли дигар ин буд, ки оё аз хизмати ҳимоя даст кашидааст? Гуфтанд, ки бале, ба таври хаттӣ даст кашидааст. Дар охир чанд бор батаъкид гуфтанд, то ба ҳамкасбонашон расонам, ки шумо медонед, онҳоро (Ҳизб-ут-таҳрир)-ро бад мебинам. Ва чанд бор ҳам «афсӯс, афсӯс, афсӯс» гуфтанд. Бо ҳамин сӯҳбати мо ба охир расид.»



Аммо сомонаи pressa.tj аз қавли Урунбой Усмонов навиштааст, аз вакили мудофеъ ба он хотир даст кашидааст, ки хароҷоти молиявӣ дар пай дорад.

Аммо Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи оқои Усмонов, ки чанд рӯз ба ин сӯ наметавонад бо нафари таҳти ҳимояташ вохӯрад, мегӯяд, тибқи Кодекси мурофиаи ҷиноӣ, гумонбар танҳо дар ҳоле метавонад аз хизмати вакили дифоъ даст кашад, ки худ тавонад худро ҳимоят кунад: «Лекин вақте ин дасткашӣ бо вазъи молиявии ӯ рабт дошта бошад, муфаттиш ҳуқуқ надорад, ки амалиёти тафтишотиро бе ширкати вакили мудофеъ гузаронад. Вақте боздоштшуда дар ариза расман менависад, ки ба хотири вазъи молиявӣ вакили дифоъ гирифта наметавонад, қонун ӯҳдадор мекунад, ки аз ҳисоби буҷа ӯ бо вакили дифоъ таъмин шавад.»

Ба ҳамин минвол, Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Марказии Би-Би-Сӣ дар вилояти Суғд аввалин рӯзноманигорест, ки бо иттиҳоми узвият дар созмони тундгаро муттаҳам мешавад.

Пайвандони ӯ ҳам зимни як нома аз раисҷумҳури Тоҷикистон хостори раҳоии ӯ шудаанд, зеро «дар тӯли 40 соли фаъолияти рӯзноманигории худ аз рӯзгори талху ширини Тоҷикистон беғаразона гузориш дода ва анҷоми вазифа кардааст.»
XS
SM
MD
LG