Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс: "Покистон ва Амрико ба ҳамдигар ниёз доранд."


Адмирал Майк Муллен, ҳушдор додааст, ки ИМА ин хатарро қабул карда наметавонад, ки равобиташ бо Покистонро тира кунад.

Ин изҳороти адмирали амрикоӣ дар ҳоле садо дод, ки танишҳои мавҷуд дар робита бо Исломобод, қонунгузорони амрикоиро аз ин, ки Покистон нақши худро дар амри мубориза бо террористон дар имтидоди сарҳадоташ анҷом намедиҳад, дар шакк андохта, дар заминаи коҳиши мусоидати Амрико ба Покистон, фишор ворид кардаанд.

Оқои Майк Муллен ба хабарнигорон дар Пентагон гуфт: «Он чӣ, ки ман аз он ҳарос дорам, мавҷудияти зиёди технологияи ҳаставист ва имкон дорад ин технология ба дасти террористон биафтад, ки бисёри онҳо зинда ва сиҳатманд дар минтақа, ин ҳадафро доранд.»

Қаҳр ва ноумедии рӯзҳои ахири Исломобод баъд аз он афзоиш ёфт, ки Покистон он хабаркашонро дастгир кард, ки ба амрикоиҳо дар амалиёти 2-юми май, ки дар ҷараёни он Усома бин Лодин кушта шуд, кӯмак карда буданд.

Ба хотири талош дар заминаи истиқрор ва таҳкими равобит бо Покистон, адмирал Майк Муллен такроран ба он кишвар сафар кардааст.

Роберт Гейтс, вазири дифои Амрико мегӯяд, Покистон ва Амрико ба ҳамдигар ниёз доранд ва робитаи онҳо бояд боқӣ бимонад.

Роберт Гейтс ва Майк Муллен ҳар ду ин изҳоротро такрор кардаанд, ки амалиёт бар зидди Усома боиси ошуфтагӣ ва ҳайрати раҳбарии Покистон шуда ва бояд ба онҳо вақт дода шавад то, ки аз ин ҳолат хориҷ шаванд.

Оқои Гейтс дар охирин нишасти хабариаш ба унвони вазири дифои Амрико бо ишора ба амалиёт дар Вазиристони Ҷанубӣ ва беэътимодие, ки миёни гурӯҳҳои террористӣ ба вуҷуд омадааст гуфт: «Бархе нишонаҳое вуҷуд дорад, ки шабакаи Ал-Қоида ба хотири шевае, ки мо бар зидди Усома амал кардем, дар ташвиш мебошанд. Онҳо дар мавриди ин, ки шояд покистониҳо дар ин қазия дахил бошанд, машкук буда, ташвиш доранд, ки шояд покистониҳо ба онҳо низ хиёнат кунанд.»

Адмирал Муллен мегӯяд: «Агар равобити Амрико бо Покистон аз ҳам фурӯ пошад, ё мо худро ақиб бикашем, тасаввур мекунам, бо гузашти замон авзоъ дар ин минтақа хатарноктар хоҳад шуд ва мо бояд ба хотири дифоъ аз манофеи миллии Амрико, дубора ба онҷо баргардем.»
XS
SM
MD
LG