Пайвандҳои дастрасӣ

Дар куҷо ҷавонтаринҳо узви парлумон мешаванд?


Ҷомарт Сафарбоев, узви порлумони Қирғизистон

Ҷомарт Сафарбоев, узви порлумони Қирғизистон

Оё чунин иттифоқ меафтад, ки кас дар синни хеле ҷавон курсии парлумониро соҳиб шавад?

"Мешавад," -- мегӯянд дар Қирғизистон, ки ҷавонтарин аъзои маҷлиси қонунбарораш дар интихоботи соли гузашта 25 ва 28 сол доштанд.

Ҷавонҳои сарзиндаву нерӯманд, хунгарм ва аллакай соҳиби ному обрӯ дар ҷомеа.
Баъди пирӯзӣ дар интихобот, ҳизби маъруфи «Ота Макон» дар миёни 16 аъзои сазовори узвият дар парлумони нав исми Ҷомарт Сафарбоевро низ шомили феҳрасти парлумонӣ кард.

Ҷомарт, ки то замони роҳ ёфтанаш ба парлумон шаш сол дар арсаи сиёсӣ фаъолият кардааст, мегӯяд: «Фикр мекунам, ҳизби мо ба нишони қадрдонӣ аз заҳматҳои чандсолаам маро сазовори курсии вакилӣ донист. Албатта, набояд фаромӯш кунем, ки ҳамчунин саҳмияҳои муайян барои боз кардани роҳи ҷавонон ба парлумон амал мекунанд.»

Маҷлиси қонунбарори Қирғизистон аз 120 вакил иборат аст, ки ба ҳайати он панҷ ҳизби воқеан амалкунандаи сиёсӣ шомил шудаанд. Баъди аз барканонии раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев нирӯҳои сиёсии ин кишвар талош доранд парлумони кишварро нирӯмандтар кунанд, то ки аз тамаркузи қудрат дар дасти як нафар ва атрофиёни ӯ, тавре то ҳол дар қаламрави Осиёи Марказӣ роиҷ аст, ҷилавгирӣ шавад.

Йирғал Қодиралиева, ки яке аз 26 вакили Ҳизби сотсиал-демократ дар парлумони нави Қирғизистон аст, дар 28-солагиаш узви парлумон шуд. Вай мегӯяд, дар дигар шудани низоми сиёсии Қирғизистон соли гузашта ва таҳкими ҳокимияти қонунбарор дар ин кишвар нақши ҷавонҳо хеле фаъол буд.

Ба ақидаи ӯ, дар ҳодисаҳои солҳои 2005 ва 2010 мардум ва садҳо ҳазор ҷавонон бар зидди беадолатӣ садо баланд карданд: «Нирӯҳои ҷавони кишвар раҳбарии бештар мехостанд. Дар ҳолати сахте, ки кишвар қарор дошт, ҷавонон ба майдони сиёсӣ қадам гузоштанд

ва рӯзи 7 апрели соли 2010 инқилоб шуд. Моро ба феҳрастҳои ҳизбӣ на аз рӯи шиносбозӣ, балки барои заҳматҳоямон шомил карданд. Бале, квотаҳо ҳам вуҷуд доранд, вале моро барои фаъолият ва талошҳоямон сазовори номи вакилӣ донистанд. Медонед, бисёриҳо нотарсона дар бораи камбудиҳои режим гап мезаданд.»

Рӯйдодҳои ахири Қирғизистонро ба гунаҳои мухталиф арзёбӣ мекунанд. Вале аксарият дарк мекунанд, ки ду дафъа тағйир ёфтани қудрат дар ин кишвар дар давоми шаш соли охир намунаи муборизаҳои сахти мардум барои эҷоди ҷомеаи озоду воқеан демократӣ аст, ки табъан роҳаш осону ҳамвор буда наметавонад.

Вақте тобистони порсол дар шароити сари кор будани як ҳукумати заъифу ҳанӯз корноозмудаи Роза Отунбоева дар Қирғизистон низоъҳои қавмӣ сар заду боиси кушта шудани 470 ва тарки макон кардани ҳазорҳо нафар, асосан ӯзбактаборҳо шуд, ин ҷумҳурӣ ғарқи бебандубориҳои сиёсӣ гардид. Ҳанӯз ҳам захму ҷароҳатҳои он рӯйдодҳо пурра шифо наёфтаанд.

Ин ҳодисаҳо, аз назари таҳлилгарони сиёсӣ, шадидан ҳамсоякишварҳои Қирғизистонро нигарон кард, ки аксарашон бист соли охир бидуни тағйирот ба сар бурда, аз вуқӯи эҳтимолии инқилобҳои ранга дар қаламравашон ҳарос доранд.

Вале ба назари вакили парлумон Ҷомарт Сафарбоев, дар ҷумҳуриҳои ҳамсояи Қирғизистон ҳам «як рӯз не як рӯз тағйири сиёсӣ» пеш хоҳад омад, чун ин як ҷараёни табиӣ аст. «Мо аз Қирғизистон истода дар минтақа сирояти демократияву парламентаризмро паҳн кардем. Ман мутмаинам, ки рушди аҳзоби сиёсӣ, мафкураи шаҳрвандӣ ва илова ба ин, фаъолияти муассири ҷавонон чунин имкониятро дар ҳама кишварҳо, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ё Қазоқистон фароҳам хоҳад овард. Бояд ҳама дарк кунанд, ки онҳо хоҳанд ё нахоҳанд, вале як рӯз ҳатман тағйироти сиёсӣ хоҳад шуд, чунки ин як просеси таббиӣ аст.»

Дар ниҳояти сӯҳбат, аз Ҷомарт ва Йирғал пурсидам, ки дар ҷомеаи суннатие, ки мақоми бузургсолҳо ҳамеша баландтар будааст, оё онҳоро ҳамкорони калонсолашон дар парлумон ҷиддӣ қабул мекунанд ё на? Ҷомарт бо қатъият гуфт, «Мо онҳоро водор мекунем, ки ба ҳарфи мо гӯш диҳанд.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG