Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ боздошти хабарнигори Би-Би-Сиро маҳкум кард


Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон, зимистони соли 2010.
Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон, зимистони соли 2010.

Кумитаи дифоъ аз журналистон боздошти Урунбой Усмоновро "сонсур"-и матолиби ҳассоси сиёсӣ ва динӣ номид.

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ - Committee to Protect Journalists) боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон Урунбой Усмоновро маҳкум кард ва хостори озодии фаврии ӯ шуд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон Усмоновро узви гурӯҳи мамнӯи Ҳизб-ут-таҳрир мешуморанд ва мегӯянд, вай дар таблиғи матолиби ин созмон ва даъвати аҳолӣ барои пайвастан ба он саҳм гирифтааст.

Ноиби раиси Кумитаи дифоъ аз журналистон, Роберт Маҳоней гуфт: “Ин иттиҳомот зидди Урунбой Усмонов чизе бештар аз сонсури пӯшиши масъалаҳои ҳассоси сиёсӣ ва динӣ нест.” Вай афзуд, “мақомот бояд ӯро ба таври фаврӣ аз ҳабс озод кунанд.”

Кумитаи дифоъ аз журналистон ҳамчунин лату кӯби Усмоновро дар боздоштгоҳ, ки аз забони пайвандонаш маълум шудааст, маҳкум кардааст.

Дар ҳамини ҳол Намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, Дуня Миятович низ аз боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ, Урунбой Усмонов, изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар номае ба унвони вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вай навиштааст: "Бо вуҷуди эҳтироми ман ба ҳуқуқи ҳукумат дар мубориза бо терроризм, шароити боздошти Усмонов ва рафтор бо ӯ, аз ҷумла радди ҳуқуқи ӯ ба вакили мудофеъ нигарониҳои марбут ба маҳдудияти озодии баёнро ба миён меоранд."

Миятович гуфтааст, аз он нигарон аст, ки ин ҳабс мумкин як талоши дигари фишор ба журналистоне бошад, ки дар мавзӯъҳои ҳассос менависанд. Вай инчунин аз латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода ва ҳабсу муҳокимаи журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ёдовар шудааст.

Урунбой Усмонов, бино ба хабари аҳли хонаводааш, рӯзи 13-уми июн аз коргоҳ ба хона барнагашт. Дертар, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъюскунандаи пайвандонашу ҳамкоронаш, маълум шуд, вай дар боздошти маъмурони амниятии Тоҷикистон қарор дошта, ба гуфти наздиконаш, шадидан лату кӯб шудааст.

Раҳбарияти шабакаи Би-Би-Сӣ хабарҳои бе ягон ҳимояи ҳуқуқӣ мондани Усмоновро шадидан маҳкум кардааст.

Дар ҳамин ҳол Сафорати Бритониё дар Душанбе хостори таҳқиқи ҳар чӣ зудтари қазияи боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Радиои ВВС дар шаҳри Хуҷанд шудааст.
XS
SM
MD
LG